03.06.2026

 img

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Муаррифии ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маориф ва муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалии соҳа” баргузор гардид.

 

Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, шарикони рушд ва коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.

 

Чорабиниро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи бознигарии функсионалии низоми идоракунии соҳаи маориф барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа аҳаммияти калидӣ дорад.

 

Зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти муосири соҳаи маориф, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим ва татбиқи Стандарти нави давлатии таҳсилоти умумӣ, зарурати таҷдиди назар намудани функсияҳо, масъулиятҳо ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳа ба миён омадааст. Таъкид шуд, ки самаранокии ислоҳоти мазмуну мундариҷаи таҳсилот аз сатҳи ҳамоҳангӣ ва равшании низоми идоракунӣ вобастагии мустақим дорад.

 

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки бознигарии функсионалӣ ҳамчун абзори муҳими идоракунӣ имкон медиҳад такроршавии функсияҳо бартараф гардида, масъулиятҳо дақиқ муайян карда шаванд, робитаҳои байнисохторӣ тақвият ёбанд ва қабули қарорҳо ба воқеӣ ва натиҷаҳои ченшаванда асос ёбад.

 

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар маркази ин раванд масъалаи масъулияти институтсионалӣ қарор дошта, муайян намудани дақиқи ваколатҳо ва вазифаҳои ҳар як сохтор, таҳкими функсияҳои калидӣ ва такрорёбии равандҳо аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Сипас, мушовирони байналмилалӣ ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маорифро муаррифӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил, хулосаҳо ва тавсияҳои асосиро оид ба такмили сохтор ва рушди институтсионалии соҳа пешниҳод карданд.

 

Дар қисми муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор анҷом дода, ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, мазмуни таҳсилот, рушди касбии омӯзгорон, низоми арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

 

Дар фарҷом муовини якуми вазир натиҷаҳои мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бознигарии функсионалӣ танҳо тағйироти сохторӣ набуда, балки қадами муҳим дар самти ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ мебошад, ки ба масъулият, шаффофият, ҳамкорӣ ва натиҷанокӣ асос меёбад.

 

