06.08.2026

 img

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Ҷилои Истиқлол» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият, омӯзгорону кормандони академия иштирок намуда, тавассути барномаи рангини фарҳангӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва фазои идона дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои миллӣ таҷассум ёфтанд.

 

Ҳадафи баргузории чорабинӣ таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол ва саҳмгузорӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ миёни ҷомеа арзёбӣ гардид.

  • «ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛ» - ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img
  • «ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛ» - ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img
  • «ҶИЛОИ ИСТИҚЛОЛ» - ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАТБИҚИ АМАЛИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ Рӯзҳои 4-5 августи соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» бо иштироки 20 нафар омӯзгор семинарҳои омӯзишӣ дар самти таҳсилоти рақамӣ баргузор гардиданд.   Омӯзишҳо бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея дар доираи татбиқи амалии Ёддошти тафоҳуми байни ҷонибҳо, ки 24 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, ташкил карда шуданд.   Маросими ифтитоҳи семинарҳоро намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, аҳаммияти ҳамкории Тоҷикистону Кореяро дар самти рушди таҳсилоти рақамӣ, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар раванди таълим таъкид намуданд.   Зикр гардид, ки ҳамкории мазкур барои табодули таҷрибаи пешқадам, азхудкунии усулҳои муосири таълим, рушди малакаҳои рақамии омӯзгорон ва истифодаи самараноки воситаҳои технологӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Машғулиятҳоро мутахассисону омӯзгорони Ҷумҳурии Корея баргузор намуда, ба иштирокчиён доир ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар таълим, барномасозӣ, воситаҳои муосири EduTech, имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва усулҳои инноватсионии ташкили дарс маълумоти назариявию амалӣ пешниҳод намуданд.   Дар ҷараёни семинарҳо иштирокчиён бо таҷрибаи низоми маорифи Ҷумҳурии Корея дар самти рақамикунонии раванди таълим шинос гардида, роҳҳои истифодаи технологияҳои навин, таҳияи машғулиятҳои интерактивӣ ва баланд бардоштани самаранокии таълимро мавриди омӯзиш қарор доданд.   Бояд тазаккур дод, ки моҳи августи соли 2025 дар доираи ҳамин ҳамкорӣ 30 нафар омӯзгор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзишҳои байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея иштирок намуда буданд. Баргузории семинарҳои навбатӣ дар шаҳри Душанбе идомаи мантиқии ин ташаббус ва қадами муҳим дар самти густариши татбиқи амалии Ёддошти тафоҳум ба ҳисоб меравад.   Интизор меравад, ки омӯзгорони иштирокчӣ дониш ва малакаҳои андӯхтаи худро дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ истифода намуда, таҷрибаи ҳосилшударо миёни ҳамкасбон паҳн намоянд ва дар рушди муҳити муосири рақамии муассисаҳои таълимии кишвар саҳм гузоранд.   Ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Идораи маорифи шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани омӯзгорон ба талаботи замони рақамӣ мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    1

    05.08.2026
  •  img
    ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР НАМУД Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 августи соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ҷониби ансабли "Зуҳал"- и Донишгоҳ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва барномаи ҷолиби консертӣ иштирок намуда, ба сокинону меҳмонони пойтахт рӯҳияи идона ва фазои гарми фарҳангӣ эҳдо намуданд.   Барномаи фарҳангӣ ба тарғиби арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон равона гардида, боиси болидахотирии иштирокчиён гардид.   Қобили зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт бо иштироки муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор мешаванд.

    24

    05.08.2026
  •  img
    ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Шоми 4 августи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Куруши Кабири шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва дилнишин пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ фароҳам овард.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангии миллӣ миёни ҷавонон мусоидат менамояд.

    29

    05.08.2026