23.12.2024

 img

Давоми як соли охир дар шаҳру деҳоти Кӯлоб бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва дар асоси «Барномаи давлатии таҷдиду навсозии муассисаҳои таьлимӣ» дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои нави иловагӣ бо таьмини шароити мусоиди таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Лавоваи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб бинои иловагии филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 мавриди истифода қарор гирифт, ки ин бозгӯи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинои иловагии назди муассиса дуошёна буда, дорои 4 синфхонаи фаннӣ ва як утоқи кории омӯзгорон аст.

 

Тавре директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и шаҳри Кӯлоб Даврон Одинаев иттилоъ дод, «филиали Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и деҳаи Лавова аз соли 1964 то инҷониб фаъолияти назаррас дошт. Умед аст, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагӣ сатҳу сифати таьлиму тарбия боз ҳам беҳтар мегардад. Хонандагони филиали муассиса мақсад гузоштаанд, ки бо иштирок дар озмунҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ, азбар намудани илмҳои замони муосир ва ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар оянда ба халқу миллат содиқонаю софдилона хизмат намоянд».

  • Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд Масъалаҳои густариши ҳамкории гуманитарӣ ва таълимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 5 май дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баррасӣ гардиданд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз шуд, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию илмии ду давлат табдил ёфтааст. Марказ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин дар шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад.   Изҳор шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон пайваста рушд меёбад. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба таври ройгон таҳсил намоянд.   Ҳамзамон ба ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Ҷонибҳо инчунин масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду давлат барои таъмини идомаи бемонеаи таҳсил ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён муҳим мебошад.   Пешниҳод гардид, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилӣ ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ тақвият дода шуда, байни сохторҳои дахлдор механизми ҳамоҳангсозии муштарак амалӣ гардад.

    19

    06.05.2026
  •  img
    Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 16 синфхонаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.   Дар маросими оғози сохтмон раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва фаъолон иштирок намуданд.   Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло амалӣ гардида, намунаи равшани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушду пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Иншооти мазкур тибқи нақшаи лоиҳаи сохтмонӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.   Раиси ноҳия иброз намуд, ки бо дастгирии сиёсати давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тадриҷан мушкилоти норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандагон шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.   Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бинои нави иловагӣ дорои синфхонаҳои замонавӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон мусоидат менамояд.   Соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар баробари бунёди иншооти мазкур барои сохтмони бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ саҳмгузорӣ менамояд.

    62

    15.04.2026
  •  img
    Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон таъйин гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.   Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад.   Минбаъд Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи рейтинги ҷаҳонии «UI GreenMetric Sustainable University Rankings» фаъолият хоҳад кард.   Шаҳодатномаи мазкур 15 апрел зимни ифтитоҳи Саммити ректорони донишгоҳҳои сабз, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устовор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби роҳбари «UI GreenMetric»-и Донишгоҳи Индонезия, доктор Вишну Ҷувоно ба ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода тақдим гардид.

    57

    15.04.2026