20.02.2025

Имрӯз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ дар такмил, рушди дониш, маҳорат ва малакаи хеш имкониятҳои васеъ доранд. Маҳз воситаҳои муосири таълим, мисли сарчашмаҳои таълимии электронӣ, аудиовизуалӣ, техникаву технологияҳои иттилоотӣ, китобхонаҳои электронӣ ва инчунин, китобу энсиклопедияҳои муосир барои рушди бомуваффақияти донишандӯзии хонанда шароити хуб фароҳам меорад.

 

Дар асри ХХI китобу адабиёт ва энсиклопедияҳо низ зарур ва муҳим ҳастанд. Хонанда бо истифода аз китобу адабиёту энсиклопедия ва маводи илмӣ-назариявӣ донишҳои худро рушд мебахшад. Дар ин ҷода ҳадафҳои стратегии давлат дар самти таълиму тарбияи насли ояндаи кишвар бомуваффақият ва дар вақти оқилона кӯтоҳ амалӣ мешаванд.

 

Баҳри донишандӯзии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон аз ҷониби мутахассисони соҳа китобу энсиклопедия, маводу китобҳо таҳия ва омода шуда истодаанд. Китобҳои омодашуда барои баланд бардоштани иқтидори эҷодии шахс, дар таҳсил ва кор муваффақтар шудан ва ҷаҳони атрофро равшантар кардан кумак мекунанд.

 

Аз ҷониби мутахассисони соҳаи маориф Қаюмов Файзалӣ, Қодирӣ Илҳомҷон ва Аваззода Гулнар аз МД “Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон” ва Ғафорзода Муҳаммадҷон, Ғафуриён Нурулло аз МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” дар ҳамбастагӣ китоби “Донишномаи хонанда” барои хонандагони синфҳои 5-11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳти унвони “Донишномаи хонанда” таҳия гардид.

 

Мақсади асосии китоби “Донишномаи хонанда” пеш аз ҳама баланд бардоштани дониши хонандагон, бедор кардани завқу ҳавас ба мутолиаи адабиёти бадеиву илмӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, донистани мафҳумҳои илмӣ ва ҳозирҷавоб будан, маълумоти назариявӣ доштан аз ҳамаи фанҳои таълимӣ, ҳавасмандии хонандагон барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳои маҳалливу байналмилалӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносии миллӣ равона шудааст.

 

Китоб аз 3 боб иборат буда, ҳар боби он фанҳои таълимиро аз: ҷамъиятӣ-гуманитарӣ; табиӣ, дақиқу риёзӣ ва эҷодиву варзиш фаро мегирад. Ҳар як фанни таълимӣ дорои 50 савол бо ҷавобҳояш буда, пай дар пай оварда шудааст. Ҷамъ дар китоб 1550 савол бо ҷавобҳо таҳия гардидааст.

 

Ба воситаи бобу зербобҳои китоби “Донишномаи хонанда” хонанда ба дилхоҳ савол ва аз дилхоҳ фанни таълимӣ ҷавоби кӯтоҳ ва пурраро дастрас карда метавонад.

 

Дар таҳия ва омода кардани китоб мураттибон 68 адабиёти илмиро истифода карданд.

 

Қобили қайд аст, ки мураттибон ҳамаи паҳлуҳои истифодаи дурусти китобро ба инобат гирифта, барои хубу самаранок истифода кардани он саҳми арзанда гузоштаанд. Китоби “Донишномаи хонанда” барои на танҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, балки барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва ҳатто омӯзгорон саривақтӣ мебошад. Ба табъ расонидани китоби мазкур ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонидани он хело зарур ва муҳим аст.

 

