01.11.2026

 img

1 ноябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

 

Корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст.

 

Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корхона бо хатҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои чорвои калону майда, паранда ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол карда мешавад.

 

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол истеҳсоли 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдории дурусти ашёи хом ва маҳсулот, дар ҳудуди корхона 10 анбор бунёд ёфтааст.

 

Иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи конструксияҳои металлӣ бунёд шудааст. Бо оғози фаъолияти корхона наздик ба 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона вобаста ба навъи чорво ва паранда, бо риояи талаботи стандартҳои дахлдор истеҳсол гардида, бо тамғаи Эко комбикорм ба бозор пешниҳод мешавад. Хатҳои технологӣ насли нав буда, бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фарқ мекунанд.

 

Тавре таъкид гардид дар соли 2025 ба маблағи 100 миллион доллар хӯроки омехтаи паранда ва чорво ворид гардида, талаботи бозор бошад 450 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат супориш доданд, ки истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво васеъ ба роҳ монда шавад.

 

Яке аз хусусиятҳои асосии корхона истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хоми зарурӣ қисман аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳамчунин,  аз афзалиятҳои дигари корхона истеҳсолоти бе партов доштани он аст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои муосирро дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори истеҳсолии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муҳим арзёбӣ карданд.

 

Дар ҳамин ҷо, Сарвари давлат бо маҳсулоти корхонаҳои Ширкати Барс шинос шуданд. Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ, равғани пахта ва офтобпараст, макарон, маргарин, хӯроки омехтаи чорвою паранда, нӯшокиҳо ва дигар маҳсулот пешниҳод шуд.

 

Таъкид гардид, ки истеҳсоли чунин номгӯи гуногуни маҳсулот аз тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии ширкат ва саҳми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ шаҳодат медиҳад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи коркарди шолии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Агротрейдинг дар шаҳри Бӯстонро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ карданд.

 

Корхона бо саҳми гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ - Мирзомубин Қодиров, Мирзомуқим Қодиров, Ҳафиза Содиқова ва Муҳайё Қодирова бунёд гардидааст.

 

Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 24 ҳазор тонна шолӣ дар як солро ташкил дода, дар он 40 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

 

Ба истифода додани чунин корхонаҳо барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ карда шуд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва масъулон барои саҳмгузорӣ дар рушди саноати миллӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим мебошад.

  • Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон img
  • Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон img
  • Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон img
  • Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ Базаи таъминоти Ширкати Барс дар шаҳри Бӯстон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАРБИЯИ НАСЛИ СОҲИБМАЪРИФАТ Фарзанд аз мо дар бораи Ватан мепурсад. Шояд ҷавоби аввалини мо номи кишвар, тасвири Парчам ё ёдоварӣ аз таърихи миллат бошад. Аммо бо гузашти солҳо ӯ ҷавоби ин саволро аз зиндагӣ низ меҷӯяд: аз муносибати омӯзгор, аз рафтори роҳбар, аз он ки заҳмати инсон чӣ гуна қадр мешавад ва ҳаққи ӯ то куҷо ҳимоя меёбад. Барои ҳамин, ҳар гоҳ аз тарбияи ватандӯстӣ сухан мегӯям, пеши назар на танҳо дарси тарбиявӣ, балки тамоми муҳите меояд, ки кӯдак дар он ба воя мерасад. Дар ҳамин муҳит маънои Конститутсия барои ӯ фаҳмо ва наздик мегардад.   Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ман фурсатест, ки ба робитаи қонун ва тарбия амиқтар назар афканам. Мо, аҳли маориф бо насле кор мекунем, ки фардо масъулияти идораи муассисаҳо, пешбурди илм, ҳифзи саломатии мардум ва ободии кишварро ба зимма мегирад. Аз ин рӯ, саволи муҳим ин аст: имрӯз дар мактаб чӣ гуна инсон ба камол мерасад? Оё ӯ танҳо ҷавоби дурусти саволҳои дарсиро меомӯзад ё барои интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ низ омода мешавад?   Конститутсияе, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи мардум дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, барои давлатдории мустақили мо асоси ҳуқуқӣ фароҳам овард. Имсол аз қабули он сиюду сол мегузарад. Барои насли нав ин сана метавонад як маълумоти таърихӣ бошад. Вазифаи мост, ки аҳамияти онро ба забони фаҳмои зиндагӣ шарҳ диҳем. Кӯдак бояд бидонад, ки тартиби ҷамъиятӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба амнияти хонадон, оромии кӯча ва имкони таҳсили худи ӯ пайванд доранд.   Дар моддаи 5-и Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд.Аз нигоҳи педагогӣ, ин меъёр моро ба эҳтиёткорӣ дар муносибат бо шахсияти кӯдак ҳидоят мекунад. Калимае, ки калонсол бепарво мегӯяд, мумкин аст дар зеҳни наврас муддати дароз боқӣ монад. Ба хонанда пайваста талқин кардани он ки ӯ қобилият надорад, ҷуръати кӯшиш карданашро суст мекунад. Баръакс, кумак барои дарки иштибоҳ ва нишон додани роҳи ислоҳи он метавонад оғози пешрафташ гардад. Эҳтироми инсон дар мактаб аз ҳамин ҷузъиёти ба назар хурд оғоз меёбад.   Мо бояд ба кӯдак имкони пурсидан диҳем. Хонандае, ки сабаби як қоида ё асоси як қарорро мепурсад, ҳатман беинтизом нест. Шояд ӯ мехоҳад мантиқи онро дарк кунад. Омӯзгоре, ки саволи ӯро бо таҳаммул мешунавад ва далел меорад, фарҳанги гуфтугӯро меомӯзонад. Чунин хонанда минбаъд низ кӯшиш мекунад баҳсро бо андеша ҳал намояд. Агар ҳар саволро бо сарзаниш пешвоз гирем, эҳтимол кӯдак хомӯш шуданро омӯзад, вале хомӯшӣ ҳамеша нишонаи фаҳмидан ва розӣ будан нест.   Ҳуқуқ ба таҳсил, ки дар моддаи 41-и Конститутсия муқаррар шудааст, барои мо масъулияти бузурги касбӣ ба вуҷуд меорад. Таълим бояд ба инсон қувваи мустақилона андешидан диҳад. Азёд кардани маълумот вақте арзиш пайдо мекунад, ки хонанда тавонад онро шарҳ диҳад, муқоиса намояд ва дар ҳалли масъала истифода барад. Дарси хуб ба ӯ меомӯзонад, ки пеш аз хулоса баровардан далел ҷӯяд, ба ҳар овоза бовар накунад ва аз надонистани чизе шарм надошта бошад. Эътирофи надонистан метавонад қадами аввал ба сӯи дониш бошад.   Ҳамчун омӯзгор бар ин назарам, ки дониш ва масъулияти ахлоқӣ бояд ҳамзамон инкишоф ёбанд. Шахс метавонад маълумоти зиёд дошта бошад, аммо аз истифодаи он ба манфиати дигарон худдорӣ кунад. Аз ин лиҳоз, дар баробари омӯзонидани фанҳо бояд ҳисси масъулият барои натиҷаи амалро низ тарбия намоем. Вақте хонанда кори гурӯҳиро ба анҷом мерасонад, ба ҳамсинфи худ ёрӣ медиҳад ё хатои содиркардаашро ислоҳ мекунад, таҷрибаи ҳамзистӣ ва ҷавобгариро аз худ менамояд. Ин таҷриба дар зиндагии мустақилона ба ӯ зарур мешавад.   