20.11.2024

Соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. Дар ҳақиқат, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро рӯ ба китобу китобхона овардааст. Зимни баргузории озмун, тули шаш сол аст, шоҳиди он мегардем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояду аудиторияи онҳо васеъ мегардад. Лаёқати волои китобхонию суханронии иштирокдорон, бахусус, насли наврас, бори дигар собит мекунад, ки тоҷикон аз азал дилбохтаи каломи бадеанд.

Озмуни мазкур ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осоиштаи ватан дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронида мешавад. Тамоми доварони озмун бо қарори раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун аз ҳамаи муассисаҳои илмию таълимӣ ва олии ҷумҳурӣ таъин шуда, ба иштирокчиён баҳои воқеӣ ва одилона медиҳанд. Рафти озмун пурра сабт шуда, тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар нишон дода мешавад. Ҳамчунин, барои таъмини шаффофияти озмун омӯзгорону волидон имкон доранд, рафти баромади шогирдон ва фарзандони худро тариқи экранҳои калон мустақиман бубинанд. Барои нафароне, ки аз холҳои худ розӣ нестанд, комиссияи апеллятсионӣ таъсис дода мешавад, ки муроҷиат ва норозигии иштирокчиёнро пурра баррасӣ менамояд.

17 ноябри соли 2024 дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки маъмураш рӯзноманигори мустақил Раҷаб Мирзо мебошад, матлаби иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” аз номинатсияи адабиёти муосир Камолова Маҳина, донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат бо унвони “Ё ба истеъдоду дониши мо баҳои воқеӣ диҳед, ё озмунро барҳам диҳед” нашр гардид. Албатта, барои ибрози назар, пешниҳод андеша ва мавқеъгирии алоҳида дар давлати мо, ки демократӣ мебошад, ҳар шахс ҳақ дорад. Вале ибрози андешаи солим ва бамавқеъ пешниҳод намудани он аз фаҳму дарки ҳар шахс вобаста мебошад, ки ин масъалаи дигар аст. Ҳамчуноне, ки ин иштирокчии озмун бо “роҳнамоӣ”-и дигарон шикояти худро на ҷойи лозима, балки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки муроҷиати расмӣ ба ҳисоб намеравад, нашр кардааст.

Бо вуҷуди ин, баъди муроҷиати Камолова Маҳина гурӯҳи босалоҳияти озмун ҷавобҳо ва иштироки номбурдаро санҷида баромад. Ҳамзамон, назари ҳайати ҳакамон, ки аз ҳамаи муассисаҳои илмию таълимӣ ва олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, вобаста ба иштироки Камолова Маҳина дар озмун гирифта шуд. Назари ҳайати ҳакамон нишон дод, ки Камолова Маҳина зимни иштироки худ дар озмун ба як қатор камбудиҳо роҳ дода, нисбат ба рақибони худ камфаъол будааст. Аз ҷумла, ба назар Таваккалов Ҳ. - узви ҳайати ҳакамон “қироати Маҳина ҳангоми шеърхонӣ хуб набуда, дар вақти қироат аломатҳои китобиро истифода намекард. Барои мисол ҷойе, ки вергул аст, таваққуф намекард, ҷойе,ки нест, меистод”. Ба назари Кӯчарзода А. -узви дигари ҳайати ҳакамон “ҳангоми хондани шеъри “Ғурури ниёгон”-и Искандари Хатлонӣ дар куҷо воқеъ будани Хуросонро надонист, мисраи “Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон”-ро хато хонда, ба ҷойи “Холӣ дили маро” “Ҳоли дили маро”гуфт, ки ин ғалат боиси костагии мазмун шудааст, “Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии устод Айнӣ”-ро ба ҷойи С. Улуғзода аз Ҷ.Икромӣ ном бурд, ки ғалат аст, муаллифи ҳикояи “Марги Хушомадхӯҷа”-ро надониста, умуман, ба кадом муаллиф тааллуқ доштани ин ё он асарро намедонад. Бинобар ин, банда ба ҷавобҳои довталаб 8 хол гузоштам”. Узви дигари ҳайати ҳакамони номинатсияи мазкур Аминов С. вобаста ба иштироки номбурда дар озмун назарашро чунин байён намуд: “Мувофиқи талаботи банди 37-и Низомномаи озмун, ки ба меъёрҳои арзёбии ҳунару истеъдоди довталабон бахшида шудааст, бояд зимни интихоби асарҳо ба мавзуъҳои ватандӯстона, ваҳдату ягонагӣ, инсондӯстӣ, дӯстию бародарӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Вале довталаб зимни интихоби шеърҳо ҳамин талаботро хуб риоя накардааст. Қисмате аз осори пешниҳодкардаи ӯ ба талқини дунёбезорӣ бахшида шудаанд. Оҳанги шеърхонии довталаб хуб набуд. Баъзе ғазалҳоро ғалат навишта, ғалат аз ёд кардааст. Номи баъзе аз муаллифони осори насриро фаромӯш кардааст”.

Ба назари Қурбонзода М. - узви дигари ҳайати ҳакамон: “Довталаб минтақаҳои Хуросонро шарҳ надод. Шеърҳои ватандӯстона нахонд, танҳо дунёбезорӣ. Номи муаллифи асарҳоро омехта кард. Аз шоирони достонсаро танҳо аз М. Турсунзода, М. Қаноат ва М. Миршакар намунаҳо овордааст. Аз замони истиқлол нест, ҳол он ки достонсароӣ дар замони истиқлол низ идома дорад”.

