ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

19.10.2024

19-уми октябри соли 2024 дар Муассисаи таълимии давлатии литсейи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.

Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ашти вилояти Суғд оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Хуҷанди вилояти Суғд” шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, ба таҳсили иловагӣ ҷалб намудани хонандагон, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, фарогирии хонандагони синфи 9 ба 10 ва аз таҳсил дурмонда, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини раиси вилояти Суғд ва раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар охир, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

Ҳамчунин, дар фарҷом вобаста ба фаъолияти хуби якчанд самтҳои корӣ шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо туҳфаи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илм, 10 нафар собиқадори соҳа ва 20 нафар кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ ба туҳфаи яквақтаинаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов 24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.   Таъкид шуд, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад.   Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.   Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.   Ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

    35

    24.10.2024
  •  img
    ҶАЛАСАИ МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ “ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” 24-уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷаласаи муаррифии лоиҳаимуштараки “Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (марҳилаи 2) баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, намояндагони шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Зимни сухани ифтитоҳӣ Раҳим Саидзода қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои рушду тавсеаи маорифи миллӣ ва амалинамоии “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар марҳилаи аввали “Лоиҳаи муштарак оид ба амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳое зиёде ба анҷом расидааст, ки омили таъсиррасон барои рушди соҳаи маорифи миллӣ мебошад.   Дар идома намояндагони шарикони рушд ва лоиҳаи болозикр доир ба натиҷаҳо ва дастовардҳои марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур суханронӣ намуданд.   Қайд гардид, ки лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд, Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ мешавад ва амалигардонии он ҷиҳати баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилоти асосӣ, фароҳам овардан шароити мусоид барои хонандагон ва муаллимон, дастгирии институтсионализатсия ва татбиқи ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти фарогир дар асоси салоҳият бо назардошти омилҳои гендерӣ, таъсис додани системаи таълимии доимии касбии омўзгорон ва рушди ҳамаи самтҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    24.10.2024
  •  img
    Маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид.   Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар ҳузури омӯзгорон ва ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявӣ изҳор дошт, ки рушду нумўи соҳаи маориф асоси пешрафти  ҷомеа ва иқтисодиёти он ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳа имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.   Таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва бедор намудани шавқу завқи  ҷавонон ба  омӯхтани  илму дониш давоми чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,  “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” гузаронида мешаванд.   Соли ҷорӣ низ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-480  ва дар ин замина қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 январи соли 2024, №19 ба тасвиб расид.   Тибқи Қарори Раиси вилоят барои ташкил ва баргузории озмуни мазкур, қадршиносӣ намудани ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар ин даври озмун соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд,  643 ҳазору 410 сомонӣ ҷудо карда шуд.   Дар асоси Низомномаи озмун давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон даври якум ва дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуда, дар он 91 ҳазору 612 нафар хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 1330 нафар роҳхат гирифтанд.   Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияҳои адабиёти кӯдакона, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва наср баргузор гардид.   Ҳайати ҳакамон дар доираи талаботи озмун оид ба азёд  ва мутолиа намудани осори манзуму мансур ва таълифи осори бадеии манзуму мансур маҳорат, малака ва истеъдоди  иштирокдорони озмун баҳои  воқеӣ доданд.   Дар ҷамъбаст 126 нафар довталаб, аз ҷумла 18 нафар аз номинатсияи кӯдакона, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти классикӣ, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти муосир, 24 нафар аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон, 18 нафар аз номинатсияи эҷоди назм ва 18 нафар аз номинатсияи эҷоди наср ғолиби даври  вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.   Таъкид гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд.   Аз ин лиҳоз, устодону омӯзгоронро зарур аст, ки барои тайёр намудани шогирдон барои озмунҳо ва дар ин замина тарбияи маънавии насли наврас беш аз пеш талош намоянд.   Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун ва устодони онҳо мукофотҳои пулӣ супорида шуд.   Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

    17

    24.10.2024