Дар ин раванд ба меҳнати омӯзгор бояд бо эҳтиром муносибат кард. Аз омӯзгор интизорем, ки босавод, одил ва навовар бошад. Барои иҷрои чунин рисолат ӯ ба муҳити солими корӣ, дастгирии методӣ ва имкони рушди касбӣ ниёз дорад. Роҳбаре, ки танҳо камбудиро мешуморад, вале барои бартараф кардани он кумак намекунад, масъалаи таълимро ҳал карда наметавонад. Ман масъулияти роҳбариро дар он мебинам, ки ҳам талаботи асоснок гузорад ва ҳам барои иҷрои босифати он шароит фароҳам оварад. Талабот вақте таъсирбахш аст, ки корманд адолат ва мақсади онро дарк намояд.   Масъалаи дигар муносибати мо бо оила аст. Моддаи 34-и Конститутсия масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон муайян менамояд. Аммо ҳамкорӣ бо волидон набояд танҳо ҳангоми паст шудани баҳо ё вайрон шудани интизом оғоз гардад. Баъзан паси тағйири рафтори наврас изтироб, нофаҳмӣ дар оила ё эҳсоси танҳоӣ меистад. Шунидани сухани ӯ ва суҳбати ором бо падару модар метавонад роҳи ҳалли мушкилро равшан созад. Барои ин мактаб бояд ҷойе бошад, ки оила аз муроҷиат ба он ҳарос надошта бошад.   Дар тарбияи шаҳрвандӣ муносибати мо ба муҳити умумӣ низ аҳамият дорад. Китоби китобхона, мизи синф ва ниҳоли саҳни мактаб натиҷаи заҳмати одамонанд. Вақте кӯдак ба нигоҳдории онҳо одат мекунад, эҳсоси саҳмдорӣ дар ҳаёти ҷомеа пайдо менамояд. Мақсад танҳо солим нигоҳ доштани ашё нест. Муҳим он аст, ки наврас дарк кунад: фазои умумӣ ба ҳамаи мо тааллуқ дорад ва рафтори ҳар кас ба осоиши дигарон таъсир мерасонад. Ободии Ватан аз ҳамин муносибати ҳаррӯза қувват мегирад.   Имрӯз қисми муҳими зиндагии ҷавонон дар фазои маҷозӣ мегузарад. Дар он ҷо низ виҷдон ва масъулият заруранд. Пеш аз паҳн кардани хабар бояд дурустии онро бисанҷем, пеш аз навиштани шарҳ андеша кунем, ки сухани мо ба касе чӣ таъсир мерасонад. Талаби моддаи 42-и Конститутсия оид ба эҳтироми ҳуқуқу шаъну шарафи дигарон барои фаҳмидани ин масъулият заминаи равшан медиҳад. Агар омӯзгор худ дар гуфтугӯҳои интернетӣ таҳаммул ва одобро риоя кунад, намунаи ӯ аз насиҳати тӯлонӣ таъсири бештар хоҳад дошт.   Барои роҳбари соҳаи маориф ростқавлӣ дар ҳисобот низ ҷузъи масъулияти шаҳрвандист. Рақами зебо метавонад дар коғаз муваффақият нишон диҳад, аммо агар мушкили воқеиро пӯшонад, роҳи ислоҳро мебандад. Натиҷаи таълимро бояд воқеъбинона арзёбӣ кард: кадом хонанда мавзуъро нафаҳмид, ба кадом омӯзгор кумак лозим аст, кадом усул натиҷа надод? Муносибати таҳлилӣ ба камбудӣ имкони пешрафт медиҳад. Ба ҷомеа натиҷае зарур аст, ки дар донишу рафтори фарзандонаш эҳсос шавад.   Ҷашни Конститутсия метавонад оғози гуфтугӯҳои муҳим дар мактаб гардад. Бо хонандагон метавон дар бораи одоби баҳс, ҳуқуқи ҳамсинф, масъулияти гурӯҳӣ ва роҳҳои ҳалли нофаҳмӣ суҳбат кард. Бигузор онҳо ҳолатҳои ҳаётиро таҳлил намоянд ва барои андешаи худ далел биёранд. Чунин машғулиятҳо ба дарки қонун ҳамчун меъёри зиндагӣ мусоидат мекунанд. Барои омӯзиши фарҳанги ҳуқуқӣ шунидани андешаи кӯдак ва додани имкони иштироки ӯ дар корҳои мактаб низ арзиш дорад.   Ба муносибати Рӯзи Конститутсия мехоҳам таъкид намоям, ки тарбияи насли соҳибмаърифат кори як рӯз ва вазифаи танҳо як муассиса нест. Дар он оила, мактаб ва ҷомеа ҳар кадом саҳм доранд. Мо бояд ба фарзандон Ватанеро нишон диҳем, ки дӯст доштанаш дар меҳнати ҳалол, муносибати одилона ва ғамхорӣ ба инсон ифода меёбад. Орзу дорам насли ҷавон бо дониш, эътимод ва ҳисси масъулият ба зиндагӣ қадам гузорад. Агар имрӯз ба кӯдак қадри инсон, қудрати дониш ва эҳтироми қонунро омӯзонем, барои фардои Тоҷикистон кори пойдор анҷом медиҳем.   Ҷамшед МАҶИДЗОДА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

