30.07.2025

 img

30 июли соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд.

 

Вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа таъкид намуд, ки соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди ин соҳа дар кишвар шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар солҳои охир барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар кардани инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон тадбирҳои мусбӣ амалӣ гардида истодааст.

 

Дар идома сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода вобаста ба натиҷаҳои комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024-2025 гузориш пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки замони муосир ва пешрафти илму техника тақозо менамояд, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад ва он бояд ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ин радиф, аттестатсияи хатм ҳамчун марҳилаи хотимавии таҳсил ба ҳисоб рафта, мутобиқати мазмун, мундариҷа ва сатҳу сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилот муқаррар менамояд.

 

Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки аттестатсияи хатм танҳо натиҷаи фаъолияти таълимии донишҷӯ набуда, балки аз фаъолияти тамоми кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар раванди таълим натиҷагирӣ менамояд. Роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои холисона ва воқеъбинона баҳогузорӣ кардани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён рафти баргузории аттестатсияи хатмро назорат намоянд.

 

Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода дар бораи лоиҳаи Низомномаи Озмуни “Хонандаи сол” ва Тартиби сафарбар намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ маълумот дод.

 

Дар идома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода оид ба тасдиқи адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузориш пешниҳод намуд.

 

Дар ҷамъбасти ҷаласа, вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Таъкид гардид, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои соли нави хониш ҳамаҷониба омодагӣ дида, атрофи муассисаҳоро тозаву озода намоянд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МИССИЯИ FCDO БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо намояндагони миссияи FCDO-и Британияи Кабир баргузор гардид. Мулоқот дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии «Суръат бахшидан ба сатҳи маориф дар Осиёи Марказӣ барои устуворӣ» доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, роҳбарони сохторҳои вазорат, инчунин намояндагони миссияи байналмилалӣ иштирок намуданд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, такмили низоми арзёбии сифати таҳсил ва истифодаи таҷрибаҳои муосири байналмилалӣ дар рушди низоми маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки дар солҳои охир дар низоми маорифи кишвар як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ шуда истодаанд ва дар ин раванд ҳамкорӣ бо шарикони рушд нақши муҳим мебозад. Татбиқи барномаҳо ва ташаббусҳои муштарак барои таҳкими иқтидори миллӣ дар самти арзёбии натиҷаҳои таҳсил, таҳияи воситаҳои муосири арзёбӣ ва баланд бардоштани сифати таълим заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар доираи миссияи мазкур баргузории як қатор вохӯриҳо бо ниҳодҳои марбута ва шарикони байналмилалӣ, инчунин боздид аз муассисаҳои таълимӣ барои шиносоӣ бо раванди озмоиш ва татбиқи воситаҳои арзёбӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи минбаъдаи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил иброз намуданд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    89

