21.02.2025
Имрӯз, 21-уми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.
Сипас, ҳисоботҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Ҳусниддин Сангинов оид ба вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳри Ҳисор шунида шуд.
Гуфта шуд, ки дар соли 2024 иқтидори илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва самтҳои дигари марбут ба илм назаррас буда, зиёдшавии омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳ тадриҷан рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳамзамон дар донишгоҳ 6 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 13 ихтисос фаъолият менамояд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, иқтидори илмии донишгоҳ, афзоиши шумораи устодони дорои унвони илмидошта, фаъолияти илмии донишгоҳ, таҳсили донишҷӯён дар зинаи магистратура, ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби унвонҷӯён, муҷаҳазгардонии лаборатория ва озмоишгоҳҳои илмӣ, нашри мақолаҳои устодон ва кормандони донишгоҳ дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони донишгоҳ, иштироки донишҷуёну омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фарогирии бештари кӯдакон дар кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб намуд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон