13.03.2026
Имрӯз, 13 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, ҳамчун майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои ду кишвар арзёбӣ гардид. Форум бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маорифи олӣ ва илм, рушди робитаҳои академӣ, густариши табодули таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи форум вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғратбой Шарипов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ректорони донишгоҳҳо ва намояндагони ҷомеаи илмии ду кишвар иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин форумҳоро қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи вазир чунин чорабиниҳо дар баробари мусоидат ба рушди робитаҳои байнидонишгоҳӣ барои наздиктар гардидани халқҳои бародар ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои ду кишвар дар ин самт ба заминаи устувори ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ такя мекунад.
Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи форум вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон суханронӣ намуда, аз ташкили чунин чорабинии муҳим истиқбол кард. Ӯ таъкид намуд, ки ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар дар солҳои охир ба таври назаррас густариш ёфта, барои рушди таҳқиқоти муштарак, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Ба гуфтаи ӯ, форумҳои ректорон имконияти хубе барои табодули таҷриба, баррасии масъалаҳои мубрами рушди таҳсилоти олӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд.
Дар идомаи маросими ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, изҳор дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромада, бахши маориф ва илм дар ин раванд мавқеи муҳим дорад. Ба таъкиди ӯ, густариши ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои ду кишвар, амалисозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.
Дар рафти рафти форум зикр шуд, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба шумор меравад. Рушди ҳамкориҳои академӣ ба баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байни халқҳои ду кишвар нақши муҳим мебозад. Татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, анҷом додани таҳқиқоти илмии муштарак, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин ҳамкории мустақими донишгоҳҳо заминаи боэътимод барои ташаккули фазои ягонаи академӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазирро фароҳам меорад.
Гуфта шуд, ки имрӯз ҳамкориҳои донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ба таври фаъол рушд ёфта, хусусияти амалӣ касб намудаанд. Барномаҳои табодули академӣ, лоиҳаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ ба таври васеъ татбиқ гардида, баргузории форумҳои ректорон, конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ба густариши робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо мусоидат менамояд.
Баргузории ду форуми қаблии ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд, таъсиси факултети муштарак миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, инчунин, амалисозии барномаҳои табодули омӯзгорону донишҷӯён намунаи равшани таҳкими робитаҳои илмию таълимии ду кишвар мебошанд. Дар айни замон донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд, ки ин заминаи устувор барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ ва академии ду кишвар мебошад.
Дар идомаи форум ректорони як қатор донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо маърузаҳо баромад намуда, масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои илмӣ, густариши барномаҳои таълимии муштарак, рушди таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсиониро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинӣ маросими имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ки ба густариши робитаҳои академӣ ва рушди барномаҳои муштараки таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Иштирокчиёни форум таъкид намуданд, ки густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои рушди илму маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя аҳаммияти муҳим дорад.