10.06.2026
Рӯзҳои 6-9 июни соли 2026 ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” ва иҷрои фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино, Мирзоев Абдуазиз-омӯзгори фанни информатикаи МТМУ №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи тартиб 6-9 июни соли 2026 довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҳузури ҳакамон фаъолона рақобат намуданд.
Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудан ва таъмини шаффофияти баргузории озмун бо иштироки ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” ҷиҳати муайян намудани донишҳои амалию назариявии тибқи талаботи Низомнома ва пешниҳоди саволҳои якхела дар вақтҳои муайяншуда ба довталабон пешниҳод гардид.
Баъди посухҳои довталабон ва баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2026” ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон муайян гардид, ки Шарифзода Шариф-омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи якум, Қурбонзода Наврӯз-омӯзгори фанни физикаи Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм, Исмоилова Сайёҳат-омӯзгори фанни забон ва адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи 3 гардиданд.
Боиси зикр аст, ки ғолиби даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2026” дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2026” пешниҳод мегардад.