 Зулфия Тошбоева,

сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии

Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

  • ИҚДОМ: “Донишномаи хонанда” ба табъ расид img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАННИ «ОМОДАГИИ ИБТИДОИИ ҲАРБӢ». Хонандагон дар ин дарс чиро меомӯзанд? Имрӯзҳо бо назардошти воқеаҳои ҷаҳонӣ, тағйироти геополитикӣ ва таҳдидҳои эҳтимолии амниятӣ ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва омодагии ҳарбӣ дар байни ҷавонон ба масъалаи муҳимми миллӣ табдил ёфтааст. Пешниҳодҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагии дифоии ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва ватандӯстии ҷавонон равона карда мешаванд, воқеан ҳам муҳим мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омӯхтани дарси омодагии дифои ҳарбӣ низ метавонад дар шуур ва афкори хонандагон ҳисси хештаншиносӣ ва меҳанпарастиро бедор намояд.   Тавре директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илм Шавкат Каримзода иброз дошт, дар доираи Стратегияи миллии рушди маориф ва барномаҳои давлатӣ таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва омодагии дифоии ҳарбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маориф ба шумор рафта, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» аллакай амалӣ шудааст, ки дар он хонандагон бо усулҳои ибтидоии ҳарбӣ, истифодаи яроқ, риояи интизоми низомӣ ва дигар малакаҳои зарурӣ шинос мешаванд. «Дарсҳои ин фан бо назардошти талаботи барномаҳои таълимӣ ва истифодаи методикаҳои муосир баргузор гардида, таълими фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ҷорӣ буда, мувофиқи барномаи тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад»,-гуфт ӯ.   Шавкат Каримзода мақсади асосии таълими ин фанро омода намудани хонандагон ба иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ барои ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакат меҳисобад.   «Барномаи таълимии «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» на танҳо ба дониши назариявӣ, балки ба малакаҳои амалии низомӣ ва вазъи равонӣ диққати махсус медиҳад. Хонандагон дар ҷараёни омӯзиш бо таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, сохтори неруҳои мусаллаҳ ва вазифаҳои асосии онҳо шинос мешаванд. Барномаи таълимии ин фан соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омодагии тактикӣ, тирандозӣ, ҳолатҳои фавқулода, мудофиаи гражданӣ ва омодагии ҷисмониро фаро гирифта, дар ҳаҷми 102 соати таълимӣ дарс дода мешавад»,-иттилоъ дод мавсуф.   Тавре маълум гардид, барномаи таълимии амалкунанда на танҳо ба омӯзиши назариявӣ, балки ба малакаҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан, кандани хандақ ва гузаштан аз монеаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.   Дар муассисаҳо барои гузаронидани машқҳои амалӣ аз майдонҳои махсуси таълимӣ истифода карда мешавад. Дарсҳо на танҳо бо усули назариявӣ, балки тавассути машқҳои амалӣ, аз қабили тирандозӣ, хазидан ва омӯзиши тактикаҳои ҳарбӣ баргузор мешаванд. Машғулияти амалӣ дар майдонҳои махсус ё синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо риояи қоидаҳои техникаи бехатарӣ гузаронида мешавад.   Тавре Шавкат Каримзода гуфт, «омӯзгорони фанни «Омодагии ибтидоии ҳарбӣ» дорои малакаи баланд буда, дарсҳоро тибқи низомномаи ҳарбӣ мегузаронанд. Сатҳи омодагии онҳо ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад. Ҳамчунин барои рушди малакаҳои амалӣ дар баробари дарсҳои назариявӣ машқҳои ҷисмонӣ, озмунҳо ва чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ доир мегарданд, ки ба ташаккули иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббат ба Ватан мусоидат менамоянд».   Бояд гуфт, ки тарбияи ватандӯстӣ, ки дар заминаи таълими ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ густариш меёбад, ҷузъи ҷудонашавандаи низоми таълимии Тоҷикистон мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври мунтазам чорабиниҳои ватандӯстона баргузор мегарданд, ки ба ташаккули ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватан равона шудаанд. Чунин чорабиниҳо, аз қабили вохӯриҳо бо собиқадорон, баёни дастовардҳои таърихӣ ва мероси ниёгон ба хонандагон имконият медиҳанд, ки дониши худро тақвият бахшида, онро дар амал истифода баранд.   Ба иттилои Шавкат Каримзода, омӯзгорони фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ пурра омода буда, таълими ин фаннро дар сатҳи баланд таъмин менамоянд. Дар мавриди либоси омӯзгорон иброз гардид, ки либоси низомӣ барои омӯзгорон унсури иловагӣ буда, талаботи ҳатмӣ надорад, зеро таъсири тарбиявии фан аз шахсияти омӯзгор ва усулҳои кори ӯ вобаста аст.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки «мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дастгирӣ менамоянд».   Воқеан ҳам, ба таври зарурӣ ба таълими ин фан фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ дар бедории ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми ин диёр таъсири баланд мегузорад. Шавкат Каримзода изҳор медорад, ки барои ташаккули руҳияи ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ гурӯҳҳои корӣ амал менамоянд, ки ба муассисаҳои таълимӣ рафта, бо хонандагон ва омӯзгорон вохӯриҳо мегузаронанд. «Ҳадафи ин гурӯҳҳо баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон оид ба хизмат ба Ватан ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстии насли наврас мебошад»,-гуфт ӯ.   Дар анҷом бояд гуфт, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон мебояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул шавем. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин самт равона намояд.

    67

    21.02.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ФЕВРАЛ БАРГУЗОР ГАРДИД Имрӯз, 21-уми феврали соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.   Сипас, ҳисоботҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода оид ба вазъи корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Ҳусниддин Сангинов оид ба вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳри Ҳисор шунида шуд.   Гуфта шуд, ки дар соли 2024 иқтидори илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва самтҳои дигари марбут ба илм назаррас буда, зиёдшавии омӯзгорони соҳибунвон дар донишгоҳ тадриҷан рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳамзамон дар донишгоҳ 6 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 13 ихтисос фаъолият менамояд.   Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассиса, иқтидори илмии донишгоҳ, афзоиши шумораи устодони дорои унвони илмидошта, фаъолияти илмии донишгоҳ, таҳсили донишҷӯён дар зинаи магистратура, ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби унвонҷӯён, муҷаҳазгардонии лаборатория ва озмоишгоҳҳои илмӣ, нашри мақолаҳои устодон ва кормандони донишгоҳ дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони донишгоҳ, иштироки донишҷуёну омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, фарогирии бештари кӯдакон дар кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак ҷалб намуд.   Дар охир, вазири маориф ва илм ба ҳозирин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, хуб ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    76

    21.02.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ 2-ЮМИН ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ ТУРКМАНИСТОН 20-уми феврал дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо даври интихобии 2-юмин Олимпиадаи математикии Туркманистан баргузор гардид.   Ҳамчунин, бо ҳадафи васеъ намудани доираи фарогирии даври интихобӣ ва ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои зертобеъ - Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Суғд ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ВМКБ даври интихобӣ гузаронида шуда, раванди он аз тарафи мутахассисони Марказ назорат гардид.   Бояд қайд намуд, ки дар даври интихобии Олимпиадаи мазкур 130 нафар хонанда ширкат варзиданд.   Даври ниҳоии Олимпиада аз 21 то 26 апрели соли 2025 дар шаҳри Ашқободи кишвари Туркманистон бо фарогирии хонандагони бештар аз 10 кишвар, бо ҳадафи фароҳам овардани шароит барои такомули тавоноиҳои касбӣ, ҳавасмандсозӣ барои омӯзиши фанни математика, интихоби касб ва ташаккули ҷаҳонбинӣ баргузор мегардад.

    62

    20.02.2025