    2

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодом 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.   Нахуст дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии Суғд Молл ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот  бо мақсади ташкили  фурӯши молу маҳсулот мағозаю  нуқтаҳои савдо сохта шудаааст. Дар маҷмӯъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ шудааст.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии Суғд-молл барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.   Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ганҷи ҷаҳон дар деҳоти Кӯҳандиёри шаҳри Конибодом мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд гардида, барои парвариши 30 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, иқтидори он дар як сол 300 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди бо обу ғизо таъмин намудани парандаҳо ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.   Дар шаҳри Конибодом, ҳамчунин, корхонаи рехтагарии оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти саноатӣ бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собирзода сохта шуда, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 600 тонна маҳсулоти рехтагариро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он, асосан, барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои коркарди маъдан, таҷҳизоти корхонаҳои семент ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад.   Дар доираи иқдомҳои созандагӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 низ ба истифода дода шуд. Муассиса барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 19 синфхона ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст аз ҷумлаи имкониятҳои муҳайёгардида дар ин муассиса мебошанд.   Инчунин, дар деҳаи Файзбори шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 18 синфхона иборат аст. Дар муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул хоҳанд шуд.   Дар ин рӯз, муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз 21 синфхона, 20 ҳуҷраи корӣ, ду синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад. Гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин шароит ба баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.   Инчунин, бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Конибодом мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва риояи талаботи бехатарии он боз ҳам тақвият ёбад.   Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Сомониён дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом барои 200 кӯдак бо 22 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.   Бино аз ҳашт ҳуҷра иборат буда, барои ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Иншооти дигари муҳим корхонаи асфалт мебошад, ки бо иқтидори истеҳсолии 480 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуд.   Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти он дар таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши муҳим хоҳад дошт.   Дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Конибодом меҳмонхонаи замонавии «Ватан» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.   Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Зафар Очилзода бунёд гардида, дорои 16 ҳуҷра мебошад. Меҳмонхона барои дар як вақт қабул намудани 60 нафар пешбинӣ шудааст.   Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Патар корхонаи коркард ва бастабандии меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меваи Камол ба фаъолият оғоз кард. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Камол Юсуфзода бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 600 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Фаъолияти корхона барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ муҳим арзёбӣ гардид.   Дар идома, дар маҳаллаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Нуринисо мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 160 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, аз ҳафт ҳуҷра, ошхона ва толори мусиқӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои таълиму тарбияи кӯдакон ва ташкили фароғати онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст.   Ҳамчунин, дар деҳаи Равоти шаҳри Конибодом муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар иншоот бо назардошти талаботи соҳа барои ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом бозгӯ аз вусъати корҳои созандагӣ, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.   Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор мегирад.   Танҳо  1 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Конибодом 18 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин, 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ дар иншооти ифтитҳшудаи ин шаҳру ноҳияҳо 850 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

    3

    01.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шудааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайё гардидааст.   Бинои нави кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, толори ҷаласа бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои мизи мудаввар, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.   Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи Роғун, лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯи марҳилаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.   Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.   Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла, энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди иқтисоди сабз дар бино панелҳои офтобӣ насб карда шудааст, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои иқтисоди сабз заминаи воқеӣ мегузорад.   Дар бинои ҳизб, ҳамчунин маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими  забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъат додани созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд. 

    4

    01.11.2026