25.05.2026

 img

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Шартнома 25 май дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Каве Маданӣ ба имзо расонида шуд.

 

Имзои санад барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти илм, маориф, экология, идоракунии захираҳои об ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Тибқи муқаррароти тафоҳумнома, ҷонибҳо метавонанд дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузор намудани конференсияву форумҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об, инчунин машғулияти такмили ихтисос ва барномаҳои инноватсионӣ ҳамкорӣ намоянд.

 

Зимни маросими имзои ҳуҷҷат ҷонибҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.

 

Иброз гардид, ки имзои чунин санади муҳим ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир дар самти омӯзиши масъалаҳои об, иқлим ва муҳити зист имконияти нав фароҳам меорад.

 

Тарафҳо барои татбиқи самараноки бандҳои тафоҳумнома ва густариши ҳамкории судманд дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

  • Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об - манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» шоми имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёти инсоният» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».   Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иштирокдорони Конфронси байналмилалии об, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок иштирок намуданд.   Дар фестивал аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта шуданд.   Ҳайати меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.Ҳамзамон дар доираи Фестивал барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.   Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» доир мегардад.   Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намоянд.   Ҳамзамон иштирокдорони конфронс ба минтақаҳои Тоҷикистон рафта, манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, иншооти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакатро тамошо менамоянд ва бо иқтидории обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.   Дар доираи Конфронс инчунин намоишгоҳи мавзуӣ оид ба захираҳои об ташкил карда мешавад. Дар он имконоти обу энергетикаи Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрав дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамоянд.

    17

    26.05.2026
  •  img
    Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.   Дар конфронс хабарнигорони расонаҳои пешбари Тоҷикистон, профессорон, докторони илм, коршиносони соҳаи журналистика ва намояндагони мақомоти давлатӣ, инчунин муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.   Зимни ҳамоиш аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо таъкид гардида, иброз шуд, ки мавзӯъҳои интихобшуда барои рушди минбаъдаи воситаҳои ахбори оммаи кишвар аҳамияти калон доранд.   Таъкид гардид, ки ВАО-и муосир на танҳо дар огоҳ кардани ҷомеа, балки дар ташаккули фазои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ нақши калидӣ доранд. ВАО имрӯз воситаи пуриқтидор барои ҳифзи фарҳанги миллӣ, тақвияти ҳувият ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ мебошанд.   Зикр шуд, ки соҳаи журналистика имрӯз ба омода кардани кадрҳои баландихтисосе, ки забонҳои хориҷиро медонанд ва бо технологияҳои муосир кор карда метавонанд, ниёз дорад. Ҷорӣ кардани равишҳои инноватсионӣ ба амалияи журналистӣ ва истифодаи фаъолонаи платформаҳои рақамӣ барои таблиғи иттилооти боэътимод аҳамияти муҳим дорад.   Тазаккур дода шуд, ки ВАО-и муосир бояд на танҳо иттилоотӣ, балки таълимӣ низ бошанд, ки тафаккури интиқодӣ ва саводнокии ВАО-ро дар ҷомеа инкишоф диҳанд. Конфронсҳои ин сатҳ ба мубодилаи таҷриба, муҳокимаи мушкилоти муосири соҳа ва таҳияи стратегияҳои нав барои рушди радио, телевизион ва ВАО-и онлайнӣ дар шароити Тоҷикистони мустақил мусоидат мекунанд.   Дар ҳамоиш инчунин оид ба таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ВАО, таҳияи қонунҳо ва ташаббусҳои нав дар ин самт ибрози назар карда шуд. Зикр гардид, ки аз замони истиқлолият дар кишвар шабакаҳои телевизионӣ ва радиои муосир бо истифода аз технологияҳои нав таъсис ёфта, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро инъикос менамоянд.   Дар рафти конфронс иштирокчиён доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди радио, телевизион ва ВАО-и онлайнро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар журналистикаи телевизионӣ, нақши ВАО дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ташаккули низоми ВАО-и электронӣ, рушди барномаҳои махсуси телевизион ва радио, сифати барномаҳо ва технологияҳои муосир дар соҳаи ВАО, таъсири телевизион ба ҳувияти миллӣ ва фазои фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ, амнияти иттилоотӣ, саводнокии ВАО ва баробарии гендерӣ дар муҳити рақамӣ зоҳир карда шуд.   Таъкид гардид, ки технологияҳо ва навовариҳои муосир дар кори рӯзноманигорон нақши калидӣ дошта, ба эҷоди маҳсулоти босифат ва рақобатпазири ВАО мусоидат мекунанд.   Ҳамаи иштирокчиёни конфронс иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳо ба мубодилаи дониш, муҳокимаи масъалаҳои мубрами ВАО ва таҳияи равишҳои нав барои такмили фаъолияти радио, телевизион ва ВАО-и онлайнӣ мусоидат хоҳанд кард.

    18

    24.05.2026
  •  img
    СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид Дар партави дастуру ҳидоятҳои наҷибонаи Сарвари давлат бо мақсади бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ ва ҳарчи фарогир будани кӯдакон бо таълиму тарбия дар Ҷамоати деҳоти «Кайқубод»-и ноҳияи Қубодиён Муассисаи томактабии рақами 6 бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Фарҳод Зиёев сохта, ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».   Бинои муассиса бо тарҳи муосир сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ҳар ошёна утоқи машғулиятгузаронӣ ва хоб ҷойгир буда, дар маҷмуъ 30 утоқ, инчунин толори фарҳангӣ, варзишӣ ва ошхонаро ташкил медиҳад. Муассиса барои 400 кӯдак пешбинӣ гардида, дар он ҳоло 350 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.   Тавре ки дар суҳбат сармураббии кӯдакистон Зилзила Шарифова иброз намуд, дар муассиса 15 гурӯҳ мавҷуд буда, ба таълимгирандагон омӯзгорону мураббиёни соҳибихтисос таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин забонҳои хориҷӣ — русӣ ва англисӣ ҳафтае се маротиба ба таври васеъ омӯзонида мешаванд. Кормандони муассиса дар ин баробар замини назди муассисаро самаранок истифода бурда, картошка, помидор, лӯбиё ва кабудӣ парвариш менамоянд, ки барои хӯроки кӯдакон истифода мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда тасмим гирифтаанд дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонанд.   Соҳибкор Фарҳод Зиёев қаблан дар назди муассисаи таълимии рақами 11 бинои иловагии дуошёна сохта, ба истифода дод ва бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ таъмин намуд.   Ин соҳибкори ватандӯст дар замини назди муассисаи рақами 11 муассисаи томактабиро давоми як сол сохта, мавриди истифода қарор дод, ки моҳи декабри соли 2025 ба тариқи онлайнӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ифтитоҳ гардид.   Дар ин баробар аз тарафи ин соҳибкори саховатманд роҳи байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Кайқубод» ба масофаи 8 км мумфарш карда шуд. Ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагӣ ва дастгирии онҳо бобати вусъат додани ин раванд бозгӯи он аст, ки тавассути ин ободкориҳо мардуми мамлакат сарҷамъона дар таҳкими сулҳу субот нақши созанда гузошта, сӯи фардои дурахшони ватан дар ҳамдилӣ қадамҳои боварибахшу устувор мегузоранд.

    22

    24.05.2026