17.08.2026
Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дода шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маорифи дорои беш аз 121 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 629 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.
Таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабӣ
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 236 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 67 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхона фаъолият намуда, 54 ҳазору 82 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Инчунин бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон дар назди 734 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1257 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 27 ҳазору 215 нафар кӯдакони синни шашсоларо ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.
Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо назардошти кӯдакони Маркази инкишофи кӯдак 30,2 фоизро ташкил медиҳад.
Афзоиши хонандагон ва муассисаҳои таълимӣ
Дар вилоят 966 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 845 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 35 гимназия, 28 литсей, 1 Мактаби президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дорад. Дар онҳо 593 ҳазору 325 нафар, аз ҷумла 290 ҳазору 365 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 4 муассисаи таълимӣ ва 15 015 хонанда зиёд мебошад.
Таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 38 ҳазору 889 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 27 ҳазору 606 нафар занҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки нисбат ба соли таҳсили 2025 1279 нафар зиёд мебошад.
Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1206 синфхонаи компютерӣ мавҷуд буда, шумораи умумии компютерҳо ба 25 ҳазору 677 адад расидааст.