ҶАЛАСАИ МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ “ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
24.10.2024
24-уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷаласаи муаррифии лоиҳаимуштараки “Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (марҳилаи 2) баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои рушду тавсеаи маорифи миллӣ ва амалинамоии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар марҳилаи аввали “Лоиҳаи муштарак оид ба амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳое зиёде ба анҷом расидааст, ки омили таъсиррасон барои рушди соҳаи маорифи миллӣ мебошад.
Дар идома намояндагони шарикони рушд ва лоиҳаи болозикр доир ба натиҷаҳо ва дастовардҳои марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ мешавад ва амалигардонии он ҷиҳати баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилоти асосӣ, фароҳам овардан шароити мусоид барои хонандагон ва муаллимон, дастгирии институтсионализатсия ва татбиқи ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти фарогир дар асоси салоҳият бо назардошти омилҳои гендерӣ, таъсис додани системаи таълимии доимии касбии омўзгорон ва рушди ҳамаи самтҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
10
26.10.2024 -
10
26.10.2024 -
10
26.10.2024