18.03.2026
Имрӯз, 18 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов гузориш пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинигардида, таъмини иштироки фаъолонаи муассисаҳои таълимӣ дар омодагиҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ватандӯстии хонандагон аз самтҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, ба масъулон ҷиҳати тақвияти корҳои тарбиявӣ ва ташкилии марбут ба ҷашни таърихӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сипас, натиҷаи фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳ. Саидзода гузориш дод.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки таъмини шаффофият ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар раванди барқарор ва интиқоли донишҷӯён, инчунин баланд бардоштани масъулияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин самт аҳамияти муҳим дорад.
Дар идома, масъалаи вазъи таълиму тарбияи томактабӣ ва рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт баррасӣ гардид. Аз рӯи ин масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Ш. Мирзозода маъруза намуданд.
Риояи либоси мактабӣ, назорати ҷиддӣ аз рафти иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо, ҷалби бештари хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар чорабиниҳои зеҳниву эҷодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд. Иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо ҳамчун шарти асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ва ташаккули донишу малакаҳои муосири онҳо арзёбӣ карда шуд. Дар баробари ин, ҷалби фаъолонаи хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун воситаи муҳимми дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврасон, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо муҳим дониста шуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон бояд барои омодасозии хонандагони лаёқатманд, ташкили машғулиятҳои иловагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ҷалб намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, риояи ҳатмии сарулибоси мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корбарӣ вобаста ба ҷалби бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, назорати қатъии иштироки хонандагон дар дарсҳо ва дигар масъалаҳои ҷорӣ супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон