17.10.2024

Лозим ба таъкид аст, ки дар ибтидои соли нави хониш зимни ҷобаҷокунии хонандагон дар синфхонаҳо рӯзи аввал толибилмон дар толори варзишии мазкур ҷамъ омада буданд. Аммо дар рӯзи дигар ҳамаи хонандагон дар синфхонаҳо ҷобаҷо шуда, ба таълим фаро гирифта шуданд.

Масъалае, ки дар навори мазкур аз Муассисаи таълимии №6-и ноҳияи Данғара оварда шудааст, асоси воқеӣ надорад ва толибилмони муассисаи таълимии номбурда дар синфхонаҳо таълиму тарбия мегиранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар назди Муассисаи таълимии №6 сохтмони бинои иловагӣ муташаккилона идома дорад. Зимни мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нав дар ин муассисаи таълимӣ боз ҳам шароити беҳтари таълиму тарбия фароҳам мегардад.

 

Шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара