20.08.2026

 img

Дар Боғи «Куруши Кабир» бо ташаббуси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ омӯзгорону донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ ва ҳунарии худро пешкаши иштирокчиён гардониданд.

 

Дар рафти чорабинӣ суруду таронаҳои ватандӯстона ва намунаҳои ҳунари миллӣ иҷро гардида, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ васф карда шуданд.

 

Баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва дар рӯҳияи созандагӣ тарбия намудани насли ҷавон мусоидат менамояд.

  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи бинои нозироти андози шаҳри Роғун 20.08.2026 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.   Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.   Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст.   Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити корӣ фароҳам гардидааст.   Иттилоъ дода шуд, ки мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани бинои наву муосири мақомоти андоз ба рушди инфрасохтори мақомоти мазкур нигаронида шуда, дар самти татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.   Бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Роғун дар доираи сиёсати созандагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтиттоҳ гардида, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нави Нозироти андоз ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.

    14

    20.08.2026
  •  img
    Боздид аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж дар Неругоҳи Роғун 20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид намуданд.   Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад.   Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.   Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидааст.   Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.   Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд мегарданд, муаррифӣ карда шуд.   Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд.   Таъкид гардид, ки бунёди чунин хобгоҳҳои наву замонавӣ, таъмини шароити арзанда ба кормандони ин иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ба роҳ монда шудааст.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати муҳандисону бунёдкорон даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии масъулияташон диққати баланд зоҳир намоянд.   Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.

    10

    20.08.2026
  •  img
    ҚАДАМҲОИ НАХУСТИН БА ОСТОНАИ МАКТАБ РАФТИ ДАВРАИ МУТОБИҚШАВИИ КӮДАКОНИ БА СИНФИ ЯКУМ ҚАБУЛШАВАНДА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ   Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2026, №824 «Дар бораи татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда ба муҳити муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2026-2027» ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2026, №9/2 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.   Тибқи фармоиши мазкур давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда аз 17 то 28 августи соли 2026 ба муҳлати 10 рӯзи таълимӣ муайян гардида, он дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ, ба роҳ монда шудааст.   Мақсади асосии давраи мазкур фароҳам овардани муҳити бехатар, солим, дӯстона ва ҳавасмандкунанда барои воридшавии тадриҷии кӯдакон ба ҳаёти мактабӣ, шиносоии онҳо бо омӯзгор, ҳамсинфон, тартибу қоидаҳои муассисаи таълимӣ ва ташаккули муносибати мусбат ба таҳсил мебошад.   Аз рӯзҳои аввали баргузории давраи мутобиқшавӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия кӯдакон бо муҳити мактаб, синфхонаҳо, китобхона, толори варзишӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти муассиса шинос карда шуданд. Ҳамзамон, омӯзгорон ба кӯдакон тартиби воридшавӣ ба муассиса, қоидаҳои рафтор дар синфхона, муносибат бо омӯзгорону ҳамсинфон, риояи тозагӣ ва талаботи бехатариро бо усулҳои содаю фаҳмо шарҳ дода истодаанд.   Бо дарназардошти хусусиятҳои синнусолӣ, равонӣ ва физиологии кӯдакон машғулиятҳо дар шакли суҳбат, шиносоӣ, бозиҳои таълимӣ, корҳои эҷодӣ, расмкашӣ, машқҳои сабуки ҷисмонӣ, сайри дохили муассиса ва дигар фаъолиятҳои шавқовар ташкил карда мешаванд. Чунин тарзи кор имкон медиҳад, ки кӯдакон бе эҳсоси тарсу изтироб ба муҳити нав ворид гардида, бо омӯзгор ва ҳамсолони худ муносибати дӯстона барқарор намоянд.   Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вазифадор гардидаанд, ки барои баргузории босифати давраи мутобиқшавӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда, фаъолияти омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини бехатарии кӯдакон ва ҳамкории мунтазам бо падару модаронро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.   Шуъбаи маориф рафти татбиқи Барномаи давраи мутобиқшавиро мавриди назорат қарор дода, ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкили дурусти машғулиятҳо ва муносибати инфиродӣ бо кӯдакон дастуру тавсияҳои методӣ пешниҳод менамояд.   Дар маҷмуъ, то санаи 20 августи соли 2026 давраи мутобиқшавии кӯдакони ба синфи якум қабулшаванда дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муташаккилона ва тибқи талаботи барномаи тасдиқгардида идома дорад. Шуъбаи маориф ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои кӯдакон ва ҷамъбасти босифати давраи мутобиқшавӣ то 28 августи соли 2026 тадбирҳои заруриро минбаъд низ амалӣ менамояд.

    2

    20.08.2026