13.03.2026
13 марти соли 2026 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» ба муносибати Рӯзи модар, Рӯзи матбуоти тоҷик ва фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши идона таҳти унвони «Баҳори маърифат: модар, қалам ва Наврӯз» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Саъдӣ Қосимӣ, ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олим Бухориев, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» Ноилшоҳ Нурализода, инчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон, аҳли қалам ва муаллифони фаъоли маҷалла ширкат варзиданд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии сармуҳаррири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» оғоз гардид. Мавсуф меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоишро дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими робитаҳои эҷодиву маърифатӣ ва қадршиносии аҳли илму маориф амри зарурӣ донист.
Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашнҳои фархунда табрик гуфт. Номбурда таъкид кард, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башар буда, рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷдиди зиндагӣ маҳсуб меёбад. Арзишҳои маънавии Наврӯз инсонро ба некандешӣ, меҳнатдӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят намуда, бо ғояҳои илму маърифат ва тарбияи инсон ҳамоҳанг мебошанд.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷомеаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ медонанд. Дар ин замина, нақши омӯзгорон дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва инчунин, саҳми воситаҳои ахбори омма дар тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ ва инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идомаи ҳамоиш ходими Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ О. Бухориев дар мавзуи «Нақши зан-модар дар таълим ва тарбия» суханронӣ намуда, мақому манзалати модарро дар тарбияи фарзанд ва ташаккули ҷомеаи солим басо арзишманд хонд.
Сипас, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» дар мавзуи «Дониш ва омӯзгор» - ниҳоли тозае дар боғи матбуоти тоҷик» маъруза намуда, бо ёдоварӣ аз таърих, марҳилаҳои ташаккул ва фаъолияти имрӯзаи маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» нақши матбуоти соҳавиро дар рушди матбуоти миллӣ ва инъикоси масъалаҳои соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дод.
Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни маърузаи худ дар мавзуи «Заминаҳои пайдоиши нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва ташаккули матбуоти миллӣ» аз таърихи пайдоиш ва аҳаммияти аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар рушди ҳаёти фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа ёдовар шуд.
Дар идома, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор С. Қосимӣ дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ ва ҷашни Наврӯз» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ арзишҳои фарҳангии миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз, эҳё гардида, ба рамзи худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар қисмати дигари ҳамоиш сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор», муҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон» С. Набиева ва омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мавлоназаров оид ба мавзуъҳои мавриди назари ҳамоиш андешаронӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид. Аз ҷумла, суруди «Омӯзгор» дар иҷрои С. Раҷабзода, суруди «Сарварам» дар иҷрои Д.Шеров, қироати шеър аз ҷониби тарбиягирандагони кӯдакистони №1-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти унвони «Меҳри модар» ва рақс дар иҷрои хонандаи МТМУ №102 ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тоза бахшид.
Дар хотимаи ҳамоиш як қатор кормандони соҳаи маориф, аҳли қалам, омӯзгорон ва муаллифони фаъоли маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва ҳамкории судманд бо нашрия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.