01.07.2025

 img

Имрӯз, 1 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ муовини якуми вазир, муовини вазир, сардорони раёсатҳои дахлдори вазорат, инчунин, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.

 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад. Айни замон, дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, шумораи умумии донишҷӯёне, ки ин забонро меомӯзанд, ба 1708 нафар мерасад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд.

 

Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, вазир таъкид намуд, ки то кунун ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудаанд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамояд, ки робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон ба роҳ монда шаванд, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳо густариш ёбанд, курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шаванд, ҳамкориҳо миёни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад, донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд, фаъолияти Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар шаҳри Душанбе васеъ баррасӣ шавад ва масъалаи идомаи лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ – марҳилаи 4), ки аз ҷониби Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор гирад.

 

Ҷаноби Гуннар Шелленберген, Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт, зимни суханронии худ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон, марҳила ба марҳила чораҳои амалиро якҷо амалӣ намуда, имкониятҳои бурсиявӣ ва омӯзишӣ барои донишҷӯёни тоҷик бештар фароҳам оварда шаванд.

 

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, изҳори умед карданд, ки дидору гуфтугӯҳои баргузоршуда ба таҳкими муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав заминаи боэътимод мегузоранд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН img
  • ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН img
  • ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 30-юми июни соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи ҳайати шурои олимон таҳти раёсати ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» баргузор гардид.   Дар ҷаласаи ҳайати шурои олимон ректори Донишкада, муовинони ректор, директорони филиалҳо, сардорони раёсату шуъба ва шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишкада «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» шунида шуд.   Ректори Донишкада аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, фаъолияти Донишкада ва филиалҳоро дар самти таҳияи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, локалӣ, таъминоти кадрӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таълимӣ, илмӣ, методӣ, мониторинг, иқтисод, хоҷагӣ, зимистонгузаронӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷҷетӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи санадҳои нав дар самти бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва кишварҳои хориҷ дар самти такмили ихтисос, ҷалби шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.   Дар гузориш махсус қайд гардид, ки агар дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Донишкада ва филиалҳо 12497 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар низоми 5 солаи такмили ихтисос аз курсу семинарҳо гузашта бошанд, ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли 2025 дар низоми се сола 21216 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, 39 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус тасдиқ гардида, айни ҳол 22 барномаҳои таълимии шаклҳои нав ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор доранд. Инчунин, дар ҷаласа оид ба татбиқшавии Стратегияи рушди Донишкада барои давраи то соли 2030, амалишавии соли 2025 эълон гардидани "Соли муҳити психологӣ дар ҷараёни таҳсилот", аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандону омӯзгорони Донишкада аз ҷониби муассисаҳои хориҷи кишвар, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Норвичи Британия Кабир, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия, Мактаби зеҳнии Назарбоев Ҷумҳурии Қазоқистон, таъсиси 5 озмоишгоҳи намунавӣ барои фанҳои физика, химия ва биология дар Донишкада ва филиалҳо, сохтмони бинои нави филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар иқдомҳо баррасӣ гардиданд. Дар идома фаъолияти ҳар як филиали Донишкада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишкада форуми байналмилалӣ, конфросу семинарҳо, трененгу мастеркласҳо, вебинар ва ҳамоишу хонишҳои кафедравии зиёде гузаронида шуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар низоми такмили ихтисос, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.   Сипас, дар қисмати музокира омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф, аълочии маориф ва илм ва аълочии фарҳанг Имомназар Холназаров, директори филиали Донишкада дар шаҳри Бохтар Шарифзода Муҳаммадҷон баромад намуда, маърузаи ректори Донишкадаро вобаста ба фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.   Ҷаласаро ректори Донишкада ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати шурои олимон, фармоишҳои ректори Донишкада ва масъалагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом рафти татбиқшавии Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Донишкада баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

    12

    30.06.2025
  •  img
    ИФТИХОР!!! ҒАЛАБАИ ХОНАНДАИ ПОЙТАХТ-ВОСКОЛОВИЧ БОГДАН ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ISSYK-KUL OPEN-2025” Аз 20 то 29 июни соли 2025 дар Маркази истироҳатии “Солемар”-и Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ оид ба шоҳмот - “Issyk-Kul Open - 2025” баргузор гардид. Ин мусобиқа (гурӯҳи “С”) шоҳмотбозони то 14-солаи 7 кишвари ҷаҳонро гирд оварда, ба саҳнаи рақобати пуршиддат миёни наврасони болаёқат табдил ёфт.   Намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Восколович Богдан, хонандаи синфи 8-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ баромади барҷаста нишон дод.   Богдан дар ҷараёни 9 бозии расмӣ бо маҳорати баланди стратегӣ ва зеҳнӣ 7,5 хол ба даст оварда, дар байни тамоми иштирокчиён ҷойи аввалро ишғол намуд ва сазовори медали тилло гардид!   Ин дастовард на танҳо муваффақияти шахсии ӯст, балки ифтихори тамоми низоми таҳсилоти махсуси варзишии ҷумҳурӣ ва натиҷаи заҳмати пайвастаи омӯзгорон ва мутахассисони соҳа маҳсуб мешавад.   Таманно дорем, ки ин қадами нахустин дар роҳи муваффақиятҳои бузургтар дар арсаи шоҳмоти ҷаҳон бошад.

    30

    30.06.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июни соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳори маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иброз гардид, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат анҷом ёфта истодааст.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷ. Маҷидзода доир ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва тасдиқи «Барномаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.   Гуфта шуд, ки бо мақсади таъмин намудани дастрасӣ ба таҳсилоти босифати томактабӣ дар саросари кишвар мунтазам корҳо анҷом ёфта, сохтмон ва таҷҳизонидани муассисаҳои нави томактабӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мураббиён ва ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ исботи гуфтаҳои болост.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои болозикр, бахусус дар мавриди таҳсилоти томактабӣ, таъкид намуд, ки ин зинаи таҳсилот на танҳо ҳамчун пояи асосии ташаккули шахсияти кӯдак, балки ҳамчун заминаи муҳимми омодасозии насли наврас ба таҳсилоти минбаъда, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии кӯдакон хизмат мекунад. Мавсуф зикр кард, ки маҳз дар ҳамин давра хусусиятҳои ахлоқӣ, одобу рафтор, ҷаҳонбинӣ ва муносибати кӯдак ба муҳити атроф ташаккул меёбанд.   Дар фарҷом, вазир бо таъкид ба аҳамияти хос доштани таҳсилоти томактабӣ дар тарбия ва рушди насли нав, ба масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, иҷрои сифатнок ва саривақтии барномаҳои қабулгардида, ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, такмили малакаи мутахассисон ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеа ва шарикони рушд таъкид гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    40

    30.06.2025