30.06.2025

30-юми июни соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи ҳайати шурои олимон таҳти раёсати ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати шурои олимон ректори Донишкада, муовинони ректор, директорони филиалҳо, сардорони раёсату шуъба ва шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишкада «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» шунида шуд.
Ректори Донишкада аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, фаъолияти Донишкада ва филиалҳоро дар самти таҳияи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, локалӣ, таъминоти кадрӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таълимӣ, илмӣ, методӣ, мониторинг, иқтисод, хоҷагӣ, зимистонгузаронӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷҷетӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи санадҳои нав дар самти бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва кишварҳои хориҷ дар самти такмили ихтисос, ҷалби шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Дар гузориш махсус қайд гардид, ки агар дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Донишкада ва филиалҳо 12497 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар низоми 5 солаи такмили ихтисос аз курсу семинарҳо гузашта бошанд, ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли 2025 дар низоми се сола 21216 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, 39 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус тасдиқ гардида, айни ҳол 22 барномаҳои таълимии шаклҳои нав ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор доранд. Инчунин, дар ҷаласа оид ба татбиқшавии Стратегияи рушди Донишкада барои давраи то соли 2030, амалишавии соли 2025 эълон гардидани "Соли муҳити психологӣ дар ҷараёни таҳсилот", аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандону омӯзгорони Донишкада аз ҷониби муассисаҳои хориҷи кишвар, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Норвичи Британия Кабир, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия, Мактаби зеҳнии Назарбоев Ҷумҳурии Қазоқистон, таъсиси 5 озмоишгоҳи намунавӣ барои фанҳои физика, химия ва биология дар Донишкада ва филиалҳо, сохтмони бинои нави филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар иқдомҳо баррасӣ гардиданд. Дар идома фаъолияти ҳар як филиали Донишкада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишкада форуми байналмилалӣ, конфросу семинарҳо, трененгу мастеркласҳо, вебинар ва ҳамоишу хонишҳои кафедравии зиёде гузаронида шуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар низоми такмили ихтисос, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад.
Сипас, дар қисмати музокира омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф, аълочии маориф ва илм ва аълочии фарҳанг Имомназар Холназаров, директори филиали Донишкада дар шаҳри Бохтар Шарифзода Муҳаммадҷон баромад намуда, маърузаи ректори Донишкадаро вобаста ба фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҷаласаро ректори Донишкада ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати шурои олимон, фармоишҳои ректори Донишкада ва масъалагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом рафти татбиқшавии Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Донишкада баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.