    11.03.2026
  •  img
    МОДАРОН САФОБАХШИ ЗИНДАГИЯНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи модар  Модарони азиз! Муҳтарам бонувони соҳаи маориф! Ба муносибати фарорасии Рӯзи модар, ки яке аз ҷашнҳои фархунда ва пурифтихори кишвари соҳибистиқлоламон ба шумор меравад, ҳамаи шуморо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат, сарбаландӣ ва хушбахтии ҳамешагӣ орзу менамоям. Дар диёри маҳбуби мо Рӯзи модар ҳамасола ҳамзамон бо оғози зеботарин фасли сол — баҳори нозанину ҷаҳоноро таҷлил мегардад. Ин ҳамбастагӣ рамзи амиқи маънавӣ дорад, зеро модар низ, мисли баҳор, рамзи ҳаёт, ҳусну тароват, зебоӣ ва эҳёи зиндагист. Модар сарчашмаи офариниш, манбаи меҳру муҳаббат ва намунаи садоқату вафодорист. Ӯ посбону нигоҳдорандаи ҳаёти инсон буда, ба зиндагӣ нуру сафо мебахшад. Шодиву хуррамии рӯзгори ҳар яки мо самари меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва заҳмати шабонарӯзии модарон аст. Модарон тамоми умр бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд: аз ба дунё овардану тарбияи фарзандон то танзиму пешбурди рӯзгор. Онҳо моро ба роҳи неку покизагӣ, ба ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ мекунанд. Аз ҳамин ҷост, ки эҳтирому қадрдонии модар ва гиромидошти мақоми ӯ аз волотарин фазилатҳои инсонӣ ва қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди бовафо ба шумор меравад. Бузургони хирад низ ба ин нуқтаи муҳим таъкид намудаанд: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Боиси ифтихор аст, ки бонувони тоҷик дар баробари покдоманиву хирадмандӣ, инчунин, бо ҷасорат, матонат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ дар паҳлуи мардон қарор гирифта, барои ҳифзи Ватан, адолат ва ҳувияти миллӣ талош менамоянд. Ин хислатҳои олии занони тоҷик дар осори безаволи адабӣ, махсусан дар шоҳасари ҷовидонаи Абулқосими Фирдавсӣ — «Шоҳнома», ба таври равшан ва пурҷило тасвир шудаанд. Қобили зикр аст, ки ин асари гаронмоя ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадони тоҷик тақдим гардид. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои занону модарони тоҷик имкониятҳои нав ва марҳалаи тозаи фаъолият фароҳам гардид. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад» ва «Занон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд». Дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти кишвар, занону бонувон имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи фаъол ва арзанда доранд. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид иброз доштанд:«Мо нақши занону бонувони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем». Боиси қаноатмандист, ки занону бонувони тоҷик дар соҳаи маориф ва илм низ фаъолияти пурсамар доранд. Онҳо дар тарбияи насли наврас, ташаккули маърифат ва баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон саҳми назаррас мегузоранд. Имрӯз дар соҳаи маориф беш аз ҳафтод фоизи кормандонро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нишонаи эътимоди баланд ба неруи зеҳнӣ ва қобилияти касбии онҳо мебошад. Занону бонувони соҳаи маориф дар татбиқи сиёсати давлатии соҳа, иҷрои барномаҳои муҳими миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак», ҳамчунин барномаҳои рушди илм ва маориф, саҳми арзишманд мегузоранд. Онҳо дар ҳифзу густариши арзишҳои миллӣ, тарғиби анъанаҳои нек ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муҳим доранд. Соли ҷорӣ, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ эълон шудааст, занону бонувони тоҷик фаъолияти худро боз ҳам густариш дода, барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Модарону бонувони гиромӣ!  Ҳузури шумо дар зиндагӣ рамзи ҳусну тароват, меҳру муҳаббат ва саодати инсон аст. Хиради равшан, иродаи устувор ва меҳрубонии бепоёни шумо пояҳои мустаҳками оила ва ҷомеаро таъмин мекунад. Бо талошу заҳмати шумо фардои Ватани азизамон боз ҳам дурахшонтару ободтар хоҳад гардид. Бо чунин ниятҳои нек ҳамаи шумо — модарону бонувони гиромии кишварро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ, рӯзгори пурсаодат ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям. Ҷашн муборак, модарони азиз!  

    77

    07.03.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА ТАКМИЛИ КОНСЕПСИЯИ ТАҲИЯИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми вазир Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методии соҳаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, такмил ва рушди санадҳои меъёрӣ дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нахуст муовини якуми вазир зимни суханронии худ оид ба аҳаммияти такмили низоми таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири таълим ва талаботи байналмилалӣ ибрози назар намуд. Сипас ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тавзеҳоти ҳуқуқию педагогӣ оид ба такмили консепсия ироа намуда, ҷанбаҳои назариявӣ, меъёрӣ ва амалии ҳуҷҷати мазкурро шарҳ дода, таъкид дошт, ки консепсияи такмилёфта бояд ба принсипҳои шаффофият, сифати илмӣ, мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фарогирии равандҳои инноватсионӣ такя намояд. Дар идома муовини директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ шакли такмилёфтаи “Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуда, тағйиру иловаҳои воридгардида, ҳадафу вазифаҳо ва механизмҳои амалисозии онро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Дар қисмати муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили минбаъдаи санади манзур намуданд. Намояндагони ЮНИСЕФ омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва расонидани дастгирии техникӣ дар самти рушди муҳтавои таълимӣ ва таҳияи маводи таълимии босифат изҳор доштанд. Дар фарҷоми мизи мудаввар қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар самти такмили сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳияи китобҳои дарсӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ тақвият дода мешаванд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    68

    05.03.2026