22.05.2025

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва мусоидат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, 22 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ганҷ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазорат ташкил ва баргузор карда шуд.
Ҳамоишро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид оғоз бахшида, дар суханронии худ вобаста ба саҳми ҷавонон дар рушди кишвар, сиёсати ҷавонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори назар намуд. Зикр гардид, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, таҳким бахшидани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва рушди қобилияти зеҳнии онҳо вазифаи муҳимми ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.
Дар идома муовини якуми вазир аз натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо барои таҳсилу фаъолияти илмӣ, татбиқи ташаббусҳо ва амалисозии иқдомоти созандаи ҷавонон дар соҳаи маориф ва илм шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоӣ, фаъолсозии неруи ҷавонон, худшиносӣ ва таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ баромад намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо боиси таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, фаъолсозии неруи созандаи ҷавонон дар ҷомеа, афзоиши донишу малакаи сиёсиву фарҳангӣ ва саҳмгузории бештари онҳо дар раванди рушди соҳаи маориф мегардад.
Дар қисмати хотимавии ҳамоиш як қатор кормандони вазорат барои саҳми арзандаи худ дар рушди фаъолияти ҷамъиятӣ ва маърифатӣ бо “Сипоснома”-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қадрдонӣ карда шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон