11.06.2026

 img

Имрӯз, 11 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.

 

Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» барои дарёфт ва дастгирии хонандагони фаъолу болаёқат, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва тақвияти қобилиятҳои эҷодии хонандагон аҳамияти муҳим дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки чунин озмунҳо дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи насли соҳибмаърифат нақши муассир мегузоранд.

 

Тибқи талаботи Низомномаи озмун, ба даври ҷумҳуриявӣ аз панҷ минтақаи ҷумҳурӣ ғолибони даври сеюм роҳхат гирифта, барои дарёфти унвони «Хонандаи сол» байни ҳам рақобат менамоянд.

 

Озмун давоми ду рӯз идома ёфта, иштирокдорон аз рӯйи шартҳои пешбинишуда, аз ҷумла иҷрои корҳои хаттӣ, супоридани тестҳо ва муаррифии ҳисоботи эҷодӣ, донишу маҳорат ва ҷаҳонбинии худро ба намоиш мегузоранд.

  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУҒД: ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ХОНАНДАИ СОЛ" Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи сол» баргузор гардид.    Озмун бо мақсади дарёфт ва интихоб намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускору навовар, инчунин муайян ва дастгирӣ намудани хонандагоне, ки аз дастовардҳо ва навгониҳои илму техникаи муосир огоҳии васеъ доранд, роҳандозӣ шудааст.   Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилияти фикрронӣ, тақвияти малакаҳои зеҳнӣ, ҳозирҷавобӣ ва ташаккули тафаккури эҷодии хонандагон буда, барои таҳкими ҳавасмандии хонандагони синфҳои 8, 9, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Ҳамзамон, озмун ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки дар омода намудани хонандагони болаёқат саҳми назаррас мегузоранд, мусоидат намуда, нақши онҳоро дар рушди истеъдодҳои наврасон тақвият мебахшад.

    14

    11.06.2026
  •  img
    ОМӮЗГОРИ ФАННИ МАТЕМАТИКАИ ГИМНАЗИЯИ №2 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР – ҒОЛИБИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛ-2026” ГАРДИД Рӯзҳои 6-9 июни соли 2026 ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” ва иҷрои фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино, Мирзоев Абдуазиз-омӯзгори фанни информатикаи МТМУ №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ фаъолона иштирок намуданд.   Тибқи тартиб 6-9 июни соли 2026 довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳузури ҳакамон фаъолона рақобат намуданд.   Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудан ва таъмини шаффофияти баргузории озмун бо иштироки ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” ҷиҳати муайян намудани донишҳои амалию назариявии тибқи талаботи Низомнома ва пешниҳоди саволҳои якхела дар вақтҳои муайяншуда ба довталабон пешниҳод гардид.   Баъди посухҳои довталабон ва баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2026” ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон муайян гардид, ки Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи якум, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм, Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи 3 гардиданд.   Боиси зикр аст, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2026” пешниҳод мегардад.

    26

    10.06.2026
  •  img
    ХУШНУД ДУШАНБИЕВ – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 7 июн дар ҷашнвораи китоб дар «Майдони Сурх»-и шаҳри Москва даври ниҳоии XV Озмуни байналмилалии хонандагон «Классикаи зинда» («Живая классика») баргузор гардид. Имсол дар ин озмун аз ҳамаи 89 минтақаи Федератсияи Россия ва намояндагон аз 65 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Дар даври ниҳоии озмун 12 хонандаи беҳтарин – 6 нафар аз Россия ва 6 нафар аз кишварҳои дигар (Тоҷикистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ӯзбекистон) буданд. Дар иҷрои довталабон матнҳо аз асарҳои нависандагон Юрий Яковлев, Борис Василев, Андрей Жвалевский, Михаил Зошенко ва Мария Ботева садо доданд.   Хушнуд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, порчаеро аз асари Михаил Зошенко «Таърихи беморӣ» («История болезни») бо маҳорати баланд қироат кард ва баҳои баланди ҳайати ҳакамонро соҳиб гардид. Роҳбари ӯ омӯзгори забон ва адабиёти рус Галина Юревна Бауэр қайд мекунад, ки ин муваффақият натиҷаи меҳнати зиёд, мақсаднокӣ, матонат ва муҳаббати самимӣ мебошад. Хушнуд сатҳи баланди масъулиятшиносӣ ва талош барои такмили маҳорати худро нишон дод.   «Классикаи зинда» бузургтарин озмуни адабии русзабон дар Федератсяи Россия ва берун аз он ба шумор меравад, ки ҳадафаш баланд бардоштани шавқу рағбати кӯдакон ва наврасон ба мутолиа мебошад. Ҳар сол дар он зиёда аз 1 миллион хонандаи мактаб иштирок мекунанд. Ҳамаи марҳалаҳои 15-умин озмуни «Классикаи зинда» аз давраҳои интихобӣ оғоз гардида, аз сатҳи мактабӣ ва шаҳрӣ гузашта, бо баромади дурахшони иштирокчиёни даври ниҳоӣ анҷом ёфт. Дар байни онҳо беҳтарин қироаткунандагон аз Россия ва кишварҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Хушнуд Душанбиев, ки аз миёни зиёда аз 400 иштирокчӣ аз кишварҳои гуногун пеш гузашт, беҳтарин аз беҳтаринҳо эътироф гардид.   Бояд гуфт, ки озмуни мазкурро ҳунармандони театру кино ва нависандагон баҳогузорӣ намуданд ва дар он доираи васеи тамошобинон ҳузур доштанд. Интихоби матн ва пораҳо аз асарҳои адибон мустақилона аз ҷониби довталабон сурат гирифта, ҳар яке бо маҳорати баланд иҷро менамуданд.   Шоистаи таъкид аст, ки фонди «Классикаи зинда» 15 сол боз фаъолият дорад. Дар ин муддат дар он зиёда аз 10 миллион хонанда аз минтақаҳои Федератсияи Россия ва 86 кишвари хориҷӣ иштирок кардаанд.   Н. ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»

    26

    10.06.2026