17.04.2026

 img

Имрӯз, 17 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода вобаста ба дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни муҳимми таърихӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

 

Дар машварати корӣ муовинони вазир, роҳбарони раёсатҳои дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.

 

Зимни машварат вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ ба ҳисоб рафта, таҷлили сазовори он аз ҳар як корманди соҳа масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва фаъолияти созандаро тақозо менамояд. Қайд гардид, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки ин ҷашни муқаддаси миллӣ бо дастовардҳои назаррас, ободонии муҳити таълим ва болоравии сифати таҳсил истиқбол гирифта шавад.

 

Дар ин замина, зикр гардид, ки аҳли маорифро зарур аст бо омодагии ҷиддӣ, ташаббусҳои созанда ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як корманди соҳа бояд ҳиссаи худро дар рушди низоми маориф, тарбияи насли соҳибмаърифат ва таҳкими арзишҳои миллӣ гузошта, дар тамоми зинаҳои таҳсилот, аз муассисаҳои томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, сатҳу сифати таълимро боз ҳам баланд бардорад.

 

Ҳамзамон, дар машварат масъалаҳои вобаста ба ташкили чорабиниҳои маърифативу фарҳангӣ, ободониву созандагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Дар анҷоми машварат таъкид гардид, ки роҳбарону масъулони соҳа бояд иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешанд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ img
  • БАРГУЗОРИИ МАШВАРАТИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИМЗОИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ИНСТИТУТИ ҒИЗОИ СОҲАВӢ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» - Ташкилоти заминавии давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои ғизои хонандагон баргузор гардид.   Дар маросими имзои созишнома муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир Бадриддин Музаффарзода, намояндагони вазорат, президенти Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Институти ғизои соҳавӣ» Владимир Чернигов ва кормандони ин ниҳод иштирок намуданд.   Зимни суханронии худ муовини якуми вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи ҷониби Россия ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳими иҷтимоӣ, ташкили ғизои хонандагон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки имзои созишномаи ҳамкорӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими шарикӣ, густариши ҳамкориҳои касбӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам ба ҳисоб меравад.   Қайд гардид, ки масъалаи ғизои солим ва мутавозини кӯдакон бевосита ба саломатии насли наврас, самаранокии раванди таълим, рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии хонандагон алоқаманд мебошад. Аз ин рӯ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, беҳтар намудани шароити таҳсил ва такмили низоми ғизои мактабӣ дар сатҳи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки ҳамкории муштарак ба такмили низоми ғизои хонандагон, ҷорӣ намудани стандарту технологияҳои муосир, табодули таҷриба ва донишҳои коршиносӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва амалӣ мусоидат хоҳад кард.   Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди низоми ғизои мактабӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар назорати сифати ғизо, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Бояд гуфт, ки созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти такмили низоми ғизои мактабӣ, таҳияи ташаббусҳои муштарак, баргузории семинару конфронсҳо, омодасозии мутахассисон ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди низоми ғизои мактабӣ иброз намуданд.

    2

    14.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.   Дар анҷом, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    15

    14.05.2026
  •  img
    ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ДАР САМТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ 14 майи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти ректори донишкада Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Веретенникова Лидия баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ Н. Ми­рзозода иброз намуд, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои такмили ихтисоси Федератс­ияи Россия ба тасвиб расонидааст, аз ҷум­ла бо Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой.   Дар ин замина зарурати фаъолияти муштарак барои солҳои 2026-2027 дар самт­ҳои зерин: таҳияи барномаҳои муштараки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳия ва татбиқи барномаҳ­ои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони Тоҷикис­тон, аз омӯзишҳо гуз­аронидани равоншинос­они муассисаҳои таъл­имӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯз­горон ва идоракунии сифати таҳсилот дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом, роҳбарони ду муассиса ба мув­офиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик тат­биқи лоиҳаҳои мазкур­ро оғоз намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон барномаҳои таълимии бозомӯзии омӯзгорони фанни математика ва педагогика ва психология бо назардошти талаботи донишкада таҳия гардидаанд, барои мутобиқсозӣ пешниҳод гардид.

    14

    14.05.2026