10.01.2025

 img

10 январи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025” баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазора, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маориф, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.

 

Нахуст оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид доштанд, ки “Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”. Дар баробари ин, маҳз бо дастгирии бевоситаи Президенти маҳбубамон шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2025 музди меҳнати омӯзгорон 30 фоиз зиёд мегардад. Дар маҷмуъ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи имконоти молиявии мамлакат 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шудааст. Ин ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоем ва дар таълиму тарбияи насли шоистаи замон саҳми арзанда гузорем.

 

Ҳамзамон, дар баробари корҳои анҷомёфта дар соли 2024, мо, кормандони соҳаро зарур аст, ки баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда беш аз ҳарвақта талош варзем.

 

Сипас, дар қисмати музокира суханронии Алмосшо Шоҳиён – ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Бурҳониддин Ҷабборӣ – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом ва Комрон Муҳаммадраҷабзода – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва комуникатсионии Вазорати маориф ва илм шунида шуда, аз ҷониби онҳо ҳисоботи солонаи Вазорати маориф ва илм қаноатбахш ҳисобида шуд.

 

Ҳамчунин, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иброз намуд, ки дар баробари ҳамаи дастоварду мушкилоти ҷойдошта моро зарур аст, барои рушди маорифи миллӣ аз тамоми имкониятҳои дар ихтиёрбуда истифода барем ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ масъулияти худро баланд бардорем.

 

Дар идома миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро ироа намуданд.

 

Дар охир, вазири маориф ва илм бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара, фармоишҳои вазири маориф ва илм ва масъалагузориҳо барои соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2024 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.   Аз ҷумла, бинои маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳробод сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Иншоот дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои 13 мутахассис шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст.   Ҳамчунин, бинои филиали корхонаи воҳиди давлатии Тоҷиксуғурта дар ҳамин шаҳрак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти нав дорои шаш ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.   Дар идомаи иқдомҳои созанда маркази ташхисию табобатии ҶДММ Луқмони Ҳаким-2014 низ ифтитоҳ гардид. Иншоот бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҳакимҷон Рӯзиев бунёд шуда, аз 18 ҳуҷраи хоби беморон ва 34 кат иборат мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки марказ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, барои ташхису табобати беморон имкониятҳои васеъ дорад. Бо мавриди истифода қарор додани он зиёда аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.   Дар деҳаи Тоҷикободи деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов муассисаи таҳсилоти томактабии Истиқлол ба истифода дода шуд. Бино барои фарогирии 240 кӯдак пешбинӣ гардида, дорои шаш гурӯҳ мебошад. Дар муассиса 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.   Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Фаришта, воқеъ дар деҳаи Навбунёди деҳоти Гулхона, ки бо ташаббуси соҳибкор Далер Каримов сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассиса барои қабули 240 кӯдак пешбинӣ шуда, бо фаъол гардидани он 40 нафар бо кор таъмин шуданд.   Дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи ҶДММ Файзи Меҳробод оғози расмӣ бахшида шуд. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Шаҳноза Буттаева бунёд шуда, барои 25 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Гуфта шуд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 480 тонна оби нӯшокиро ташкил медиҳад. Ашёи хом аз деҳаи Деҳмой дастрас гардида, маҳсулот дар зарфҳои ҳаҷмашон гуногун ҷой карда мешавад.   Инчунин, толори нави варзишии федератсияи бокси вилояти Суғд низ ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар ҳамкорӣ бо раиси федератсияи бокси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирӯзи Азимҷон сохта шудааст.   гуфта шуд, ки толори варзишӣ 30 метр дарозӣ, 19 метр паҳноӣ, 8,7 метр баландӣ ва 350 ҷойи нишасти тамошобинон дошта, барои машқу тамрини 120 варзишгар пешбинӣ шудааст. Бо таъсиси он 15 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудааст.   Таъкид гардид, ки дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 8 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, беш аз 150 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.   Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.   Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.   Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.   Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.   Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.

    87

    03.11.2026
  •  img
    Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар минтақаи озоди иқтисодии Суғдро ба истифода доданд.   Зимни шиносоӣ ба Сарвари кишвар иттилоъ дода шуд, ки иқтидори технологияи насбшуда истеҳсоли 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро дар бар гирифта, дар корхона 60 ҷойи корӣ муҳаё гашт.   Тавлиди нӯшокиҳои табобатии алоэ-вера, чойи хунук ва шарбати мева самти асосии фаъолияти корхона ба шумор меравад. Оби нӯшокии алоэ-вера барои рӯдаю меъда хусусияти табобатӣ дорад ва тақрибан 60 фоизи маҳсулоти корхона барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар хатти якуми технологӣ зарф бо андозаҳои гуногун ва дар хатти дуюм маҳсулоти ташнагишикан истеҳсол карда мешавад.    Гуфта шуд, ки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Райан дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши хусусӣ аз ҷониби Саидамон ва Ҷаҳонгирхон Исомиддинзодаҳо бунёд шудааст.  Технология аз Италия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ барои табодули таҷриба ва истеҳсоли маҳсулоти босифат дар корхона мусоидат мекунад.   Корхона аз ду хатти технологӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот ва бинои маъмурӣ иборат мебошад. Дар ҳуҷраҳои корию маҷлисгоҳи бинои маъмурӣ мутобиқ ба талабот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Таъсиси корхона имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли оби нӯшокии алоэ-вера дар Тоҷикистон ба роҳ монда шавад ва вобастагӣ аз воридоти ин намуди маҳсулоти саноатӣ коҳиш ёбад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии шаҳрвандон ба кор ва ноил шудан ба саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуда, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи муфид аз имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ ва дигар дастгириҳои Ҳукумати кишвар ҳидоят намуданд.   Таъкид гардид, ки ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд 29 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, соли равон аз ин шаҳраки саноатӣ ба 12 давлати дуру наздик маҳсулот содир карда шудааст.   Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар 9 моҳи соли 2026 ба маблағи умумии 485 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 66 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

