10.06.2026
10 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, омӯзиши забони чинӣ, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин таҳти роҳнамоӣ ва дастгирии доимии сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сол ба сол таҳким ёфта, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.
Зимни суханронӣ зикр гардид, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи санадҳои муҳимми дуҷониба, аз ҷумла Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва Созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи дипломҳо роҳандозӣ мешаванд.
Таъкид карда шуд, ки айни замон 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай буда, дар 9 муассисаи таҳсилоти олӣ ҳазорҳо донишҷӯ омӯзиши забони чиниро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин, 16 муассисаи таҳсилоти олии кишвар бо 23 муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.
Ҷонибҳо фаъолияти донишкадаҳои Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Маркази Лубан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши забони чинӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ҳамчун намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои таъсиси марказҳои муштараки таҳқиқотӣ оид ба зеҳни сунъӣ, технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи сабз ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ташкили марказҳои таълимӣ бо таҷҳизоти рақамӣ ва лабораторияҳои муосир густариш дода шаванд.
Ҳамзамон, масъалаҳои татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, омодасозии омӯзгорони маҳаллӣ ва таҳияи захираҳои таълимии рақамӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ин замина, ҷониби Тоҷикистон аз ташаббуси таҳияи Созишномаи байниидоравӣ оид ба омӯзиши забони чинӣ ҷонибдорӣ намуда, онро ҳамчун заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи омӯзиши забони чинӣ дар кишвар арзёбӣ кард. Ҳамчунин, масъалаи густариши низоми байналмилалии арзёбии дониши забони чинӣ (HSK) ва таъсиси марказҳои имтиҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф ва илм изҳор намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон