11.11.2026

 img

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

 

Форум бо мақсади баррасии нақши ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муайян намудани дурнамои нави ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва инноватсионӣ баргузор карда шуд.

 

Дар форум аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву таърихӣ ва рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, истиқлолияти давлатӣ ва низоми конститутсионии мамлакат таъкид гардид.

 

Иброз шуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар самтҳои ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи кишварро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ инъикос менамоянд.

 

Дар доираи форум Маркази илмию таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид. Иброз гардид, ки таъсиси марказ ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили равандҳои муосири сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳқиқи масъалаҳои дипломатияи муосир ва густариши ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои таҳқиқотии дохилию хориҷӣ равона гардидааст.

 

Фаъолияти марказ, пеш аз ҳама, ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омӯзиши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳои илмию таҳлилӣ, баргузории конференсияву мизҳои мудаввар ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсатшиносӣ нигаронида мешавад. Ин иқдом барои тақвияти иқтидори таҳқиқотии филиал ва ташаккули муҳити мусоиди илмӣ заминаи нав фароҳам меорад.

 

Ҳамзамон дар доираи форум Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ низ ифтитоҳ гардид. Таъсиси марказ дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.

 

Самтҳои асосии фаъолияти марказ ба омӯзиш ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, коркарди маълумоти калон, таҳияи маҳсулоти рақамӣ, рушди малакаҳои рақамии донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ равона карда мешаванд. Инчунин марказ метавонад ҳамчун заминаи муҳими ҳамкории илмӣ ва амалии донишгоҳ бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат намояд.

 

Дар идомаи чорабинӣ муаррифии китоби «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» баргузор гардид.

 

Дар китоб масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти стратегии рушди кишвар, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Муаррифии асари мазкур барои шиносоии ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи хонандагон бо равандҳои асосии рушди давлатдории муосири Тоҷикистон, таҷрибаи амалисозии стратегияҳои миллӣ ва нақши ташаббусҳои давлатӣ дар пешбурди ҳадафҳои рушди кишвар аҳаммияти илмию маърифатӣ дорад.

 

Дар доираи форум конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, дипломатияи муосир, рушди устувор, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

 

Дар конференсия иштирокчиён маърузаҳои илмӣ ва таҳлилӣ намуда, доир ба таҷрибаи давлатдорӣ, равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ, нақши илму маориф дар рушди ҷомеа, истифодаи имконияти технологияҳои навин ва зарурати тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омӯзишу тарғиби дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи рушди кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Дар маҷмуъ, баргузории форуми байналмилалӣ ва чорабиниҳои дар доираи он пешбинишуда қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои илмӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, тақвияти иқтидори таҳқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимӣ ва илмии филиал арзёбӣ мегардад.

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода иброз дошт, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд нишонаи эътимод ва имконияти муҳим барои идомаи муколамаи созандаву густариши ҳамкории судманд дар соҳаи маориф мебошад.   Изҳор гардид, ки баргузории ҷаласа дар 35-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳаммияти хос дошта, давоми ин солҳо кишварҳои аъзои Иттиҳод бо вуҷуди роҳу равишҳои гуногуни рушди миллӣ тавонистанд робитаҳои дӯстона, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳои илмию таълимӣ ва ҳамкории муштаракро ҳифз намуда, барои таҳкими робитаҳои байни наслҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд.   Таъкид шуд, ки маориф ҳамчун омили асосии рушди зеҳнии ҷомеа, ташаккули захираҳои инсонӣ, рақобатпазирии иқтисодӣ ва пешрафти устувори давлатҳо дар шароити муосир нақши калидӣ дорад. Дар ин замина рушди зеҳни сунъӣ, рақамикунонии босуръат, тағйирёбии бозори меҳнат ва пайдоиши касбу ихтисосҳои нав зарурати бознигарии равишҳои анъанавии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони соҳибкасбро ба миён мегузорад.   Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди маориф ва илм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, дастгирии омӯзгорон, тарбияи насли наврас, рушди илм ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.   Дар ин замина “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҳамчун санади муҳимми муайянкунандаи самтҳои дарозмуддати рушди соҳа арзёбӣ гардида, зарурати ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо баланд бардоштани сифати таълим, такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва мутобиқ намудани низоми омодасозии кадрҳо ба талаботи ҷомеаи муосир таъкид карда шуд.   Дар ҷараёни ҷаласа 23 масъалаи марбут ба самтҳои гуногуни рушди ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои иҷрои қарорҳои қаблии Шуро, вазъи фаъолият ва дурнамои рушди ташкилоти базавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самтҳои забон ва фарҳанг, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳсилоти фарогир ва махсус, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самти омодасозии кадрҳои педагогӣ баррасӣ гардиданд.   Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи Созишнома дар бораи таъсис ва фаъолияти Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккули фазои ягонаи таҳсилот барои солҳои 2027-2035, таъмини сифати таҳсилоти касбӣ, натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи соҳаи таъмини сифати таҳсилот ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба рушди ҳамкории илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    19

    10.11.2026
  •  img
    Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мавриди таҳлилу арзёбии илмӣ қарор гирифт.   Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар марҳалаи ҳассосу тақдирсози таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иродаи устувори сиёсӣ, азму ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи якпорчагии мамлакат, эҳёи давлатдории миллӣ ва сарҷамъ намудани мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузошт. Таҳти роҳбарии Сарвари давлат таҳкими асосҳои конститутсионии давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъмин гардид».   Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Авзалов доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ андешаронӣ карданд.   Иштирокчиён таъкид намуданд, ки омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат дар шинохти роҳи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти хосса дорад.

    28

    10.11.2026
  •  img
    Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд Дар назди чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаҳои Лангар, Ноҷии Боло, Себистон ва Нилуи ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Мирзо Ризо, Навобод ва Хонақоҳи Кӯҳии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд. Дар айни замон сохтмони ин биноҳо идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.   Бо бунёд гардидани биноҳои иловагӣ дар назди чор муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 3000 хонанда ҷойи нишаст муҳайё гардида, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст дар ин деҳаҳои дурдаст пурра бартараф мегардад. Инчунин насли наврас имкон пайдо мекунад, ки дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.   Бунёди муассисаҳои таълимии нав дар ҷамоатҳои деҳот дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, барои фароҳам овардани шароити муносиби таълиму тарбия заминаи мусоид мегузорад.   Дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муҳайё намудани шароити таҳсил дар шаҳри Ҳисор 24 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва 3 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Ҳисор инчунин 4 муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар айни замон дар шаҳр сохтмони 27 бинои иловагӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва 2 муассисаи навтаъсис идома дорад.

    21

    09.11.2026