18.08.2026

 img

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Бурсияҳо барои таҳсил дар зинаҳои бакалавриат ва магистратура аз рӯйи самтҳои гуногуни таҳсил пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, довталабон метавонанд аз рӯйи самтҳои санъат ва фарҳанг (режиссура, ҳунарпешагӣ, хореография, санъати вокалӣ, дирижёрӣ, рассомӣ, дизайн ва иҷрои мусиқӣ), иқтисод ва идоракунӣ (иқтисод, иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, андоз ва андозбандӣ), технологияҳои иттилоотӣ (низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо, муҳандисии нармафзор), сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, инчунин меъморӣ, бозсозӣ ва тармими ёдгориҳои меъморӣ таҳсил намоянд.

 

Қабули ҳуҷҷатҳо ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок, ихтисосҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва тартиби қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» анҷом дода мешавад.

 

Хоҳишмандон барои иштирок метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 ё тавассути телефони 223-23-59 муроҷиат намоянд.

  • Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро ба донишгоҳҳои Узбекистон оғоз намуд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Байни Вазорати маориф ва илм ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Ёддошти тафоҳум зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва Раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия Ниси Бай, директори иҷроияи «ITEA Jobs» Чжан Чжи Ҳао ва муовини директори иҷроия Бенҷамин Леонг ба имзо расид.   Ёддошт барои рушди ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону мутахассисон, рушди малакаҳои касбӣ ва идоракунӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам меорад.   Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои табодули академии омӯзгорону донишҷӯён, таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ, рушди таҳсилоти фаромиллӣ, татбиқи барномаҳои дудиплома, ташкили даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат, такмили ихтисос, баргузории чорабиниҳои илмию таълимӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин оид ба ҷалби муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, татбиқи барномаҳои байналмилалии бурсиявӣ ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосири таълимию инноватсионӣ дар самтҳои STEM, зеҳни сунъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ табодули афкор доир гардид.

    10

    19.08.2026
  •  img
    Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 август  зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи маориф дастур доданд, ки барои аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии узбекӣ бунёд намуда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, миқдори нашри китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони узбекӣ агар соли 2002 1 номгӯй китоб ба миқдори 40 ҳазор нусхаро ташкил медод, дар айни замон ин шумора ба 71 номгӯй ба миқдори 1 миллиону 813 ҳазору 370 адад расидааст.   Инчунин аз оғози соли равон то ҳол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 14 ҳазору 306 нусха китоби дарсӣ бо забони узбекӣ дастрас карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини дастрасии хонандагон ба муҳтавои ягонаи таълимӣ ва дар баробари ин бо инобати хусусияти забонии раванди таълим китобҳои дарсии фанҳои алоҳида, аз ҷумла китобҳое, ки дар онҳо ҷузъҳои муҳими таърихи давлату миллати тоҷик, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва маълумоти марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, ба забони узбекӣ тарҷума ва барои истифода дар муассисаҳои таълимашон бо ин забон омода карда мешаванд.   Аз ҷумла, китобҳои дарсии фанҳои «Забони давлатӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «География» ва дигар фанҳои таълимӣ барои синфҳои гуногун бо назардошти талаботи барномаҳои таълимӣ тарҷума гардидаанд. Ин тадбир ба фароҳам овардани шароити баробари таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими эҳсоси шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон дар байни хонандагони муассисаҳои таълимашон бо забони узбекӣ мусоидат менамояд.   Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳоло 114 ҳазору 107 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ бо забони узбекӣ мавҷуд аст.   Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар Тоҷикистон  299 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 84 ҳазору 879 хонанда фаъолият дорад.

    23

    17.08.2026
  •  img
    ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шудааст Давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса дода шуда, шумораи муассисаҳои таълимӣ, хонандагон ва омӯзгорон ба таври назаррас афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти расмӣ дар вилояти Суғд 767 иншооти соҳаи маорифи дорои беш аз 121 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 629 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд.   Таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабӣ   Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар миқёси вилоят 315 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 236 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи раёсату шуъбаҳои маориф, 67 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхона фаъолият намуда, 54 ҳазору 82 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.   Инчунин бо мақсади инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва завқи донишандӯзии кӯдакон, дар руҳияи худогоҳию худшиносӣ тарбия намудани онҳо ва баланд бардоштани малакаю маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон дар назди 734 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1257 гурӯҳи марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудааст, ки 27 ҳазору 215 нафар кӯдакони синни шашсоларо ба таълиму тарбия фаро гирифтааст.   Фарогирии кӯдакон дар миқёси вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо назардошти кӯдакони Маркази инкишофи кӯдак 30,2 фоизро ташкил медиҳад.   Афзоиши хонандагон ва муассисаҳои таълимӣ   Дар вилоят 966 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 42 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 845 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 35 гимназия, 28 литсей, 1 Мактаби президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 мактаб-интернати махсус барои кӯдакони нуқсондор, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дорад. Дар онҳо 593 ҳазору 325 нафар, аз ҷумла 290 ҳазору 365 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025 4 муассисаи таълимӣ ва 15 015 хонанда зиёд мебошад.   Таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисос   Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят 38 ҳазору 889 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 27 ҳазору 606 нафар занҳо ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд, ки нисбат ба соли таҳсили 2025 1279 нафар зиёд мебошад.   Дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд 1206 синфхонаи компютерӣ мавҷуд буда, шумораи умумии компютерҳо ба 25 ҳазору 677 адад расидааст.

    23

    17.08.2026