Назару андешаҳои ҳайати ҳакамон ва навори баромади Камолова Маҳина нишон медиҳад, ки даъвои ба ҳама саволҳо ҷавоб додааш асоси воқеӣ надошта, хулосаи инфиродии иштирокчии озмун мебошад.

Ҳамзамон, худи Камолова Маҳина ба суҳбати рӯ ба рӯ бо котиби комиссияи озмун даъват шуда, пурра арзу шикояташ баррасӣ гардид. Баъди суҳбат Камолова Маҳина худ дарк намуд, ки даъвояш асоси воқеӣ надошта, аз рӯйи эҳсос бо “роҳнамоӣ”-и дигарон матлаб навиштааст ва худ иқдом гирифтааст, ки матлаби нашрнамудаашро аз гурӯҳи “Ахбор барои афкор” пок кунад. Ҳарчанд баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, гӯё мавсуф маводашро таҳти фишор пок карда аст, вале ин ҳолат ҷой надорад.

Акнун бармегардем сари матлаби рӯзноманигори мустақил ва маъмури гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” Раҷаб Мирзо, ки аз ин амали Камолова Маҳина (пок сохтани матлабаш аз фейсбук) маводи иғвоангезонаи бепоя навиштааст. Масъалаи мазкурро Раҷаб Мирзо пурра “ҷомаи сиёсӣ” пӯшонида, ба назари ӯ ҳалли мунсифонаи як масъалаи сирф иҷтимоӣ, ки мавсуф тақрибан аз он огоҳӣ надорад, давлатро “аз ҳад сарбаста, худкома ва тоталитарист” муаррифӣ месохтааст. Аҷиб ин аст, ки Раҷаб Мирзо чаро нигоҳи нек бар он надорад, ки озмуни мазкур ҷомеаро ба китобу китобхонӣ ҷалб намуда, имрӯзҳо аксари қишрҳои ҷомеа шавқу рағбат ва кӯшиши дар он иштирок карданро доранд. Хонандаи закӣ бояд худ хулоса барорад, ки аз тамоми шаҳру ноҳияҳо дар даври якум 251 266 нафар, дар даври дуюм 49 267 нафар, дар даври сеюм 3742 нафар иштирок намуда, дар даври чоруми озмун 574 нафар ҳунару маҳорат ва истеъдоди худро пешниҳоди ҳамагон намудаанд. Бо як ё ду нафар ғолиб наомадан дар озмун, маънои онро надорад, ки бархеҳо чун Раҷаб Мирзо ба тамоми фаъолияти кори озмун-ҳам иштирокчиёну ҳам омӯзгорон, ҳам волидону ҳам ҳайати ҳакамон ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола заҳмату талоши шабонарӯзӣ анҷом медиҳанд, нодида гиранд.

Озмуни мазкур сирф як рақобати солиму маънавӣ буда, то ба даври ҷумҳуриявӣ на ҳар кас роҳхат мегирад. Яъне, ҳама он нафароне, ки дар даври ниҳоии озмун ширкат меварзанд, тасодуфӣ набуда, ҳамагӣ даъвои ғолиб омаданро доранд. Табиист, ки Камолова Маҳина низ бо ҳамин андеша дар озмун иштирок намудааст. Вале, ин андеша маънои онро надорад, ки дигарон аз Камолова Маҳина камфаъолтаранд. Мутаассифона Раҷаб Мирзо мисле, ки ҳамин нуктаро дарк накарда, масъаларо аз нигоҳи дигар шарҳ дода, мақсаду андешаҳои бегона ба масъаларо дар матлаб овардааст.

Дилхоҳ озмун ғолибу мағлуб дорад, аз ин рӯ, аз худ донишмандтарро эътироф кардан ҳам ҳунар аст. Хуб мешуд, агар рӯзноманигор Раҷаб Мирзо бо дарки ин андеша қабл аз нашри маводи худ як маротиба бо масъулини озмун, ки ҳамарӯза аз субҳ то шаб дар макони баргузории озмун қарор доранд, муроҷиат мекард ва бо дарназардошти арқому далели воқеӣ масъаларо на якҷониба, балки холисона таҳлил карда, пешниҳоди хонандаи худ месохт. Ё худ, метавонист бевосита ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ташриф меоварду аз рафти баргузории озмун, хусусан, фаъолияти холисонаи ҳайати ҳакамону Комиссияи ҷумҳуриявии озмун бевосита шинос мегардид. Зеро ҳамарӯза чандин нафар рӯзноманигорону хоҳишмандон дар китобхона рафти озмунро назорат мекарданду гузоришу мақолаҳо таҳия месохтанд ва барои ин ягон мамониат вуҷуд надошт. Мутаассифона, Раҷаб Мирзо бидуни анҷом додани амали мазкур, танҳо аз рӯйи шунидаҳо матлаби худро нашр намудааст, ки ин танҳо мисраи “Ҳубоб аз рӯравиҳо таҳти дарёро чӣ медонад...”-ро ба хотир меораду хулос.

Кумитаи тадорукоти

Озмуни ҷумҳуриявии

"Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

  • ҲУБОБ АЗ РӮРАВИҲО ТАҲТИ ДАРЁРО ЧӢ МЕДОНАД... img