03.07.2025

 img

3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.

 

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

 

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.

 

Дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллари амрикоӣ барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

 

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.

 

Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

  • Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад img
  • Мулоқот бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ” 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.   Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.   Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.   Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.   https://president.tj/event/news/51785

    28

    09.07.2025
  •  img
    Оғози сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон 8 июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.   Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.   Ҳамчунин, баҳри пазироии сатҳи баланди меҳмони олиқадр аз ҷониби ҷавонон ва аҳли ҳунар як барномаи рангину пурмуҳтавои консертӣ таҳия ва пешкаш карда шуд.   Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Садир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.   Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.

    50

    08.07.2025
  •  img
    ИШТИРОКИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР IChO-2025 57-умин Олимпиадаи байналмилалии химия (IChO), ки муҳимтарин озмуни илмӣ дар соҳаи химия ба ҳисоб меравад, аз 5 то 14 июли соли 2025 дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб (ИМА) баргузор мегардад.   Интизор меравад, ки дар ин Олимпиада беш аз 300 нафар хонандаи зиёда аз 90 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат варзанд, ки ин бештарин шумораи иштирокдорон дар таърихи Олимпиада аз замони таъсисёбии он дар соли 1968 мебошад.   Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати маорифи ИМА созмон дода шуда, Донишгоҳи Ал-Айн шарики медиавии он мебошад.   Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро чор нафар хонанда: • Камолиён Муҳаммадсолеҳ; • Бойзода Абдулло; • Разакова Шаҳзода; • Батрутдинов Артём бо ҳамроҳии омӯзгор Салимов Далер муаррифӣ менамоянд.

    34

    07.07.2025