10.11.2026
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои идомаи муколамаи созандаву густариши ҳамкории судманд дар соҳаи маориф мебошад.
Изҳор гардид, ки баргузории ҷаласа дар 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳаммияти хос дошта, давоми ин солҳо кишварҳои аъзои Иттиҳод бо вуҷуди роҳу равишҳои гуногуни рушди миллӣ тавонистанд робитаҳои дӯстона, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои илмию таълимӣ ва ҳамкории муштаракро ҳифз намуда, барои таҳкими робитаҳои байни наслҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Таъкид шуд, ки маориф ҳамчун омили асосии рушди зеҳнии ҷомеа, ташаккули захираҳои инсонӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва пешрафти устувори давлатҳо дар шароити муосир нақши калидӣ дорад. Дар ин замина рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии босуръат, тағйирёбии бозори меҳнат ва пайдоиши касбу ихтисосҳои нав зарурати бознигарии равишҳои анъанавии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбро ба миён мегузорад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, дастгирии омӯзгорон, тарбияи насли наврас, рушди илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.
Дар ин замина “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамчун санади муҳимми муайянкунандаи самтҳои дарозмуддати рушди соҳа арзёбӣ гардида, зарурати ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо баланд бардоштани сифати таълим, такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи ҷомеаи муосир таъкид карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа 23 масъалаи марбут ба самтҳои гуногуни рушди ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои иҷрои қарорҳои қаблии Шуро, вазъи фаъолият ва дурнамои рушди ташкилоти базавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самтҳои забон ва фарҳанг, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир ва махсус, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои педагогӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи Созишнома дар бораи таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккули фазои ягонаи таҳсилот барои солҳои 2027-2035, таъмини сифати таҳсилоти касбӣ, натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи соҳаи таъмини сифати таҳсилот ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба рушди ҳамкории илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.