29.08.2025

 img

Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт дар ноҳияи Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и деҳаи Душохазамини Ҷамоати деҳоти Меҳробод барои 288 ҷой дар ду баст ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар медиҳад.

 

Бинои нав бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Он бо таҷҳизоти таълимии муосир таъмин гардида, ба меъёрҳои имрӯзаи соҳаи маориф ҷавобгӯ аст.

 

Дар ин рӯз бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Лайрони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бинои иловагӣ барои 288 ҷой дар ду баст бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Ифтитоҳи иншооти мазкур шароити таҳсилро барои хонандагон чанд маротиба беҳтар намуда, имконияти муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд. Ин иқдом боз як далели равшани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар рушди соҳаи маориф мебошад.

 

Зимни ифтитоҳи бинои иловагӣ омӯзгорон ва хонандагони муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф онҳоро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият ба таҳсилу тарбия машғул гардида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

 

Ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ натиҷаи ҳамкории самараноки давлат ва мардум буда, далели равшани ғамхории пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.

 

Ҳамзамон дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод муассисаи таълимии томактабӣ барои 40 кӯдак ба истифода дода шуд.

 

Омӯзгорон ва волидайн иброз намуданд, ки ифтитоҳи чунин муассисаҳои муосири томактабӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Онҳо барои таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Пешвои миллат ва саҳми арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

  • Дар Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 288 ҷой дар ду баст ифтитоҳ шуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    «ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд 59 нафар иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки дар он сазовори ҷойҳои ифтихории чорум, панҷум ва шашум гардидаанд, бо мукофотпулӣ, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони «Илм ва инноватсия» қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Иброз гардид, ки роҳ ёфтан ба даври ниҳоии чунин озмуни бонуфуз ва соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ дастоварди назаррас буда, аз сатҳи дониш, қобилият ва иқтидори зеҳнии онҳо шаҳодат медиҳад.   Таъкид шуд, ки ин таҷриба барои фаъолияти минбаъдаи илмии онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, бо такмили дониш, омӯзиши пайваста ва талоши бештар дар озмунҳои минбаъда метавонанд ба дастовардҳои боз ҳам баландтар ноил гардида, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шаванд.   Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин барои таҳкими мақоми илм дар ҷомеа ва пайвастани донишҳои назариявӣ бо талаботи амалии рушди мамлакат заминаи муҳим фароҳам меорад.   Яке аз ҳадафҳои асосии озмун на танҳо муайян намудани ғолибон, балки бедор намудани шавқу рағбати ҷавонон ба илм, ҳавасмандгардонии фаъолияти таҳқиқотӣ ва тарбияи насли нави олимону ихтироъкорон мебошад. Аз ин рӯ, иштирокчиён бояд таҷрибаи андӯхтаи худро самаранок истифода бурда, омӯзишу таҳқиқотро пайваста идома диҳанд.   Тибқи Низомномаи озмун, барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёни фаъол ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод якчанд имтиёзу тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ гардидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо қадрдонии махсуси иштирокчиёни ҷойҳои ифтихорӣ ва фароҳам овардани имконияти иловагӣ барои идомаи таҳсилу фаъолияти илмии ғолибон мебошад.

    54

    13.11.2026
  •  img
    ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШД» БАРГУЗОР ГАРДИД Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».   Форум бо мақсади баррасии нақши ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муайян намудани дурнамои нави ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва инноватсионӣ баргузор карда шуд.   Дар форум аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳими сиёсиву таърихӣ ва рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, истиқлолияти давлатӣ ва низоми конститутсионии мамлакат таъкид гардид.   Иброз шуд, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар самтҳои ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ мавқеи кишварро дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ инъикос менамоянд.   Дар доираи форум Маркази илмию таҳқиқотии «Ташаббусҳои давлатӣ, сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Эмомалӣ Раҳмон» ифтитоҳ гардид. Иброз гардид, ки таъсиси марказ ба зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили равандҳои муосири сиёсати дохилию хориҷӣ, таҳқиқи масъалаҳои дипломатияи муосир ва густариши ҳамкории илмӣ бо муассисаҳои таҳқиқотии дохилию хориҷӣ равона гардидааст.   Фаъолияти марказ, пеш аз ҳама, ба анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, омӯзиши ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, таҳияи тавсияҳои илмию таҳлилӣ, баргузории конференсияву мизҳои мудаввар ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсатшиносӣ нигаронида мешавад. Ин иқдом барои тақвияти иқтидори таҳқиқотии филиал ва ташаккули муҳити мусоиди илмӣ заминаи нав фароҳам меорад.   Ҳамзамон дар доираи форум Маркази рушди зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумот ва технологияҳои рақамӣ низ ифтитоҳ гардид. Таъсиси марказ дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аҳаммияти махсус дорад.   Самтҳои асосии фаъолияти марказ ба омӯзиш ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ, коркарди маълумоти калон, таҳияи маҳсулоти рақамӣ, рушди малакаҳои рақамии донишҷӯёну омӯзгорон, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти инноватсионӣ равона карда мешаванд. Инчунин марказ метавонад ҳамчун заминаи муҳими ҳамкории илмӣ ва амалии донишгоҳ бо сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои технологӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат намояд.   Дар идомаи чорабинӣ муаррифии китоби «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати амалисозии афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» баргузор гардид.   Дар китоб масъалаҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалияти стратегии рушди кишвар, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои миллӣ, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтанд.   Муаррифии асари мазкур барои шиносоии ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи хонандагон бо равандҳои асосии рушди давлатдории муосири Тоҷикистон, таҷрибаи амалисозии стратегияҳои миллӣ ва нақши ташаббусҳои давлатӣ дар пешбурди ҳадафҳои рушди кишвар аҳаммияти илмию маърифатӣ дорад.   Дар доираи форум конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, дипломатияи муосир, рушди устувор, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд.   Дар конференсия иштирокчиён маърузаҳои илмӣ ва таҳлилӣ намуда, доир ба таҷрибаи давлатдорӣ, равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ, нақши илму маориф дар рушди ҷомеа, истифодаи имконияти технологияҳои навин ва зарурати тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар омӯзишу тарғиби дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи рушди кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Дар маҷмуъ, баргузории форуми байналмилалӣ ва чорабиниҳои дар доираи он пешбинишуда қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои илмӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, тақвияти иқтидори таҳқиқотӣ ва татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимӣ ва илмии филиал арзёбӣ мегардад.

    85

    11.11.2026
  •  img
    Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мавриди таҳлилу арзёбии илмӣ қарор гирифт.   Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар марҳалаи ҳассосу тақдирсози таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иродаи устувори сиёсӣ, азму ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи якпорчагии мамлакат, эҳёи давлатдории миллӣ ва сарҷамъ намудани мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузошт. Таҳти роҳбарии Сарвари давлат таҳкими асосҳои конститутсионии давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъмин гардид».   Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Авзалов доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ андешаронӣ карданд.   Иштирокчиён таъкид намуданд, ки омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат дар шинохти роҳи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти хосса дорад.

    73

    10.11.2026