ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД

13.12.2024

13-уми декабри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, баҳри рушди он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

 

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БО ОМӮЗГОРОН БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУҲОКИМАИ “ЧАҲОРЧӮБАИ МИЛЛИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” Имрӯз, 27-уми декабри соли 2024 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.   Дар муҳокимаи “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муовини вазири маориф ва илм Сафарзода Дилшод, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат, ҳамҳангсози лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”, намояндагони Кумитаи падару модарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.   Зимни муҳокима муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маорифро ҳамчун самти калидии пешрафти кишвар ба таври мунтазам рушд ва тавсеа мебахшад. Роҳбарияти олии кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ки тамоми сатҳҳои таҳсилот, аз боғча то мактаби олӣ таълим ба талаботи ҷаҳонӣ ва эҳтиёҷоти ҷомеа мутобиқ карда шаванд. Ҳадафи асосии “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тарҳрезӣ ва татбиқ кардани як низоми таълимие мебошад, ки дастрасӣ ва сифати таҳсилотро баланд бардошта, барои омодасозии насли нав ба талаботи бозори меҳнат дар арсаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Зеро рушди устувори кишвар аз рушди соҳаи маориф вобастагии калон дорад. Инчунин дар доираи ин чаҳорчӯба бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ низ дар назар дошта шудааст.   Гуфта шуд, ки “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” самтҳои муҳимми стратегии таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот дар муҳити фарогир ва муҷаҳҳаз, баланд бардоштани сифати таълим, ворид намудани технологияи муосир ба раванди таълим ва ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.   Дар идома як қатор иштирокчиёни чорабинӣ вобаста ба моҳияти “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фикру андешаҳои худро ироа намуда, таъкид гардид, ки “Чаҳорчӯбаи милли рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадами дигаре барои рушди маориф дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани муҳити таълими созгор ба ҳар як хонандаи тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Таҳияи ин ҳуҷҷати муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    55

