07.08.2026

 img

Коррупсия аз бузургтарин офатҳои иҷтимоӣ ва сиёсист, ки боварии мардумро коста, адолати иҷтимоиро поймол менамояд ва рушди устувори ҷомеаро бозмедорад. Он на танҳо ҳамчун ришваситонӣ ё амали ғайриқонунӣ зоҳир мешавад, балки ҳамчун бемории решадор тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятро заҳролуд месозад. Бинобар ин, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил аст.

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсияро ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи адолат, демократия ва рушди устувор мешиносад.

 

Коррупсия аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънои фасод, вайроншавӣ ва ба роҳи нодуруст бурданро дорад. Ба маънои ҳуқуқӣ он истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои хидматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Аммо агар аз дидгоҳи иҷтимоӣ ба он назар андозем, мебинем, ки ришваситонӣ танҳо ҷиноят нест, балки вайроншавии меъёрҳои ахлоқӣ ва пастшавии фарҳанги идоракунӣ аст.

 

Дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ эътироф шудааст.

 

Коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол месозад.

 

Таърихи миллати тоҷик исбот кардааст, ки маҳз аз ҳисоби эҳтироми беандоза ба илму адаб мо тавонистем давлатдории худро дар давраи Сомониён ба яке аз пешрафтатарин тамаддунҳои Шарқ табдил диҳем ва пас аз даҳсолаҳо дар давраи истиқлол боз ҳам худшиносии миллиро эҳё намоем.

 

Мушкили дигар, ки решаи амиқи фарҳангӣ дорад, дар он аст, ки бисёре аз шаҳрвандон пардохтҳои хурди ғайрирасмиро на ҳамчун ришва, балки ҳамчун «мукофот барои хидмат» ё «изҳори эҳтиром» қабул мекунанд. Ин тасаввуроти нодурусти фарҳангӣ, ки аз насл ба насл гузаштааст, яке аз монеаҳои асосии психологӣ дар роҳи решакан кардани коррупсия мебошад.

 

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки мубориза бо коррупсия кори як идора ё як мақом нест, балки амали дастҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад.

 

Коррупсия дар адабиёти илмӣ ва сиёсӣ пайваста «вабои аср» номида мешавад, зеро он мисли бемории сироятист, агар саривақт пешгирӣ нашавад, тамоми ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бунёди иқтисоди миллиро аз дарун вайрон мекунад.

 

Танҳо бо дастони пок ва виҷдони бедор метавон ин зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузошт.

 

Дилангез ТОҲИРЗОДА,

мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти

китобҳои дарсӣ, илмию методӣ

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАКТАБ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДА АҲАММИЯТИ ВЕЖА ДОРАД Маориф соҳаи калидӣ ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пас аз вазидани насими истиқлолу худсолорӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои бузург ва натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳоло масъалаҳои вобаста ба сифати таҳсилот, рушди истеъдодҳо ва тарбияи насли соҳибмаърифат аз ҷумлаи вазифаҳои меҳварии ин соҳаи сарнавиштсоз маҳсуб меёбанд.   Лоиқи зикр аст, ки дар низоми маориф зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аҳаммияти калидӣ ва вежа бархӯрдор буда, ҷойгоҳи махсус дорад, зеро маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират, тафаккури илмӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ояндасоз бештар ташаккул меёбад. Ба ин маънӣ, мактаб муҳитест, ки дар он қобилиятҳои фикрронӣ, эҷодкорӣ ва худшиносии кӯдакону наврасон рушд мекунад. Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ин зина ба раванди рушди ояндаи ҷомеа пайванди мустақим дорад. Дар ин самт нақши раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Бояд гуфт, ки раёсат дар асоси Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм фаъолият намуда, дар соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 ба як қатор натиҷаҳои назаррас даст ёфтааст. Дар ин давра меҳвари фаъолияти раёсатро масъалаҳои такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани низоми нави баҳогузорӣ, рушди таҳсилоти фарогир, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии хонандагони болаёқат ташкил доданд.   Дар робита ба ин, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода зимни суҳбат чунин иттилоъ дод:   - Имрӯз фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили муҳтавои таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон равона шудааст. Мекӯшем, иқдомҳое, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, ба беҳтар шудани сифати донишандӯзии хонандагон ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат намоянд.   Бояд гуфт, ки айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, зиёда аз 2 миллиону 462 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таълиму тарбияи онҳо ба зиммаи беш аз 136 ҳазор омӯзгор вогузор гардидааст, ки 66 фоизи онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз миқёси васеи низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва масъулияти баланде, ки бар дӯши кормандони соҳа қарор дорад, шаҳодат медиҳанд. Аз ин рӯ, тамоми фаъолияти раёсат ба он равона шудааст, ки барои омӯзгорон муҳити муносибу созандаи фаъолият ва барои ҳар хонанда имкони дастрасӣ ба таҳсилоти босифат фароҳам оварда шавад.   Заминаи ҳуқуқӣ - асоси рушди сифати таҳсилот   Таҷрибаи низомҳои пешрафтаи маориф гувоҳ аз он аст, ки пойдории ҳар гуна ислоҳот аз сифати заминаҳои ҳуқуқии он вобастагӣ дорад. Бидуни санадҳои меъёрии ҳуқуқии мукаммал татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои дарозмуддати соҳа ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз самтҳои асосии фаъолияти раёсати мазкур ба ҳисоб меравад.   - Дар соли 2025 ва шашмоҳаи аввали соли 2026 бо дастгирии Вазорати маориф ва илм аз тарафи мутахассисони раёсат як қатор санадҳои пураҳаммияти соҳавӣ таҳия шуда, аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор қабул гардиданд, ки дар миёни онҳо Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045, Стратегияи рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 ва Барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 ҷойгоҳи хос доранд. Дар баробари ин, Низомномаи мактабҳои камнуфус, Низомнома оид ба ташкили таҳсил дар хона, Барномаи таълими инфиродӣ барои кӯдакони аз таҳсил дурмонда, Низомномаи баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳим ба тасвиб расиданд. Қоидаҳои умумии қабул ва хориҷи таълимгирандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, барои корбарӣ пешниҳод шуд. Имрӯз дар назди соҳаи маорифи кишвар вазифаҳои нав қарор доранд. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Аз ҳамин рӯ, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки таҳия ва барои қабул пешниҳод мешавад, бояд ба ниёзҳои воқеии низоми маориф ҷавобгӯ бошад. Ҳадафи мо, дар навбати аввал, таъмини шароитест, ки омӯзгор тавонад бо масъулияти бештар фаъолияти чашмрас намояд ва ҳар як хонанда ба таҳсили босифат дастрасӣ дошта бошад. Ҳар тағйироте, ки дар муҳтавои таълим, низоми баҳогузорӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва ё таҳкими пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ворид мегардад, ба сатҳи донишандӯзии хонандагон, сифати таҳсилот ва фаъолияти омӯзгорон таъсири худро мерасонад. Сухан аз ташаккули муҳити ҳуқуқие меравад, ки рушди босифати зинаи таҳсилоти умумиро таъмин мекунад. Санадҳои қабулшуда масъалаи мушаххаси соҳаро танзим намуда, барои ҳалли вазифаҳои навбатии рушди таҳсилот замина фароҳам меорад. Маҳз татбиқи амалии ин санадҳо ислоҳоти соҳаро ба ҳадафи асосии худ наздик мегардонад. Нишондиҳандаи воқеии он бошад, пеш аз ҳама, сифати таҳсилот аст, - иброз дошт сардори раёсат.   Сифати таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳ   Пас аз таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа, масъалае, ки имрӯз бештар аз ҳама дар маркази таваҷҷуҳи зинаи таҳсилоти умумӣ қарор дорад, ба талабот ҷавобгӯ будани сифати таҳсилот аст. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба, китобҳои дарсии насли нав, муҳити муносиби таълим ва усулҳои самарабахши омӯзиш аз вазифаҳои муҳимми раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад.   Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба иқдомоти муассири дар ин самт амалишуда чунин қайд кард:   - Яке аз муҳимтарин иқдомҳои солҳои охир татбиқи низоми баҳогузории 10-хола мебошад, ки аз оғози соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ҷорӣ карда шуд. Дар баробари қабули Низомномаи баҳогузории 10-хола, дастурамал оид ба татбиқи он ва Низомнома дар бораи истифодаи журнали синфӣ низ тасдиқ гардида, барои корбарӣ пешниҳоди омӯзгорони кишвар карда шуд.   Ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола, пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардоштани сифати арзёбии дониш ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он буд. Агар қаблан имкони фарқгузорӣ миёни сатҳҳои гуногуни дониш маҳдудтар буд, бо низоми нав омӯзгор метавонад, ба фаъолияти таълимии хонанда ба таври муфассал ва дақиқтар баҳо диҳад. Ҳамзамон, равиши мазкур масъулияти хонандаро низ нисбат ба донишандӯзӣ бештар намуда, барои омӯзгор шароити созгор фароҳам овард, ки раванди рушди қобилиятҳои ҳар таълимгирандаро пайгирӣ намояд.   Дар баробари ислоҳоти муҳтавои таълим ва такмили низоми баҳогузорӣ, масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор, муаррифии таҷрибаи пешқадам ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии онҳо низ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли раёсат қарор дорад. Бо ҳамин мақсад, ҳамасола дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» дар се давр баргузор мешавад. Даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир гардида, даври ниҳоӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст мешавад.   Ғолиби озмуни мазкур бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мегардад, ки ин аз ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии давлат ва Ҳукумати кишвар ба заҳматҳои омӯзгорон дарак медиҳад.   Дастрасии баробар ба таҳсил: сиёсати иҷтимоии соҳа   Яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф фароҳам овардани шароити баробар барои гирифтани таҳсил мебошад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ, бояд имкони идомаи таҳсил ва рушди қобилияту малакаҳои худро дошта бошад. Ин масъала, хусусан, барои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аҳаммияти бештар дорад.   Дар ин самт фаъолияти Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Тибқи иттилои ба мо расида дар панҷ соли охир дар ин муассиса 2236 нафар бонувону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз онҳо 940 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти умумии асосӣ ва 1251 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд. Беш аз 170 нафар хатмкунанда баъдан таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома доданд.   Барои хонандагони дорои маъюбияти гурӯҳҳои якум ва дуюм низ дар муассисаи мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Онҳо ҳамчун шунавандаи озод қабул гардида, аз пардохти маблағи таҳсил озод мебошанд. Истифодаи китобҳои дарсӣ барои ин гурӯҳи хонандагон ройгон аст.   Қабули Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 ва Стратегияи рушди таҳсилоти фарогир аз оғози марҳалаи нави рушди ин самт дарак медиҳад.   - Имрӯз дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки зиёда аз 7700 хонандаро, ки имконияти маҳдуд доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, 16 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, 19 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, 22 мактаб-интернати наздимактабӣ, 2 хонаи бачагон, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия ва 1 мактаб-интернати хонандагони болаёқат фаъолият доранд.   Мо тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба харҷ медиҳем, ки барои ҳар кӯдак, новобаста аз шароити зиндагӣ ва ё муассисае, ки дар он таҳсил мекунад, имкони рушди ҳамаҷонибаро фароҳам орем. Вазифаи асосии кормандони раёсат, пеш аз ҳама, пайдо намудани ҳамин имкон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳар хонанда аст, - гуфт Ш. Асомиддинзода.   Дурнамо: аз ислоҳот то натиҷа   Зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯз дар марҳалае қарор дорад, ки дар раванди он ҳар тағйироти воридшаванда бояд ба ниёзҳои фардо низ посух гӯяд. Зеро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ояндасозони ҷомеа ва мутахассисони фардо таълим мегиранду тарбия меёбанд.   Таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои асосии рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ дар солҳои минбаъда хоҳад буд, зеро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026 Барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026–2030 тасдиқ гардид, ки татбиқи он ба раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.   Дар баробари рушди инфрасохтори соҳа, масъалаи рушди истеъдодҳо низ дар фаъолияти раёсати мазкур аҳаммияти махсус касб намудааст. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар чанд соли охир ба яке аз падидаҳои таъсирбахши ҳаёти маънавии ҷомеа табдил ёфтаанд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» имрӯз муҳити нави рақобати зеҳниро миёни хонандагон ва омӯзгорон ба вуҷуд овардаанд.   Дар маҷмуъ, метавон ба чунин хулоса расид, ки фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳнамоӣ ва дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули низоми устувор ва ҷавобгӯ ба талаботи замон равона гардидааст. Татбиқи иқдомҳои нав, таҳияи санадҳои зарурӣ ва роҳандозии тадбирҳои марбут ба такмили раванди таълиму тарбия аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар назди раёсат, дар баробари ҳалли масъалаҳои имрӯзаи соҳа, дурнамои рушди он дар оянда қарор дорад. Яқин дорем, ки минбаъд низ фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тарбия намудани насли соҳибдонишу масъулиятшинос, ватандӯсту хештаншинос ва бунёдкор равона хоҳад шуд.   Нӯшервони АЗИЗБЕК, «Маърифати омӯзгор»

