23.05.2026
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соҳаҳои маориф ва илмро ҳамоҳанг месозанд, иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, рақамикунонии фазои таълимӣ, инчунин омодасозии мутахассисони баландихтисос мутобиқ ба талаботи рушди инноватсионии замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти Донишгоҳи СҲШ, таҳкими робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳои узви созмон равона гардид.
Зимни суханронии худ ҳайати Тоҷикистон нақши муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккул ва рушди Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар доираи СҲШ дар самти маориф ва илм пайваста таҳким бахшида, ба рушди ҳаракатпазирии академӣ, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ мусоидат менамояд.
Роҳбари ҳайат иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ба лоиҳаи Донишгоҳи СҲШ ҳамроҳ гардида, имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии пешсафи кишвар дар фаъолияти он иштироки фаъол доранд. Дар солҳои охир зиёда аз 1700 донишҷӯи тоҷик дар барномаҳои муштараки таҳсилотӣ иштирок намуда, 236 донишҷӯ дар донишгоҳҳои кишварҳои узви СҲШ таҳсил кардаанд.
Инчунин, густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти омодасозии мутахассисон, татбиқи барномаҳои дипломи дугона ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ таъкид карда шуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои узви СҲШ як қатор мулоқотҳои корӣ баргузор намуд. Дар мулоқотҳо дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо, татбиқи ташаббусҳои муштараки таълимӣ ва рушди лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, густариши табодули академӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай таъйид намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи 10-ум Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ҷаласа ҳамзамон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Тсю Йонг, муовини вазири илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эсфандиёр Ихтиёрӣ, муовин оид ба сиёсатгузорӣ ва рушд дар сохтори илмӣ-технологии назди Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот анҷом дод. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, технология, табодули академӣ ва татбиқи барномаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.