АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲОИ ИДОНА
29.12.2024
Дар доираи супоришҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар арафаи соли нави мелодӣ як қатор омӯзгорони собиқадор ва бемору барҷомондаро аёдат карданд.
Хусусан, сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода чанде аз омӯзгорони собиқадори ноҳияи Данғараро аёдат карда, ба қисме аз онҳо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба қисми дигар бошад, туҳфаҳои идона ва кумакҳо расониданд.
Дар ин рӯз, омӯзгори собиқадор,ки ҳаёти худро дар таълиму тарбияи кӯдакону наврасон бахшидааст, Дастагул Бароталиеваро низ аёдат карда, барои заҳматҳои бисёрсолаи меҳнатиаш ӯро бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.
Ҳамзамон, сардори раёсати маориф, мудири шуъбаи маориф ва роҳбари муассисаи таълимӣ дар бораи фаъолияти назарраси омӯзгор ҳарф зада, аз тарбияи шогирдони босаводу ватандӯст изҳори хушнудӣ карданд.
Сипас, омӯзгори собиқадор Зувайдулло Убайдуллоевро ҳам хабар гирифтанд. Таъкид гардид,ки Зувайдулло Убайдуллоев соли 1964 дар муассисаи таълимии №20 ва аз соли 1971 ба сифати омӯзгори фанни математика дар муассисаи таълимии №4-и ноҳияи Данғара кору фаъолият кардааст. Гуфта шуд,ки омӯзгорони собиқадор то ба имрӯз бо муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ буда, ба омӯзгорони ҷавон бо маслиҳатҳои муфид кумак мерасонанд. Мавсуф низ ба муносибати соли нави мелодӣ бо мукофот қадрдонӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем,ки ҳоло аз тарафи гурӯҳҳои кории раёсати маориф ва шуъбаву бахшҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо омӯзгорони собиқадор, бемору барҷомонда ва хонандагони ятимро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуда истодаанд.
Зимни аёдат аз ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат нисбати кормандони соҳаи маориф, ятимон, беморону барҷомонда ва ниёзмандон ёдовар мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон