24.05.2026

 img

Дар партави дастуру ҳидоятҳои наҷибонаи Сарвари давлат бо мақсади бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ ва ҳарчи фарогир будани кӯдакон бо таълиму тарбия дар Ҷамоати деҳоти «Кайқубод»-и ноҳияи Қубодиён Муассисаи томактабии рақами 6 бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Фарҳод Зиёев сохта, ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Бинои муассиса бо тарҳи муосир сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар ҳар ошёна утоқи машғулиятгузаронӣ ва хоб ҷойгир буда, дар маҷмуъ 30 утоқ, инчунин толори фарҳангӣ, варзишӣ ва ошхонаро ташкил медиҳад. Муассиса барои 400 кӯдак пешбинӣ гардида, дар он ҳоло 350 кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 

Тавре ки дар суҳбат сармураббии кӯдакистон Зилзила Шарифова иброз намуд, дар муассиса 15 гурӯҳ мавҷуд буда, ба таълимгирандагон омӯзгорону мураббиёни соҳибихтисос таълиму тарбия медиҳанд. Инчунин забонҳои хориҷӣ — русӣ ва англисӣ ҳафтае се маротиба ба таври васеъ омӯзонида мешаванд. Кормандони муассиса дар ин баробар замини назди муассисаро самаранок истифода бурда, картошка, помидор, лӯбиё ва кабудӣ парвариш менамоянд, ки барои хӯроки кӯдакон истифода мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда тасмим гирифтаанд дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонанд.

 

Соҳибкор Фарҳод Зиёев қаблан дар назди муассисаи таълимии рақами 11 бинои иловагии дуошёна сохта, ба истифода дод ва бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ таъмин намуд.

 

Ин соҳибкори ватандӯст дар замини назди муассисаи рақами 11 муассисаи томактабиро давоми як сол сохта, мавриди истифода қарор дод, ки моҳи декабри соли 2025 ба тариқи онлайнӣ аз ҷониби Президенти мамлакат ифтитоҳ гардид.

 

Дар ин баробар аз тарафи ин соҳибкори саховатманд роҳи байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Кайқубод» ба масофаи 8 км мумфарш карда шуд. Ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагӣ ва дастгирии онҳо бобати вусъат додани ин раванд бозгӯи он аст, ки тавассути ин ободкориҳо мардуми мамлакат сарҷамъона дар таҳкими сулҳу субот нақши созанда гузошта, сӯи фардои дурахшони ватан дар ҳамдилӣ қадамҳои боварибахшу устувор мегузоранд.

  • СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об - манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» шоми имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёти инсоният» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».   Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, иштирокдорони Конфронси байналмилалии об, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок иштирок намуданд.   Дар фестивал аз ҷониби масъулини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта шуданд.   Ҳайати меҳмонон нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.Ҳамзамон дар доираи Фестивал барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.   Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Конфронс бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд барои мусоидат ба пешрафт дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» доир мегардад.   Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок намоянд.   Ҳамзамон иштирокдорони конфронс ба минтақаҳои Тоҷикистон рафта, манзараҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, иншооти сайёҳӣ ва фароғатии мамлакатро тамошо менамоянд ва бо иқтидории обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд.   Дар доираи Конфронс инчунин намоишгоҳи мавзуӣ оид ба захираҳои об ташкил карда мешавад. Дар он имконоти обу энергетикаи Тоҷикистон ва истифодаи захираҳои об барои рушди иқтисодӣ муаррифӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо бори дигар Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дорои иқтидори бойи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва пешрав дар соҳаи об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамоянд.

    19

    26.05.2026
  •  img
    Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар медиҳад.   Шартнома 25 май дар доираи Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» аз ҷониби ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Донишкадаи захираҳои об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Каве Маданӣ ба имзо расонида шуд.   Имзои санад барои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти илм, маориф, экология, идоракунии захираҳои об ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.   Тибқи муқаррароти тафоҳумнома, ҷонибҳо метавонанд дар самтҳои мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ, баргузор намудани конференсияву форумҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии устувори захираҳои об, инчунин машғулияти такмили ихтисос ва барномаҳои инноватсионӣ ҳамкорӣ намоянд.   Зимни маросими имзои ҳуҷҷат ҷонибҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкории байналмилалӣ байни муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ барои омодасозии мутахассисони баландихтисос, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.   Иброз гардид, ки имзои чунин санади муҳим ба таҳкими робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди иқтидори илмӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир дар самти омӯзиши масъалаҳои об, иқлим ва муҳити зист имконияти нав фароҳам меорад.   Тарафҳо барои татбиқи самараноки бандҳои тафоҳумнома ва густариши ҳамкории судманд дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

    21

    25.05.2026
  •  img
    Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад Густариши ҳамкории байналмилалӣ, бахусус бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) барои таҳкими иқтидори илмӣ, таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Чунин иброз намуд Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар вохӯрӣ бо намояндагони JICA.   Ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии равандҳои таълимӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар иқтисодиёт ва омодасозии кадрҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд.   Намояндагони JICA пешниҳод намуданд, ки барои рушди самти мазкур лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, таъсиси озмоишгоҳи муосири зеҳни сунъӣ ва робототехника, инчунин таҳкими инфрасохтори рақамӣ татбиқ карда шаванд. Ҳамчунин, зарурати истифодаи таҷрибаи пешрафтаи Ҷопон дар самти идоракунии додаҳои калон (Big Data) ва системаҳои интеллектуалӣ махсус таъкид гардид.   Гуфта шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо JICA ҳамкории фаъолро ба роҳ монад. Донишгоҳ аллакай дар самти омодасозии кадрҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ қадамҳои устувор гузошта, нахустин хатмкунандагони ин ихтисосро ба бозори меҳнат пешниҳод хоҳад намуд. Ташкили курсҳои муштараки омӯзишӣ бо ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон, аз ҷумла донишгоҳи Токио, инчунин амалӣ намудани барномаҳои табодули академӣ барои рушди минбаъдаи соҳа аҳамияти муҳим доранд.   Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ, таҳкими таҳсилоти рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ густариш дода, тавассути рушди ҳамкориҳои муштарак дар соҳаҳои илм, технология ва иқтисоди рақамии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намоянд.

    24

    24.05.2026