ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

29.11.2024

29-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Ҳукумат ҷаласаи кории назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.

 

Вазири маориф ва илм зимни баргузории ҷаласа аз масъалаҳои дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасигардида ёдовар шуда, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушахаас дод.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, тадбирандешӣ барои истиқболи сазовор аз Наврӯзи ҷаҳонии оянда, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани заминаҳои мусоид барои Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, мубориза бар зидди хатарҳои замони муосир ва чанде дигар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    НАЗОРАТИ РАФТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА МУТОЛИАИ КИТОБҲОИ ИЛМИЮ БАДЕӢ Даври вилоятии озмуни  "Беҳтарин хонандаи китобҳои илмӣ ва бадеӣ дар байни кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон" ҳамарӯза доир гардида истодааст.   Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалб намудан ба китобхонӣ мебошад.   Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода барои назорати рафти озмун иштирок карда, ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати таъмини шаффофият ва баҳогузорӣ кардани беҳтарин хонандагони китобхонаҳои илмӣ ва бадеӣ таъкид намуданд.   Гуфта шуд, ки озмун ҳамаи кормандони соҳаи маорифро дақиқан ба мутолиаи китоб ҷалб мекунад. Зеро аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо довталабон ширкат намуда, донишу маҳорати худро месанҷанд.    Лозим ба ёдоварист,ки даври вилоятии озмуни мазкур идома дошта, ҳамарӯза довталабон фаъолона иштирок доранд.   Хадамоти матбуоти  Раёсати маорифи  вилояти Хатлон

    0

    02.12.2024
  •  img
    МИНБАРАТ АЗ ПАРТАИ МАКТАБ. БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МАКТАБИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Дар доираи баргузории ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат директорони муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта аз Осорхонаи мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздид карданд.   Дар раванди боздид тазаккур дода шуд, ки осорхонаи мазкур аз санаи 9-уми марти соли 2005 ба фаъолият шуруъ карда, дар он даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва даврони фаъолияташон даврабандӣ шуда, инъикос гардидааст. Ҳамчунон, синфхонаи таҳсилкардаи Пешвои миллат бо мизу курсиҳо нигоҳ дошта шудааст.

    14

    30.11.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара" ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид.   Ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" ва "Гимназияи ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд.   Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.

    14

    30.11.2024