    67

    03.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои тарабхонаи Форел Платинум ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳри Хуҷанд 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ Гулмоҳии Хуҷанд ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардидааст.   Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тарабхона ва базмгоҳ бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сангҳои мармар бунёд гардида, барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию миллӣ, тӯйи домодию арӯсӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва хизматрасонии сатҳи баланд пешбинӣ гардидааст.   Дар тарабхонаи Форел Платинум мутахассисон ва пазандаҳои моҳир, асосан гулмоҳӣ, хӯришҳо ва дигар навъҳои хӯроки милливу аврупоиро ба таври дудпаз, бирёнӣ ва обпаз ба меҳмонону сайёҳон пешниҳод менамоянд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ошпазҳои корозмуда ва моҳири маҳаллӣ, ошпазҳои соҳибкасб аз дигар кишварҳо низ ба кор ҷалб гардидаанд.   Дар тарабхонаи Форел Платинум дастгоҳу таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, сарднамоӣ ва ҳавокашии Чиллер аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст.   Дар тарабхона, ҳамчунин, нонвойхона фаъолият менамояд, ки дар он маҳсулоти гуногуни нонӣ бо таъму лаззати хос пешниҳоди мизоҷон мегарданд.   Гуфта шуд, ки Форел Платинум сеюмин тарабхонаест, ки бо иқдоми созандаи соҳибкор Муҳсин Шодиев таъсис дода шудааст. Яке аз он тарабхонаҳо дар пойтахти ҷумҳурӣ, соҳили дарёи Душанбе ва 2-тои дигар дар соҳили Сирдарё қомат афрохта, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.   Барои истироҳати меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир қаиқҳо низ фаъоланд, ки бо майлу хоҳиши сайёҳон қаиқронҳо метавонанд барои сайругашти обӣ ба онҳо хизмат намоянд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сокини шаҳри Хуҷанд устои гаҷкор Мирзораҳим Қодирӣ қаиқи наву замонавӣ дар муддати 1 сол сохта шуд, ки барои хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар соҳили дарёи Сир омода аст.   Сарвари давлат ба иқдоми созандаи Мирзораҳим Қодирӣ баҳои баланд дода, ба ӯ ва масъулони дахлдор дастуру тавсия доданд, ки дар оянда истеҳсоли навъҳои гуногуни қаиқҳоро ба роҳ монанд, то аз чунин маҳсулоти ватании сифати баланд дар ҳамаи рӯдҳои калон ва обанборҳои  кишвар истифода шавад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми созандаи соҳибкоронро дар ободонии Ватан намунавӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки дар баробари ҷалби ошпазҳои соҳибкасби хориҷӣ, ба масъалаи тайёр кардани ошпазҳои моҳири сатҳи байналмилалӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ низ диққати ҷиддӣ диҳанд ва хизматрасониву ҷалби сайёҳонро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.    Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхона ва базмгоҳи Форел Платинум 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.     Дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев марҳилаи 1, таҷдиди пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои Сирдарё дар хиёбони Исмоили Сомонӣ марҳилаи 2, мустаҳкамкунии соҳил ва таҷдиди роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё марҳилаи 3, таҷдиди хиёбони Истиқлол марҳилаи 4 муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дарозии пули мошингузар аз хиёбони Рифъат Ҳоҷиев то гардиши кӯчаи Раҳмон Набиев, тибқи лоиҳа, 200 метрро ташкил дода, паҳноии умумии он бо 4 хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёт ва бо назардошти пиёдароҳҳо 25,55 метрро ташкил медиҳад.   Дар пули мошингузар 7 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 84 болори мустаҳкам насб карда мешавад.   Дар марҳилаи 2 таҷдиди ду пули мавҷуда ва сохтмони пули нав аз болои дарёи Сир бо дарозии 275 метр бо 8 сутунпояи оҳану бетонӣ ва 140 болор бунёд хоҳад шуд.   Дарозии умумии роҳи мошингузари кӯчаи Раҳмон Набиев дар соҳили чапи Сирдарё 3,8 километр бо ду хатти ҳаракат аз ҳарду самт ва дарозии роҳи таҷдидшавандаи хиёбони Истиқлол 3,2 километр бо се хатти ҳаракат аз ҳар ду самтро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа насби қубурҳои обпарто, сохтмони деворҳои муҳофизатӣ ва бунёди низоми равшанидиҳии роҳ пешбинӣ гардидааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки зимни корҳои сохтмонии пул ва роҳҳои мошингузар, ба сифати маҳсулот ва кор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳр, рафту омади бемамониати сокинону меҳмонон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот нақши муҳим дорад.   Ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои дар оянда татбиқшаванда дар вилояти Суғд ба монанди сохтмони Маркази тамаддуни ориёӣ ва Китобхонаи вилоятӣ, Чойхонаи миллӣ дар соҳили дарёи Сир, меҳмонхонаи Ҳилтон, маҷмааи меҳмонхонаи Истиқлол ва навсозии меҳмонхонаи Хуҷанд дар шаҳри Бустон муаррифӣ карда шуд.

    73

    03.11.2026