02.09.2026

 img

2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имконро барои 800 хонанда дар кӯчаи Аҳрории шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд.

 

Иншооти нав бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия аз ҷониби бародарони соҳибкор Валиҷон, Пиран ва Пайрав Ахмедовҳо бунёд шудааст.

 

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо ва истифодаи масолеҳи ватании ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир  таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шудааст.

 

Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ бо риояи талаботи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 80 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.

 

Муассиса дорои 59 синфхонаи таълимӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, касбу ҳунар, биология, физика, санъати тасвирӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

 

Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 34 омӯзгор, ки 90 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳад, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, раванди таълим асосан бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ба роҳ монда шудааст. Оянда дар ин ҷо таълими забони чинӣ ҳам ба роҳ монда мешавад. Ин равиш ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар баробари гирифтани дониши муосир, малакаи муошират бо забонҳои хориҷиро низ такмил диҳанд.

 

Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 290 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ барои писарону духтарон, толори маҷлис бо 180 ҷойи нишаст, боғи зимистона ва толори тирпарронӣ барои гузаронидани машғулиятҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ мебошад.

 

Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни варзишӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.

 

Ҳавзҳои шиноварӣ бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои писарону духтарон алоҳида пешбинӣ шудаанд ва муҳити муносиб барои омӯзиши шиноварӣ, обутоби ҷисмонӣ ва беҳсозии саломатии хонандагон фароҳам меоранд.

 

Толори барҳавои маҷлис бо 180 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, маҳфилҳои таълимӣ ва ҷамъомадҳои гуногун пешбинӣ шуда, толори тирпарронӣ низ бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани машғулиятҳои ҳарбӣ имконияти хуб фароҳам месозад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

 

Омӯзгорон ба истифодаи самараноки имкониятҳои омодашуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст ҳидоят карда шуданд.

  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img
  • Ба истифода додани бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии Имкон дар шаҳри Душанбе img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №18 ПАС АЗ ТАЪМИРИ АСОСӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 баъд аз таъмири асосӣ бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.   Бинои мазкур нахустин маротиба соли 1956 сохта ба истифода дода шуда, дар тӯли фаъолияти чандинсола ҳамчун яке аз муассисаҳои муҳими таълимии ноҳия дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибмаърифату соҳибкасб нақши муҳим гузоштааст.   Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва мутобиқ намудани муҳити муассиса ба талаботи муосири соҳаи маориф, соли равон бинои муассиса бо ташаббуси собиқ хатмкунандагони он аз таъмири асосӣ бароварда шуд.   Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда бино ва синфхонаҳои муассиса ба таври муосир навсозӣ гардида, шароити зарурӣ барои гузаронидани дарсҳо ва фаъолияти самараноки омӯзгорон фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, муассиса бо мизу курсӣ, тахтаҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурии таълимӣ пурра таъмин гардид.   Зимни боздид аз муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе пайваста идома дорад.   Саҳми собиқ хатмкунандагони муассисаи таълимӣ дар таъмиру навсозии бинои мазкур намунаи хуби эҳсоси масъулиятшиносӣ ва арҷгузорӣ ба мактабу омӯзгор мебошад. Зеро маҳз мактаб ҳамчун даргоҳи илму маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, дониш ва маърифати насли наврас нақши калидӣ дорад.   Мавриди истифода қарор гирифтани бинои таъмиршудаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 барои беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати таҳсил ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои хонандагону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ин иқдом дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ба шумор меравад.

    70

    04.09.2026
  •  img
    Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди Маҷмааи меъмории бисёрсамтаи хизматрасонӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сангӣ асос гузоштанд.   Маҷмааи меъморӣ аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он, ки бо 77 ошёна 340 метр баландӣ хоҳад дошт, бурҷи Душанбе номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.   Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд.    Намои берунаи биноҳо мувофиқ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Дар ин маҷмааи муҳташам намунаи маҳсулоти брендӣ ва хӯроку хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ҳам пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад.    Дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.    Дар маҷмуъ баъди татбиқи пурраи лоиҳа дар ин гӯшаи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ ва зист дар майдони 29 гектар шаҳраки зебою замонавӣ бо масоҳати умумии 270 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, зиёда аз 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.   Зиёда аз 2000 бинокори маҳаллӣ дар вақти сохтмони ин маҷмааи азим, ки дар муҳлати 5 сол бояд ба анҷом расад, ба кор ҷалб мегарданд.   Умуман, ин баландтарин иншоот дар минтақа хоҳад буд, ки дорои самтҳои васеи кору хизматрасонӣ гашта, бо афзалият ба идоракунии технологии рақамӣ бо назардошти тараққиёти минбаъдаи пойтахти кишвар дар он барои тиҷорат, истироҳат, зиндагӣ ва саёҳат шароити муосир фароҳам оварда мешавад.   Намунаи имкониятҳои нави иқтисодию тиҷоратӣ, таҷрибаи муосири шаҳрсозию шаҳрдорӣ ва хизматрасонӣ дар ин маҷмааи муҳташами муосир таҷассум хоҳад ёфт.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти нав таваҷҷуҳи масъулини дахлдор ва соҳибкорону меъморонро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо афзалият ба сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ ҷалб намуданд.   Маҷмааи хизматрасонӣ аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди TAS ИНТЕРНЕШНЛ ГРУП бо пешниҳоди инфросохтори намунавии муосири иҷтимоӣ сохта мешавад.   Имрӯз ҳадафи шаҳрдорӣ дар доираи татбиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо бунёди ин маҷмааи муҳташам барои фароҳам овардани шароити замонавӣ ҷиҳати кору хизматрасонӣ, ҷалби сармоя ва ҷаҳонгардон, беҳсозии имконият ва таъмини фазои мусоид барои кору зиндагӣ, тиҷорат ва истироҳату фароғат мебошад.   Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо такя ба таърихи ғании созандагии миллат ва омезиши он бо таҷрибаи технологии меъмории муосир имкон фароҳам овардааст, ки солҳои охир Душанбе ба намунаи ибратбахши шаҳрдорию шаҳрсозӣ дар минтақа табдил ёбад.

    78

    04.09.2026
  •  img
    Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва сохторҳои қудратию низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус супориданд.   Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи музаффариятҳои он андешаронӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки маҳз руҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва садоқат ба Ватан миллати моро дар марҳалаҳои гуногуни таърих аз озмоишҳои сангин сарбаландона берун овардааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоистаи ҳозиринро дар роҳи ҳифзи истиқлоли давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, суботу оромии ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таъкид намуданд.   Гуфта шуд, ки дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан, ҳифзи марзу буми он ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва қарзи пуршараф ба ҳисоб меравад.   Дар робита ба вазъи мураккабу пуртазоди ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногун, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводди мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат гирифта истодаанд, аз афсарону сарбозон зиракии касбӣ ва хизмати содиқона талаб карда шуд.   Аз ҷумла, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин вазъият аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ на танҳо сатҳи баланди касбият ва омодабошии доимӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ ва маҳорату малакаи истифодаи технологияҳои муосирро талаб менамояд.   Зикр карда шуд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа вазифаи муқаддас ва қарзи ҷавонмардии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.   Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ бояд дарк намоянд, ки иҷрои содиқонаи вазифаи хизматӣ на танҳо масъулияти касбӣ, балки қарзи виҷдонӣ ва нишонаи садоқат ба миллату давлат мебошад.   Зарур шумурда шуд, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои техникаву технологияҳои навин, таҳкими ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат бояд самти асосии фаъолияти ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва ҳар як хизматчии ҳарбӣ бошад.   Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ вазифаҳои хизматии худро бо масъулияти баланд, интизоми намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва руҳияи устувор иҷро намуда, ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд ва дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, амнияти давлат ва оромии ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд.   Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.   Ҳамин тавр, ин навбат мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ” хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ қадрдонӣ шуданд.   Аз ҷумла, дар ин маросим сарбозону афсарон, хизматчиёни низомӣ ва як гуруҳ собиқадорон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени Спитамен дараҷаи I, ордени Спитамен дараҷаи II, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Шафқат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, медали ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.   Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои махсуси навбатӣ, тахассусии навбатӣ, олии ҳарбӣ, навбатии ҳарбӣ ва дараҷавӣ ба як гуруҳ хизматчиёни низомӣ” ва кормандони масъул аз Хадамоти гумрук, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, рутбаи махсуси навбатии генерал-полковники адлия, рутбаи олии генерал-полковник, рутбаи олии навбатии генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар, рутбаи махсуси навбатии генерал-лейтенант, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 2, рутбаи олии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи дараҷавии мушовири адлияи дараҷаи 3, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия, рутбаи олии ҳарбии генерал майор, рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майори адлия, рутбаи махсуси навбатии генерал-майори адлия, рутбаи олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи тахассусии навбатии мушовири давлатии мақомоти андози дараҷаи 3, дода шуд.   Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ хизматҳои содиқонаи афсарону кормандони масъул, фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии онҳо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша қадр карда мешавад.   Ба таъкиди Роҳбари давлат маҳз ҷасурию далерӣ, зиракию ҳушёрӣ ва дарки баланди масъулият боис гашт, ки ин ҷавонон имрӯз аз байни ҳазорон сарбози Ватан бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гарданд.   Аз роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб карда шуд, ки бо сарбозон чун фарзандони худ муносибат намоянд. Аз онҳо кадрҳои аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаро тарбия кунанд.   Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо сарфароз шуданашон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус шодбош гуфтанд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат, таъмини амнияту суботи сарзамин, риояи ҳатмии қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои талаботи ойинномаҳо ҳидоят намуданд.   Дар фароварди маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки кормандону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, дар оянда низ барои ободонии Ватани азизамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, амнияти давлат ва осоишу оромии сокинони кишвар талош меварзанд.

    122

    03.09.2026