03.10.2025

 img

3 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон омили асосии рушду камолоти миллат аст» конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, кормандон ва меҳмонон иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки боиси хушнудист, ки шуруъ аз соли 2009 Рӯзи забони давлатӣ ҳамчун ҷашни сурурбахш ва шодиафзо дар рӯйхати ҷашнҳои кишвари маҳбубамон сабт гардида, ҳамасола санаи 5 октябр дар тамоми манотиқи Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Барои ҳар як фарди ҷомеа донистани забони модарӣ ин арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи хеш аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ вобаста ба бузургдошти забони тоҷикӣ таъкид намудаанд: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад».

 

Дар идома доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода О. Қосимов дар мавзуи «Пешвои миллат ва густариши забони миллӣ дар даврони истиқлол» ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С. Ҳалимова дар мавзуи «Забони тоҷикӣ дар таърих ва замони истиқлол» маъруза намуданд.

 

Қайд гардид, ки сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба он равона шуда истодааст, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони илм қарор дода шавад. Муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ хамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз ҳама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои хонандагону донишҷӯён дар асоси забони ноби содаю равони тоҷикӣ ва забони илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад. Дар баробари ин, боло бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ мебошад. Аз ин рӯ, ба таълими он бояд бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забонӣ шароит фароҳам оварда шавад.

 

Конференсия бо ибрози андешаҳои созанда ва пешниҳоди таклифу мулоҳизаҳои илмӣ оид ба рушди минбаъдаи забони давлатӣ ҷамъбаст гардид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, сатҳи донишандӯзии хонандагон, омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияи Данғара дидан намуд.   Зимни боздид вазири маориф ва илм аз синфхонаҳо, раванди дарсгузаронӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ ва шароити таълиму тарбия дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати судманд анҷом дод.   Дар ҷараёни шиносоӣ вазир аз рафти дарсҳои хонандагони синфҳои 9 ва 11 ошно гардида, ба сатҳи омодагии онҳо ба имтиҳонҳои давлатии хатм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Вазир бо хонандагон суҳбати озод доир намуда, онҳоро ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба имтиҳонҳои давлатӣ, истифодаи самараноки вақт, такмили дониш ва баланд бардоштани малакаҳои амалӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.   Қайд гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар кишвар барои фароҳам овардани шароити муосири таҳсил, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмин бо таҷҳизоти таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хонандагон имкониятҳои васеъ муҳайё гардидаанд. Вазир таъкид намуд, ки хонандагон бояд аз чунин шароити мусоид самаранок истифода намуда, бо азми қавӣ ва масъулияти баланд ба донишандӯзӣ машғул шаванд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди давлат саҳми арзанда гузоранд.   Ҳамзамон, зимни мулоқот масъалаи иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба онҳо ҷиҳати боз ҳам фаъол гардидани иштирок дар чунин чорабиниҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд.   Таъкид гардид, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳа, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд.   Вазир зимни суҳбат бо хонандагон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, мутолиаи мунтазами китоб, иштирок дар озмунҳо ва худтакмилдиҳии пайваста метавонад заминаи муваффақияти онҳо дар оянда гардад. Ҳамчунин, ба хонандагон тавсия дода шуд, ки барои интихоби дурусти касб ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.   Дар идомаи боздид вазири маориф ва илм ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассисаҳо дастур дод, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, таҳкими назорат аз болои иштироки хонандагон дар дарсҳо, омодасозии хонандагон ба имтиҳонҳои давлатӣ ва озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва татбиқи усулҳои муосири таълим диққати аввалиндараҷа диҳанд.   Таъкид гардид, ки роҳбарону омӯзгорон бояд бо масъулияти баланд ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои таълимӣ, ташкили муҳити солими таълимӣ ва баланд бардоштани завқи донишомӯзиву китобхонӣ дар байни хонандагон тадбирҳои муассир андешанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    30

    30.05.2026
  •  img
    СУҒД: СЕМИНАР-МАШВАРАТ БО ОМУЗГОРОНИ ҶАВОНУ ФАЪОЛИ ВИЛОЯТ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд машварат бо омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.   Дар чорабинӣ омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосири омӯзиш, тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳамкории байни омӯзгорони ҷавон мубодилаи афкор намуданд.   Дар оғози чорабинӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии кишвар, филми мустанад оид ба маросими ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад намоиш дода шуд.   Сипас, сардори Раёсати маорифи вилоят зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маориф меҳвари асосии рушди давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобаста аст».   Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин машварат, пеш аз ҳама, муттаҳидсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти ҳамкории касбии онҳо, шиносоӣ бо таҷрибаи якдигар, мубодилаи афкору таҷрибаи пешқадам, инчунин дарёфти роҳҳои нави баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди маҳорати касбии омӯзгорон мебошад.   Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо миёни омӯзгорони ҷавон, дастгирии ташаббусҳои эҷодиву касбӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди малакаҳои омӯзгорӣ, дар ҷараёни машварат таъсиси гурӯҳи «Маорифчиёни ҷавон» дар назди Раёсати маорифи вилояти Суғд пешниҳод гардид.   Зикр карда шуд, ки ин гурӯҳ метавонад ҳамчун платформаи доимии ҳамкорӣ, омӯзиш ва дастгирии омӯзгорони ҷавон фаъолият намуда, ба рушди касбии онҳо ва таҳкими равандҳои инноватсионии соҳаи маориф мусоидат намояд.

    26

    30.05.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МУОСИРИ ТЕСТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маркази муосири тестӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Дар маросими ифтитоҳи он директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ТИК-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.   Қайд карда шуд, ки маркази муосири тестӣ дорои 80 адад компютери муосир ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ буда, бо интернети баландсуръат таъмин мебошад. Ин марказ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, баргузории санҷишҳо, тестгузаронӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ва рушди малакаҳои рақамии хонандагон пешбинӣ шудааст. Таъсиси чунин марказ ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон, рушди тафаккури техникӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ масъулин иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.   Инчунин, таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳои муосир барои омодагии бештари хонандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

    28

    30.05.2026