Қайд гардид, ки натиҷаҳои мизи мудаввар барои такмили минбаъдаи функсияҳо, таҳкими ҳамоҳангии институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА img
  • БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА img
  • БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ФАЗЛИ БУЗУРГМАРДИЮ ИНСОНМЕҲВАРӢ Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қадам мениҳад. Дар ин баробар ҳазорон хонавода ба туфайли ин ҷашни муқаддас муждаи шодиро интизорӣ доштанд. Ин нишот тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати ин ҷашни бузург бо авфи 18038 нафар маҳкумшуда қабул гардид, намои воқеӣ пайдо мекунад. Қонуни авф санадест, ки дар баробари шароити ҳуқуқӣ тезтар ба зиндагии одамон ворид мешавад. Ба дили ҳазорон нафар шуълаи умед меафрӯзад.   Дар бисёр хонаҳо чашм ба роҳи омаданҳо аст. Модаре солҳо боз дар интизори фарзанди худ аст. Кӯдаке орзу дорад падарашро дар оғӯш бигирад. Ҳамсаре умедвор аст, ки рӯзҳои ҷудоӣ ба поён мерасанд. Қонуни авф барои чунин оилаҳо муждаи шодӣ меорад. Он ашки интизориро ба ашки хурсандӣ табдил медиҳад.   Таърихи тоҷикон аз қадим бо меҳрубонии инсонҳо, раҳму шафқат ва гузашту бахшиш пайвандӣ дорад. Авф низ идомаи ҳамин арзишҳост. Он нишон медиҳад, ки дар меҳвари сиёсати давлат инсон арзиши олӣ дорад. Каромат ва ҷавонмардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто чун фазли пуртадбир ва умедбахшу ояндасоз мақоми арзишманд дорад. Ин иқдом баргирифта аз мактабест, ки давлатдории он бар асоси инсонмеҳварӣ бунёд гардидааст. Мактабе, ки дар он ба инсон имкони ислоҳ ва барои тағйир ёфтан ба ӯ шароит фароҳам оварда мешавад.   Имрӯзҳо, ки дар фазои меҳан ҷашни Ваҳдати миллӣ дар танин аст, маҳз бо талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат бо рисолати гузашту бахшиш аз гуноҳи ҳамдигарӣ қабои идона ба бар кард. Дар он замони тира Роҳбари давлат қайд карданд, ки дар зиндагӣ аз гуноҳи якдигар гузаштан ва ҳамдигарро бахшидан аз ҳама кори душвортар аст. Танҳо ҷавонмард метавонад гуноҳи дигаронро бубахшад. Ва дар идома зикр мекарданд, ки мо якдигарро мебахшем ва кишвари худро барқарор мекунем ва онро месозем. Яъне, ки авфи ҳамдигар ва гузашт кардан аз хатоҳои дигарон чун сифати ҷавонмардӣ дар сиришти Сарвари кишвар ҳувайдо буд.   Ҳазорон нафар аз файзи ин иқдоми ҳакимона ба пеши наздиконашон бармегарданд. Дар баробари изҳори пушаймонӣ шуълаи умеду боварӣ ба зиндагии нав дар замирашон фурӯзон мешавад. Боварманд ба ҷомеа мешаванд, ки онҳоро фаромӯш накарда, ба оғӯши худ мегирад. Бовар ба он менамоянд, ки аз аъмоли нописанд дарси ибрат гирифта, ба зиндагии нав дари уммедро боз кунанд.   Заноне, ки аз оғӯши фарзандон дур мондаанд, дубора гармии хонадонро эҳсос хоҳанд кард. Ноболиғоне, ки аз роҳи дуруст дур шудаанд, имкони бозгашт ба синфхона ва орзуҳои ҷавонии худро пайдо мекунанд. Сароғози ин паём ба тағйири сарнавишти як нафар дахл надошта, умедворӣ ба хонадонҳои зиёде меоварад.   Муҳимтар аз ҳама, пас аз озодӣ барои зиндагии нав фароҳамсозии шароити хуб низ таъкид гардид. Барои ҳамин мақомоти дахлдор вазифадор гардидаанд, ки ба шахсони озодшуда дар пайдо кардани ҷойи кор, таҳсил ва мутобиқ шудан ба ҷомеа кумак намоянд. Аз ин рӯ, дар баробари авф, дастгирии доираи маҳкумшудагон иқдоми саривақтӣ ва сутуданӣ аст.   Дар ҷаҳоне, ки садои низоъ, бемурувватӣ, хушунату бемеҳрӣ ҳамеша ба гӯш мерасад, ин иқдоми инсондӯстона арзиши баланд дорад. Агарчи давлат дар тавоноии қонун ва оштинопазир будани он ба ҳар ҷиноят мавқеъ гирад, фақат бузургмард бо фазли солорӣ ва роҳбурди инсонмеҳвар ба авфи маҳкумшудагон мепардозад.   Абубакр Бачамардзода, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    17.06.2026
  •  img
    МУЛОҚОТИ МАҶОЗӢ БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ БРУНЕЛИ ЛОНДОН 16 июни соли 2026 муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи Брунел (Лондон), аз ҷумла профессор Тревор Ҳой, доктор Филип Коллинз, профессор Ҷон Коссар, хонум Кирсти Смит ва ҷаноби Муҳаммад Алам мулоқоти маҷозӣ намуд.   Муовини якуми вазир дар оғози суханронӣ ба ҷониби Донишгоҳи Брунел барои ташкили ин мулоқот ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, иброз менамояд.   Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии низоми таҳсилот аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.   Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла, рушди таҳсилоти олӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ, технологияҳои пешрафта, энергетикаи сабз ва иқтисоди донишбунёд муайян гардидаанд, ки татбиқи онҳо бе ҳамкории фарогир бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.   Ҷониби Тоҷикистон Донишгоҳи Брунелро ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар Британияи Кабир, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар самтҳои муҳандисӣ, технология, илмҳои тандурустӣ, инноватсия ва таҳқиқоти амалӣ мебошад, баланд арзёбӣ намуд.   Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳимми марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳо, энергетика ва рушди устувор иброз намуданд.   Ҳамзамон, масъалаҳои таъсиси мубодилаи донишҷӯён, такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва академӣ, инчунин ҷалби муҳаққиқони тоҷик ба лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.   Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди худ ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва муҳаққиқони ҷавон эҳтиёҷи рӯзафзун дорад. Дар ин замина, истифодаи таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Брунел, метавонад дар баланд бардоштани иқтидори инсонии кишвар нақши калидӣ бозад.   Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи роҳандозии таҳқиқоти муштарак, дастрасӣ ба инфрасохтори муосири илмӣ ва озмоишгоҳҳо, инчунин татбиқи барномаҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки натиҷаҳои ин мулоқоти маҷозӣ заминаи устувор барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ хоҳад гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    30

    16.06.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: ИФТИТОҲИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР «ЗИМЧУРУД» Нимаи дуюми рӯзи 15 июни соли 2026 дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд»-и назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи басти якуми мавсими истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шахсони масъул иштирок намуданд.   Зимни суханронӣ  иброз гардид, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон тадбирҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Қайд гардид, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия ва рушди маънавии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.   Дар соли ҷорӣ фаъолияти истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар 4 баст ташкил карда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими тобистонаи соли 2026 1000 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар истироҳатгоҳ ва дар 9 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ба истироҳат ва солимгардонӣ ҷалб карда мешаванд.   Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон пешкаши ҳозирин гардида, сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳои миллӣ  фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.   Бояд зикр намуд, ки дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои истироҳат, солимгардонӣ, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

    33

    16.06.2026