    27.12.2024
  •  img
    eDonish: омили такмилбахши таълим Замони муосирро бидуни истифодаи техника ва технологияҳои нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ҷумла, ин омил дар муассисаҳо мавқеи барҷаста касб кардааст ва дар мактабҳо аз имконоти воситаҳои техникӣ бамаврид истифода бурда мешавад.   Чандест, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барномаи «eDonish» амал мекунад. Бояд қайд кард, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ (06.08. 2020, №409) «Дар бораи татбиқи барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» барномаи мазкур дар се марҳала ба роҳ монда шуд, ки марҳалаи якум 50 муассиса, марҳалаи дуюм 55 ва марҳалаи сеюм 45 муассисаро дар бар мегирад.   Директори Маркази таҳ­лилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз дошт, ки айни ҳол барномаи мазкур дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таври ройгон роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз татбиқи барномаи мазкур гузаштан аз низоми анъанавӣ ба низоми электронӣ мебошад. Инчунин, дар 20 мактаби шаҳри Душанбе журналҳои анъанавӣ аз байн рафта, пурра журнали электронӣ истифода мешавад, ки ин омил фаъолияти омӯзгоронро осон намуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои диққатҷалбкунанда шудани «eDonish» дар соли 2025 бахши озмоишҳои виртуалӣ низ ба роҳ монда мешавад, ки омӯзгорони физикаву химия метавонанд бо истифода аз он дарсҳояшонро самарабахш ба роҳ монанд.   – Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз ҷиҳати техникӣ танқисӣ намекашанд ва бо компютерҳо таъмин мебошанд. Ҳамчунин, муассисаҳо бо интернет пайвастанд. Барои беҳтару хубтар ва босифат ба роҳ мондани барномаи «eDonish» аз ҷониби Шаҳри ҳушманд (Smart City) якҷоя бо Маркази таҳлилию иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мунтазам семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва маъмурони барнома гузаронида мешавад, - иброз дошт З. Муродзода.   Омӯзгорон доир ба фаъолияти барномаи мазкур андешаҳои гуногун доранд. Ҳангоми суҳбат бо як идда омӯзгорон маълум гашт, ки корашон дучанд шудааст. Фирӯза Солиҷонова, омӯзгори математика-информатика, ҳамчунин, маъмури «eDonish» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки омӯзгорони муассиса ҳам журнали анъанавӣ ва ҳам журнали электрониро пур мекунанд. Аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо сабаби зиёд будани шумораи хонандагон дар синфхонаҳо дар раванди машғулиятҳо бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ кор кардан имкон надорад.   Ҷамила Шоинова, муовини директор оид ба таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ зикр кард: «Яке аз хусусиятҳои хуби барномаи электронии «eDonish» дар он аст, ки ҳисоботи омориро аниқу дақиқ пешниҳод менамояд. Истифодаи барномаи мазкур барои омӯзгорон муфид хоҳад буд, агар танҳо журнали электронӣ пур кунанд. Мушкили дигаре, ки мо пайваста ба он дучор мешавем, суст будани суръати интернет аст».   Дар литсейи №4 барои хонандагони бо­лаёқати шаҳри Душанбе низ барномаи электронии «eDonish» роҳандозӣ гардидааст. Муовини директор оид ба таълим ва тарбияи литсейи мазкур Салоҳиддин Раҳмонов қайд кард: «Вобаста ба талаботи замон дар муассиса барномаи мазкур амал мекунад. Дар литсей журнал­ҳои анъанавӣ истифода намешаванд ва омӯзгорон пурра бо журнали электронӣ кор мекунанд. Бо сабабҳои техникӣ ҳолатҳое мешавад, ки баҳо дар журнал сабт намешавад ва омӯзгорон дар журнали муқаррарии худ сабт мекунанд. Истифодаи бахши «Face ID»-и «eDonish» ба давомоти хонандагон дар дарсҳо таъсири мусбат гузоштааст».   Инчунин, барномаи электронии «eDonish» ба волидон имкон медиҳад, ки рӯзномаи фарзандонашонро ба таври маҷозӣ назорат намоянд ва китобҳои заруриро дар шакли электронӣ дастрас кунанд. Аз суҳбат бо волидон мушаххас гардид, ки онҳо дар хусуси барномаи мазкур ақидаҳои гуногун доранд.   Сарвиноз Муҳаммедова, модари Маҳиноз ва Дилнавоз Носироваҳо, хонандагони литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе буда, аз фаъолияти барнома қаноатманд аст.   – Ҳамарӯза фарзандонамро ба муассисаи таълимӣ мебарам, вале мешавад, рӯзҳое, ки аз серкорӣ наметавонам онҳоро то литсей ҳамроҳӣ намоям. Барномаи «eDonish» кори моро бисёр осон намуд, чунки кадом соат фарзандонамон ба мактаб ворид мешаванду кадом соат аз он ҷо мераванд, сари вақт огоҳ мешавем ва аз сатҳи дониши онҳо мунтазам маълумот ба даст меорем.   Машҳура Усмонова, модари Субҳия ва Саҷоат, хонандагони МТМУ №87-и ноҳияи Сино, қайд кард, ки «Вақте мо, волидон, ҳамаҷониба фарзандони худро таҳти назорат қарор медиҳем, боиси он мегардад, ки таваҷҷуҳашон ба хониш зиёд шавад. Дар зимн, дарсгурезии хонандагон ва ба амалҳои номатлуб даст задани онҳо низ оҳиста-оҳиста аз байн хоҳад рафт».   Барномаи «eDonish» дорои сомонаи худ бо номи www.edonish.tj буда, аз рубрикаҳои гуногун, аз қабили «Рейтинг», «Китобхона», «Ахбор» ва ғайра иборат аст. Бояд гуфт, ки барномаи электронии «eDonish» низоми таълими муассисаҳоро такмил мебахшад.   Ирода ТИЛАБОВА, Хуршеда АЗИЗОВА, «Омӯзгор»

    33

    27.12.2024
  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД. 26 декабри соли 2024 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифагузориҳо дар соли 2025 баргузор гардид.   Дар ҷаласа намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Низомзода Муҳибулло иштирок ва суханрони намуд.   Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муясара Давлатзода вобаста ба фаъолияти Муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баромад намуда оид ба дастовардҳои ва мушкилотҳои соҳа ҳисобот доданд.   Сипас аз тарафи намояндаи Вазорати маориф ва илм Низомзода Муҳибулло ҷиҳати ташкили маҳфилҳои забонҳои руси ва англиси инчунин ташкили маҳфилҳои фанҳои табии, дақиқ ва риези дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ хуб арзеби гардида ҳисоботи директори маркази ҷумҳуриявиро қаноатбахш ҳисобид.   Дар охир директори марказ Давлатзода Муясара  иброз доштанд, ки гарчанде  аз ҷониби  кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда бошад ҳам, норасоию мушкилот дар соҳа ҳануз  ҳам  ҳастанд.   Аз ин рў, мо кормандони соҳаро зарур аст, ки фаъолиятро дучанд намоем ва дар таълиму тарбияи насли наврас, муҳимтар аз ҳама   дар баланд бардоштани сифати таҳсилоти иловагӣ, барномаҳои иловагӣ ва фарогирии бештари кудакону наврасон ба маҳфилҳо саъю кушиш намоем.

    39

    26.12.2024