24.06.2025

 img

24 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.

 

Зимни сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм Ваҳдати миллиро муҳимтарин дастоварди таърихии даврони Истиқлол арзёбӣ намуда, онро заминаи асосии субот, рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ маънидод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сарнавиштсоз ба хотири таъмини сулҳ ва барқарорсозии амнияту оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди солҳои душвору пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, маҳсули иродаи қавии сиёсӣ, хиради таърихӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар таърихи навини миллат Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июни соли 1997, ки рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи олии сулҳу субот ва оғози марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад.

 

Дар ҷараёни конференсия баромадҳои муҳимми илмӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад дар мавзуи «Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ – омили муҳимми рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Мавсуф Ваҳдати миллиро на танҳо дастоварди сиёсиву ҳуқуқӣ, балки падидаи фарҳангию маънавии ҷомеаи тоҷик номид, ки дар шароити печидаи минтақа ва ҷаҳон, пойдории онро вазифаи ҳар як шаҳрванди миллат донист.

 

Ҳамзамон, доктори илмҳои сиёсӣ, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – такягоҳи устувори ҷомеа» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз ваҳдат шароити мусоиди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварро фароҳам оварда, ҷомеаи тоҷикро ба марҳилаи сифатан нави рушди миллӣ ворид сохт.

 

Қайд гардид, ки мақсади асосии баргузории конференсия бознигарии аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, таҳкими мафкураи миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва тарғиби эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ миёни ҷавонон мебошад. Конференсия дар фазои ҳамандешӣ ва таҳлил ҷараён гирифта, иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва музокираҳо андешаву пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои ҳифзу густариши Ваҳдати миллӣ баён доштанд.

 

Дар ҷамъбасти конференсия таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ва кафили бақои давлату миллат буда, посдориву ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордили ҷомеа ба шумор меравад.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои дигар