Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024

30.12.2024

Имрӯз 30.12.2024. ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардида, вазифаҳои барои соли 2025 баррасӣ ва пешниҳод гардид. Дар ҷаласа намоянда аз вазорати маориф, Сироҷиддин Ниёзӣ - сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, ҳисоботи солонаи фаъолияти Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро мусбӣ арзёбӣ намудаанд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа ходимони илмие, ки барои саҳми арзанда дар кори таълиму тарбияи насли наврас, таҳқиқ ва татбиқи масъалаҳои муҳими маориф, хизмати бенуқсон ва муваффақиятҳои арзанда дар соли сипаришуда бо ифтихорномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд.

  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img
  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img
  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img
  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img
  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img
  • Ҷаласаи ҳайати Шурои олимони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз 30.12.2024 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.   2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).   3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.   4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.   6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.   7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 2 январи соли 2025 №АП-710

    43

    02.01.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ 1048 НАФАР ДАР РӮЗИ АВВАЛ: ИФТИТОҲИ МАРОСИМИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ Имрӯз, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино маросими бошукӯҳи ифтитоҳи даври сеюм (шаҳрӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Дар ин чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудирони шуъбаҳои маорифи пойтахт, ҳамчунин директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуда, ба хонандагон барору комёбиҳо орзу намуданд.   Чорабинӣ бо суханронии директори Муассисаи давлатии "Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" Султонзода Нигора Латиф оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки “Олимпиада барои нишон додани дониш ва малака имконияти хуб мебошад”. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки иштирокчиён ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.   Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар баромади худ афзуд ки “Муҳим нест, ки имрӯз натиҷаи шумо чӣ гуна хоҳад буд. Муҳим он аст, ки шумо кӯшиш мекунед ва бо дониш ва малакаи худ барои расидан ба ҳадафҳо мубориза мебаред. Ба ҳар яки шумо муваффақият ва қадамҳои устувор дар роҳи расидан ба орзуҳои бузургатон таманно дорам!”   Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзи аввал, 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар Олимпиада иштирок доранд ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.   Ин рӯйдод нишондиҳандаи рушди истеъдодҳои наврасон ва ҷавонон буда, шаффоф ва одилона натиҷагирӣ карда мешавад.

    32

    02.01.2025
  •  img
    АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.   2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).   3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.   4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгорон, падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии Озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.   5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни мазкур 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.   6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.   7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ш. Душанбе 2 январи соли 2025 №АП-709

    34

    02.01.2025