    28

    07.08.2026
  •  img
    «ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛ» - ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Ҷилои Истиқлол» баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорону кормандони академия иштирок намуда, тавассути барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва фазои идона дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ таҷассум ёфтанд.   Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол ва саҳмгузорӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ миёни ҷомеа арзёбӣ гардид.

    33

    06.08.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ БОЗБИНИИ НИЗОМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бозбинии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.   Зимни ҷаласа масъалаҳои таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, мутобиқсозии низоми маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои гузариш ба маблағгузории меъёрии сарикасӣ ё фармоиши давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар идома вазъи маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, таносуби маблағҳои буҷетӣ ва махсус, инчунин ду намунаи формулаи маблағгузории меъёрии сарикасӣ тавассути рӯнамо ба иштирокчиён пешниҳод гардид.   Аъзои гурӯҳи корӣ вобаста ба формулаҳои пешниҳодшуда ва роҳҳои татбиқи механизми нави маблағгузорӣ мубодилаи афкор намуда, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дар ин самт муваффақро муҳим арзёбӣ карданд.   Таъкид гардид, ки бо назардошти гуногунсамтии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фарқияти хароҷоти омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногун, таҳияи механизми маблағгузории меъёрии сарикасӣ омӯзиши амиқи хароҷоти давлатӣ, ба инобат гирифтани шароиту имкониятҳои ҷумҳурӣ ва ҷалби коршиносони маҳаллию байналмилалиро тақозо менамояд.   Дар анҷом ҷиҳати идомаи омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, такмили формулаҳои пешниҳодшуда ва таҳияи пешниҳодҳои мушаххас оид ба механизми нави маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    50

    06.08.2026