26.09.2024
Бо мақсади ба низом даровардани раванди пӯшидани либоси мувофиқ аз ҷониби устодону омӯзгорон, хонандагон, донишҷӯён бо ҷалби мутахассисон тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.06.2018, №14/32 тасдиқ гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар ҷаласаву вохӯриҳо бо устодону омӯзгорон зарурияти риояи либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон қайд шуда, фаҳмонида мешавад, ки он барои такмили тарбияи ахлоқӣ, эстетикӣ ва маънавӣ, болоравии худшиносӣ ва ифтихори миллии онҳо нақши муҳим мебозад. Пӯшидани либоси тавсиявӣ дар қалби хонандагон ва донишҷӯён ҳисси баланди зебоипарастӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, одобу ахлоқи намунавӣ, озодагии хулқу атвори ҳамидаро тарбия намуда, онҳоро водор месозад, ки нисбат ба либоси миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ арҷгузор бошанд.
Инчунин, иттилоъ дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илм коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ надорад ва масъалаи харидории либоси мактабиро ба танзим намедарорад.
Вазорати маориф ва илм роҷеъ ба либоси мактабӣ тавсия додааст, ки падару модарон дар сурати аз сифат ва арзиши либоси мактабӣ қонеъ набудан метавонанд аз корхонаҳои дӯзандагии дигар харидорӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки вазорат танҳо иҷрои талаботи либоси мактабӣ – ранг ва намудро тавсия намудааст, на арзишу коргоҳи дӯзандагиро.
Падару модарон метавонанад сару либосро аз корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ харидорӣ намоянд. Дар сурати қонеъ нагардидан аз сифат ва арзиши он имкон доранд, ки сару либоси мактабиро аз ҷойи дилхоҳ дастрас намоянд.
Вазорат корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии муайянро барои харидорӣ пешниҳод накарда, барои дастрас намудани либоси мактабӣ харидории маҳсулоти ватаниро тавсия медиҳад.
- Маркази матбуоти
- Вазорати маориф ва илми
- Ҷумҳурии Тоҷикистон