05.12.2025
Табассуми Ҷиёнхон – хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод буда, соли 2025 ғолиби Шоҳҷоиза аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид. Ӯ соли равон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи аз забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гардидааст. Дар муассисаи болозикр маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Хони адаб” амал мекунанд, ки Табассум роҳбари ин маҳфилҳо мебошад. Инчунин, узви маҳфили “Ватанпарвар”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
– Ангезиши омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар шумо аз куҷо пайдо гардид ва барои иштирок чанд сол заҳмат кашида, чӣ қадар асарҳоро мутолиа кардед?
– Ба омӯзиши осори кӯдакону наврасон ва адабиёти шифоҳӣ дар ниҳоди ман муҳити хонавода ва мактаб таъсир расониданд. Аз овони кӯдакӣ ба хондан шавқ дорам, зеро дар оилаи мо китобро дӯсти наздик дониста, падару модарам ҳамеша моро ба омӯзиш ҳидоят мекунанд. Омӯзгорони мактаб ҳам маро ба мутолиаи осор ҷалб мекарданд, оҳиста-оҳиста дарк кардам, ки адабиёти кӯдакон на танҳо воситаи омӯзиш, балки роҳ барои дарёфти донишҳои нав мебошад. Барои иштирок дар ин озмун бештар аз 5 сол пайваста ба омӯзиш машғул гардида, дар ин муддат зиёда аз 500 асару матолиби бадеии кӯдакона ва осори шифоҳиро мутолиа намудам. Адабиёти кӯдакона яке аз муҳимтарин василаҳои ташаккули маърифати шахс аст. Ҳамин осор заминаи аввалини муҳаббат ба китоб, ахлоқи нек ва худшиносиро дар инсон мегузоранд. Инчунин, адабиёти кӯдакона дорои забони сода буда, ба хонанда муҳаббат ба китоб ва илму донишро бештар намуда, некӣ, ростӣ, меҳрубонӣ ва меҳнатдӯстиро талқин менамояд.
Дар асарҳои кӯдакон самимият, меҳру муҳаббати модариву ватандорӣ ва зебоиҳои зиндагӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳар қаҳрамон ва ҳар образи офаридаи адибон бароям дарси ҳаётӣ ва як манбаи илҳом мебошанд.
– Ҳангоми хондани асарҳои кӯдакона ба кадом паҳлуҳои онҳо эътибор медиҳед (мазмун, ҷараёни воқеаҳо ва образҳои офаридаи адибон) ва чаро?
– Ҳангоми мутолиаи асарҳои кӯдакона, пеш аз ҳама, ба мазмуну муҳтаво, ҷараёни воқеаҳо ва тарзи баёни образҳо таваҷҷуҳ мекунам. Зеро ҳамин паҳлуҳо завқи хонандаро бедор месозанд ва муҳтавои аслии асарро равшан мекунанд. Агар мазмун равшан ва омӯхташаванда бошад, хонанда аз он дарс мегирад. Вақте қаҳрамон дурандеш, меҳнатдӯст ва поквиҷдон аст, кӯдак мехоҳад ба ӯ пайравӣ кунад. Аз хондани осори бадеӣ илҳоми маънавӣ мегирам. Вақте ки китоб мехонам, худро дар ҷаҳони дигар эҳсос мекунам. Мутолиа ба ман имкон медиҳад, ки ҳамеша ҷӯяндаву меҳрубон буда, ҷаҳонбиниамро васеъ намоям. Ҳар саҳифа барои ман як қадам ба дунёи илму ирфон ва фарҳангу омӯзиш аст.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вақтҳои холигӣ ба эҷод низ машғул мешавам. Ҳикояҳо менависам ва ҳангоми эҷоди онҳо ба мазмун ва ҷараёни воқеаҳо бештар таваҷҷуҳ мекунам. Ҳикояҳои эҷодкардаам пайваста дар нашрияи кӯдакону наврасон “Пайрав” ба нашр мерасанд.
– Ҳамчун роҳбари маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” (дар муассиса) нақши озмуни мазкурро ба тақвияти омӯзиши осори бадеӣ ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеаи имрӯза чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
– Мушоҳида кардам, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷомеаи моро бештар ба китобхонӣ, андешидану таҳлил кардан раҳнамун сохт. Кӯдакону наврасон дарк карданд, ки мутолиа танҳо вазифа нест, балки равшанкунандаи роҳи имрӯзу фардо мебошад. Дар маҷмуъ, ин озмун ба баланд шудани фарҳанги мутолиа ва худшиносии миллӣ дар ҷомеаи мо ҳиссаи назаррас гузошт. Озмуни мазкур роҳест ба сӯйи донишу худшиносӣ ва сарбаландӣ.
– Натиҷаи заҳмати шумо буд, ки соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гардидед. Ҳангоми ба даст гирифтани он чӣ эҳсосе шуморо фаро гирифт?
– Ҳангоми ба даст гирифтани Шоҳҷоиза лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар зиндагиям буд. Ин ҷоиза натиҷаи заҳматҳову талошҳои бепоёнам аст, ки бо роҳнамоиву дастгириҳои падару модар ва омӯзгорам Шаҳноза Дониёрова ба даст омадааст. Мақсад дорам маблағи Шоҳҷоизаро барои таҳсил ва харидории китобҳо сарф намоям. Чунки дониш беҳтарин сармоя аст. Ғайр аз ин, барои такмили малакаи касбӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ истифода хоҳам кард.
– Дар оянда чӣ нақша доред ва дар кадом соҳа мехоҳед таҳсил намуда, соҳибкасб гардед?
– Мехоҳам таҳсилро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ идома диҳам ва як дипломати асил гардида, ба миллат ва Ватани хеш хидмат намоям. Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор муаррифӣ намуда, дар пешрафти бештари мамлакатамон саҳмгузор бошам.
– Ташаккур барои суҳбати самимӣ!
– Саломат бошед!
Мусоҳиб Ирода ТИЛАБОВА,
“Омӯзгор”