23.05.2026
23 майи соли 2026 дар доираи баргузории ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмин Амруллоев мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар соҳаҳои маориф ва илм мусбат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки равобити ду кишвар дар заминаи дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ пайваста рушд ёфта истодаанд.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнивазоратӣ, тавсеаи робитаҳои мустақими байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рушди барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, инчунин татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, масъалаи зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардид. Дар ин замина ҷонибҳо иброз доштанд, ки фароҳам овардани имкониятҳои бештари таҳсил барои ҷавонон ба баланд гардидани сатҳи омодасозии мутахассисони баландихтисос, рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи навовариҳои илмӣ-технологӣ миёни ду кишвар мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳо дар самти таҳқиқоти илмӣ, роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ - таҳқиқотӣ, табодули таҷриба байни олимон ва муҳаққиқон, инчунин иштироки мутахассисон дар конференсияҳо ва форумҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо баргузории Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соли ҷорӣ дар шаҳри Боку муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар доираи ин ҳамоиш баррасӣ намудани рушди илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии низоми таҳсилот, тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, табодули таҷрибаи академӣ ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои байни донишгоҳҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, масъалаи иштироки фаъоли донишгоҳҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Фестивал-намоишгоҳм байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифт. Таъкид гардид, ки иштирок дар чунин чорабиниҳо ба муаррифии имкониятҳои таҳсилотӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар рафти мулоқот инчунин масъалаҳои рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, табодули таҷриба дар самти идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи маориф ва илм изҳор намуда, таъкид карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши шарикии мутақобилан судманди Тоҷикистону Озарбойҷон аҳаммияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавам, ки дар доираи баргузории ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар шаҳри Боку вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон