02.09.2026
1 сентябри соли 2026 дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли таҳсили 2026–2027 ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Дар ҷамъомади тантанавии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №5» раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Маҷидзода Ҷамшед, роҳбарияти муассиса, омӯзгорон, хонандагон, падару модарон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аҳли маориф, омӯзгорону хонандагон ва падару модаронро аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Рӯзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи афзалиятнок дошта, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати дониш, дастгирии омӯзгорон ва тарбияи насли донишманду ватандӯст аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия низ бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Тибқи рӯйхати тасдиқгардида, намояндагони масъули мақомоти шаҳр ва ноҳия дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, табрикоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарияти ноҳияи Исмоили Сомониро ба омӯзгорону хонандагон расониданд.
Намояндагон зимни суханрониҳои худ доир ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соҳаи маориф, масъулияти омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас ва зарурати баланд бардоштани сифати таҳсил андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин, ҷиҳати оғози муташаккилонаи соли нави таҳсил, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва зиддисӯхторӣ, омодагии синфхонаҳо, таъминот бо китобҳои дарсӣ, тозагию ободонии гирду атроф ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ба масъулони муассисаҳои таълимӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Ҷамъомадҳои Рӯзи дониш дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар фазои тантанавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардиданд.
Оғози соли нави таҳсил барои аҳли маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳалаи нави масъулият, созандагӣ ва талош ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия буда, роҳбарону омӯзгорон омодагии худро барои иҷрои содиқонаи вазифаҳои касбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф изҳор намуданд.