05.05.2025

 img

5 майи соли 2025 бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва сардорони раёсату шуъбаҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳияи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Сардори шуъбаи сифати таҳсилот Айниддин Холиқзода вобаста ба Нақшаи миёнамуҳлати амалисозии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 баромад намуда, ба масъалаҳои марбут ба мониторинг, таҳлили натиҷаҳо ва беҳтарсозии низоми арзёбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.

 

Ҳамзамон, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Муҳибулло Низомзода вобаста ба Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2025–2027 Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм маъруза намуда, самтҳои афзалиятноки рушди фанҳои мазкурро барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон шарҳ дод.

 

Сипас, муовини вазири маориф ва илм ба зарурати таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқсозии он ба стандартҳои байналмилалӣ таъкид намуда, дар робита ба ин масъала дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

 

Дар анҷоми ҷаласа ҷиҳати тақвияти ҳамоҳангсозии байнисохторӣ ва идомаи таҳияи мукаммали ҳуҷҷатҳои стратегӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯҲО img
  • ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯҲО img
  • ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА БАРРАСИИ СТРАТЕГИЯҲО img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲМОТ" МИЁНИ ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш ва рушди бозии «Шоҳмот»  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ҷумҳурӣ бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Шоҳмот» миёни хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар соли 2025 баргузор гардид.   Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун низоми таълиму тарбия асосан ҳангоми фориғ будан аз таҳсил ва дар асоси  барномаҳои таълимии иловагӣ дар заминаи муассисаҳои  таълимӣ роҳандозӣ гардида, барои интихоби бошууронаи касб замина фароҳам меоварад, ки дар таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Вазорати маориф ва илм  қарор дорад.    Бо мақсади сайқал додани дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва рушди қобилияти фикронӣ онҳо дар 84 муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ 106 маҳфилҳои «Шоҳмот ва шашка»  бо фарогирии 2425 таълимгиранда ташкил карда шудааст.   Бозии шоҳмот аз рӯзи пайдоиш то ба имрӯз дар байни мардуми сайёра ҳамчун бозии ақлу заковат, мантиқу фалсафа ва оромкунандаи асаби инсон маҳбубият пайдо кардааст.   Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Шоҳмот» миёни  хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ  бо мақсади рушду омавигардонии бозии «Шоҳмот» инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати зеҳнӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорону дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар чор давр аз моҳи феврал оғоз гардида, имрӯз ғолибони даври сеюм  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри  Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар даври ҷамъбастии мусобиқа иштирок додаранд.   Мусобиқа бо хулосаву натиҷагирии ҳайати доварон ҷамъбаст гардида, 18 нафар ғолибон аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо диплому тӯҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида шуданд

    17

    06.05.2025
  •  img
    ИДОМАИ БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ОСЕБДИДА ДАР НОҲИЯИ РАШТ 6 майи соли 2025 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар ҳамроҳӣ бо ҳамоҳангсози барномаи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Иброҳим Этҳем аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№67 ва 37-и ноҳияи Рашт боздид намуданд.   Зимни боздид ҳайат нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67, воқеъ дар деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт дидан намуда, бо вазъи ҷорӣ ва шароити таҳсил дар он шинос гардиданд. Ҳамоҳангсози барномаи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) изҳори омодагӣ намуд, ки дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда сохтмони синфхонаҳои иловагии муосирро бо тамоми шароити зарурии таълимӣ дар муассисаи мазкур роҳандозӣ намояд.   Муовини вазир зимни суҳбат таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла бо ТИКА изҳори қаноатмандӣ мекунад ва барои тавсеаи чунин ҳамкориҳо дар самти дастгирии инфрасохтори таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст омода мебошад.   Қайд гардид, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла системаи гармидиҳии мутобиқ ба иқлим, синфхонаҳо ва лабораторияҳои фаннии муҷаҳҳаз сохта шуда, он метавонад дар беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    13

    06.05.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ОМӮЗГОРОН ДАР ШАҲРИ ҲИСОР Имрӯз, 5 майи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 шаҳри Ҳисор вохӯрӣ анҷом дода, бо онҳо вобаста ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, таваҷҷуҳи бештар ба тарбияи насли наврас, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ба роҳ мондани усулҳои муосири дарсдиҳӣ ва ғайра суҳбат намуд.   Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо омӯзгорони муассиса таъкид намуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд сол аст, ки дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегарданд. Баргузории озмунҳои мазкур дар тарғиби маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти маърифати илмӣ ва таҳкими рӯҳияи созандагии хонандагон замина мегузорад.   Ҳамзамон, вазир зарурати истифодаи васеи фанновариҳои муосир дар раванди таълиму тарбияро таъкид намуда, изҳор дошт, ки таҳияи дарсҳо бо усулҳои ҷолибу инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва ҳавасмандсозии хонандагон ба иштирок дар озмуну олимпиадаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як омӯзгор қарор гирад.   Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм як гурӯҳ омӯзгоронеро, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гаштаанд, бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ кард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    83

    05.05.2025