30.10.2026
30 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 29 октябри соли 2026 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, ҷалб намуда, таъкид кард, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати онҳо аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баландро тақозо менамояд. Аз ҷумла, зарурати саҳмгузорӣ дар таъмини захираи кофии маводи сӯхт барои давраи зимистон, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, риояи талаботи сарфаю сариштакорӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 40-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид гардид.
Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамеша таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, рушди он яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.
Дар идомаи ҷаласа нахуст масъалаи вазъи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба раванди қабул, иҷрои нақшаи қабул, самтҳои афзалиятнок ва масъалаҳои марбут ба омода намудани кадрҳои илмӣ маълумот дод. Зимни баррасӣ зарурати тақвияти фаъолият дар самти ҷалби довталабон, таъмини сифати таҳсил ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ таъкид гардид.
Сипас, натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини вазири маориф ва илм И. Иброҳимзода вобаста ба раванди қабул ва натиҷаҳои он гузориш пешниҳод намуд. Дар ин замина масъалаҳои вобаста ба татбиқи квота, натиҷаҳои қабули довталабон ва иҷрои нақшаи пешбинишуда баррасӣ гардида, зарурати таъмини шаффофият ва назорати раванди мазкур таъкид карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои иловагии рӯзнома, аз ҷумла, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мусобиқаи ҷумҳуриявии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин роҳбари созмони хонандагон», лоиҳаи барнома ва нақшаҳои таълимии тавсиявӣ барои маҳфилҳои фаннии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика ва информатика ба номи Умари Хайём (KHIMIO), инчунин, масъалаҳои марбут ба китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои баррасишуда миёни иштирокчиён муҳокима гардида, пешниҳод ва мулоҳизаҳои онҳо шунида шуданд. Аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Вазири маориф ва илм дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, такмили фаъолияти сохторҳои дахлдор ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон