Дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд

13.10.2024

Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 октябр дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад.

 

Бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам гардидани шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин насли ояндасози Ватан мебошад.

 

Зимни ифтитоҳи муассисаи таълимӣ гурӯҳи корӣ хонандагону омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар шукуфоии Тоҷикистон даъват намуд.

 

Муассиса бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар он шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои хонандагону тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити фароҳамоварда дар сатҳи баланд буда, ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамоянд.

  • Дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баланд бардошта мешавад Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии донишҷӯён ва дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.   Зимни ҳамоиш таъкид шуд, ки омӯзиши фарҳангу таърихи миллат дар рушди худшиносии миллӣ, ҳувият ва ҷаҳонбинии хонандагон нақши бориз дошта, ҳадафи асосии он ба такмили маънавии донишҷӯён дар давраи ҷаҳонишавӣ равона гардидааст. Зеро дар давлати муосир ҳалли муаммоҳои амнияти миллӣ аз ҳарвақта дида, барои таъмини ваҳдату якпорчагӣ, нигоҳ доштани асолат ва ягонагии фарҳангу маданият аҳамияти аввалиндараҷа дорад.   Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб, таълиму тарбияи дуруст, дар роҳи садоқату эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва худшиносиву ватандӯстӣ ба камол расидани насли наврасу ҷавон моро зарур меояд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пурғановати ниёгонамонро омӯзем ва дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавиамон масъулиятшиносона амал намоем.

    8

    16.10.2024
  •  img
    КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3300 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакатро хатм намуданд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.   Таъкид карда шуд, ки аз соли 1997 то имрӯз 3788 нафар хатмкардагони мактабҳои вилоят ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.   «Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят (351 духтар ва 302 писар) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил доранд», -изҳор доштанд Сарвари давлат.   Ёдовар мешавем, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ маҳсуб мешавад.   Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад. Ва таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам ба тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Дастур дода шуд, ки нафароне бояд тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд.   Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.   Инак, 27 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Онҳо давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ҳамчунин барои таҳсили донишҷўёни тариқи квотаи президентӣ дохилшуда шароити хуб фароҳам оварда шуда, онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд.   Ҳамасола раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуда, аз шарту шароит ва таҳсили онҳо огоҳ мегарданд.   Ин иқдоми Сарвари давлат ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мусоидат менамояд.

    9

    15.10.2024
  •  img
    ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд? Дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо ин мақсад ба ҳолати 8 октябри соли 2024 ба миқдори 44 ҳазору 569,7 тонна ангишт, 39 ҳазору 961,7 метри мукааб ҳезум ва 19 ҳазору 609 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илм, нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти озуқаворӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои зертобеъ ирсол гардид. Дар айни замон тибқи талабот дар доираи маблағҳои пешбинигардида захираи маводи сӯхт ва хӯрокворӣ идома дорад.   Аз ҷумла, талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 56 ҳазору 290 тонна ангишт, 54 ҳазору 176,1 метри мукааб ҳезум ва 116 ҳазору 810 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, ангишт 79 фоиз, ҳезум 74 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 17 фоиз иҷро гардидааст.   Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва нақшаи захиранамоии маводи асосии гармидиҳӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе захираи ангишт 28 фоиз, ҳезум 109 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 130 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд захиранамоии ангишт 100 фоиз, ҳезум 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ ба 7 фоиз баробар аст.   Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон захираи ангишт 86 фоиз, ҳезум 66 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 10 фоизро ташкил медиҳад.   Талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ ба 5450,5 тонна ангишт, 7737,9 метри мукааб ҳезум ва 1790 литр сӯзишвории дизелӣ баробар мебошад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, 5465,83 тонна ангишт (100 фоиз), 7521,7 метри мукааб ҳезум (97 фоиз) ва 700 литр сӯзишвории дизелӣ (39 фоиз) захира карда шудааст.   Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 64,3 фоиз, ҳезум 54,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 23,5 фоизро ташкил медиҳад.   Ҳамзамон дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1591 дегхонаи хурду бузург, 23 ҳазору 648 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 834 печи аловӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода гардидаанд.   Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 25 ҳазору 548,6 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 8 октябри соли 2024 дар 15 046 метри мураббаъ ё 58,9 фоиз шишабандӣ иҷро гардидааст.   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис намуда, ҷараёни омодагиҳои шуъбаҳои маорифи мамлакатро зери назорат қарор медиҳад.

    20

    15.10.2024