30.10.2026
30 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Меҳмонхонаи муосиру бошукуҳи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи бунёди меҳмонхонаи панҷситорадори Редиссон Коллекшн Душанбе 11 июли соли 2019 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муаррифӣ гардида буд.
4 сентябри соли 2019 бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 21-ошёна санги асос гузоштанд.
Маблағгузорӣ барои бунёди иншооти замонавию бузург аз ҳисоби даромади ширкати Себистон-2018, ки роҳбариашро соҳибкори муваффақи ватанӣ Саид Холов ба уҳда дорад, амалӣ гардидааст.
Дар шафати бинои меҳмонхонаи панҷситорадори 21-ошёна, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари дорои апартаментҳои резиденсӣ ва дафтарҳои корӣ бунёд шудааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати умуми бинои меҳмонхона 30 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз 206 ҳуҷра, аз ҷумла 50 ҳуҷраи категорияи люкс барои 150 нафар, 23 суперёр, 78 стандартӣ, 2 ҳуҷра барои шахсони имконияташон маҳдуд ва 3 апартаменти президентӣ иборат аст. Ҳуҷраҳои президентӣ бо истифода аз санъати миллии кандакории тоҷикӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ меҳмонхона наздики 260 ҷойи хоб дорад.
Дар меҳмонхона зиёда аз 400 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст. Бо назардошти марказҳои савдову тиҷорат, ки дар 4 ошёнаи поёнии бино ҷойгиранд, дар таҳхона ва се ошёнаи боло дар маҷмаа дар умум 1500 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Дар вақти сохтмони иншоот 500 коргар муваққатан ба кор ҷалб гардид.
Дар се табақаи поёнии иншоот таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва дар саҳни ҳавлӣ таваққуфгоҳи рӯизаминӣ барои мошинҳо пешбинӣ шудааст, ки имконияти ҷойгиркунии беш аз 350 воситаи нақлиётро доро мебошанд.
Дар ошёнаҳои 1 ва 21 тарабхонаҳо барои 420 меҳмон омодаи хизмат аст.
Дар меҳмонхона хизматрасонии СПА (SPA) занона ва мардона дар алоҳидагӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ҳамомҳо, кошонаи ҳусн, тарабхонаҳо, фитнес ва ғайра пешкаш мегардад.
Дар ошёнаҳои махсуси маҷмаа осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷой дода шудааст.
Меҳмонхона барои баргузории конфронсҳои сатҳи баланд, форумҳо, вохӯриҳои тиҷоратӣ ва чорабиниҳои байналмилалӣ имкониятҳои зарурӣ дорад.
Ҳамаи хизматрасониҳо тибқи талабот ва стандартҳои байналмилалии Редиссон коллекшн (Radisson Collection) ташкил карда шуда, бо ин бренди байналмилалӣ ба сайёҳону тоҷирони хориҷӣ хизмат расонда мешавад. Вобаста ба ин ба кормандони маҳаллие, ки ба кор ҷалб шудаанд, барои роҳандозии хизматрасонии сатҳи баланд, курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши касбӣ, таҷрибаомӯзӣ ва аз худ кардани меъёрҳои байналмилалии хизматрасонӣ ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни бунёди иншоот дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат ба хотири муаррифии ҳар чи бештари фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷикон коргарон ба сифати корҳо, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, ба истифодаи нақшу нигори мардумӣ, санъати наққошию кандакорӣ, гачкорӣ, рангубор ва масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Бо завқу салиқаи баланд оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст.
Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намудааст. Хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати меҳмонон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншооти мазкур дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ сохта шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ мебошад ва бунёди он бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хиёбони марказӣ бо намои зебову муосир, ба ҳусни пойтахт зебогии дигар зам кардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастурҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои охир симои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорони бонангу номуси он ба ифтихори ҷашну идҳои миллию давлатӣ, аз қабили 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо маҷмааи меҳмонхонаи наву замонавии Редиссон Коллекшон Душанбе ба соҳибкори ватандӯст роҳбари ширкатии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Себистон-2018 Саид Холов барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, масъулони меҳмонхонаро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, суннатҳои баланди меҳмондории тоҷикон ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар пойтахт зиёда аз 2500 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин дар 7 корхонае, ки имрӯз сохтмонашон бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, дар зарфи яку ним сол боз 3000 ҷои кории дигар муҳайё мешавад.