28.10.2024

Гурӯҳи корӣ навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба зӯроварӣ нисбати омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро мавриди омӯзиш қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҳодисаи мазкур дар муассисаи таълимии №22-и деҳаи Худгифи Офтоби ноҳия сурат гирифтааст.

Нисфирӯзии 18-уми октябри соли ҷорӣ Ағолиқов Ислом ба муассисаи таълимии зикршуда ворид шуда, бо омӯзгори фанни забони русӣ Ҷумъазода Беҳрӯз, ки ҳамдеҳа ва хеши Ағолиқов Ислом мебошад, ҷанҷол мекунад. Нофаҳмии мазкур дар заминаи хусумати шахсӣ ба миён омада, ба раванди таълиму тарбия дар муассиса рабт надорад.

Мутаассифона, омӯзгори ҷавон, ки донишҷӯйи курси сеюми шуъбаи фосилавии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров” мебошад ва санаи 30.09.2024 ба кор ҷалб шудааст, ҳодисаи мазкурро ба фаъолияти омӯзгории худ рабт дода, бо муболиғаи зиёд онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.

Дар навбати худ шуъбаи маорифи ноҳия аз кори кардаи омӯзгори ҷавон изҳори нигаронӣ менамояд, чунки номбурда ба дигар масъулини ноҳия, ғайр аз ШВКД, ягон хел муроҷиат накарда, ба шабакаҳои иҷтимоӣ маводи пурмуболиғаро ирсол намудааст.

Ҳамчунин, он шахсоне, ки дар навор омадаанд, сокинони деҳа мебошанд, ки барои бохабар шудан аз таҳсили фарзандонашон ба муассиса омадаанд ва ба ҳодисаи мазкур рабт надоранд.

Таъкид мекунем, ки масъалаи мазкур пурра зери назорати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, гурӯҳи корӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомотҳои марбута дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор медиҳад. Аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи корӣ ва чораандешӣ нисбат ба ин масъала иловатан маълумоти муфассал пешниҳод карда мешавад.

Вазорати маориф ва илм ҳама гуна рафтору кирдореро, ки шаъну шараф ва мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа паст менамояд, маҳкум мекунад.

Шуъбаи маорифи

ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

  • ВОКУНИШ ба маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба зӯроварӣ нисбати омӯзгори МТМУ №22-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ img