30.07.2025

 img

Бо ташаббуси бевоситаи   Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи бадеӣ ва ҳозирҷавобии кўдакону наврасон дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави сарояндагию овозхонӣ ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, такмил ва баланд бардоштани дониш, қобилият ва маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодӣ арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолии милливу давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳозирҷавобон» бори аввал миёни истироҳаткунандагони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии ҷумҳурӣ роҳандозӣ ва баргузор гардидааст..

 

Боиси қайд аст, ки озмун миёни истироҳаткунандагони истирозатгоҳҳои беруназшаҳрӣ бо иштироки  7 даста аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои чумҳурӣ баргузор гардид,ки иштирокчиён аз рўйи шартҳои саломнома, суруди ҳаҷвїӣ, тақлидкорӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, саволу ҷавоб, ки яке аз шартҳои муҳими озмун ба ҳисоб меравад  иштирокчиён бо зеҳни равшан, ҳозирҳавобӣ, донишҳои фарохи худ ва   бо самимияту эҷодкорїӣ ҳунари овозхонӣ  ҳунару  истеъдоди худро ба ҳайати ҳакамон нишон доданд.

 

Иштирокчиёни  озмуни имрўза яке аз беҳтарин фарзандони содиқи ин сарзамин ва  кўдакони хушбахти даврони истиқлол ба ҳисоб рафта, бовари дорем, ки ҳамчун кўдакону наврасони миллатдўст, ватанпараст   бо омўхтани донишу малка эътибору нуфузи ватани азизамонро дар дохил ва хорҷиї кишвар муаррифӣ менамоянд.

 

Бо итминон гуфта метавонем,ки озмуни мазкур низ  чеҳраҳои наврро муаррифи месозад ва дастаҳое, ки имрўз  дар озмуни мазкур сазовори ҷойҳои ифтихори мегарданд аз ҷониби    ташкилкунандагони озмун бо ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

 

Умед бар он мебандем, ки Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оянда низ бо ташкил ва баргузор намудани озмуну мусобиқаҳо дар  тарбияи намудани хонандагон дар руҳи ватандустїӣ хештаншиносїӣ  ва ба воя расонидани онҳо ҳамчун  насли ояндасози давлату миллат  саҳми арзандаи худро мегузорад.

 

Дар ҷамъбаст дастаи “Файзи Истиулол»-и Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Сомон-айр»-и вилояти Суғд ва «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансур ғолиби озмун гардида, аз ҷониби    ташкилкунандагони озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

  • Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Ҳозирҷавобон» байни истироҳаткунандагони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ img
  • Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Ҳозирҷавобон» байни истироҳаткунандагони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ img
  • Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Ҳозирҷавобон» байни истироҳаткунандагони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар семоҳаи якуми соли 2026 таҳлил намуда, дар назди масъулини сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳони муосир, маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба кишварҳои ҷаҳон  ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим, таъмин намудани суботи иқтисодӣ, ҳифзи бозори дохилӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруниро вазифаи аввалиндараҷа номиданд. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14 фоиз, кишоварзӣ 8, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 34, хизматрасонии пулакӣ 8,5 ва гардиши савдо 22 фоиз ба даст омадааст. Зикр карда шуд, ки ҳаҷми боркашонӣ 14 фоиз ва мусофиркашонӣ 11 фоиз афзоиш ёфт. Дар баробари ин, сатҳи таваррум 1,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта пасттар мебошад. Президенти кишвар истифодаи сарфакоронаи захираҳо, таъмини амнияти озуқаворию энергетикӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатнокро зарур шумурданд. Ба Ҳукумати кишвар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки устувории макроиқтисодиро нигоҳ дошта, барои пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешанд. Дастур дода шуд, ки роҳбарони сохторҳои марбута истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳоро таъмин намуда, рушди истеҳсолоти рақобатноки ватаниро вусъат диҳанд ва вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, мусбат арзёбӣ мегардад. Нақшаи даромад дар сатҳи 108,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет зиёда аз 16,7 миллиард сомонӣ ворид шуд, аз ҷумла аз ҳисоби мақомоти андоз 119,4 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,9 фоиз. “Аммо таҳлил нишон медиҳад, ки дар паси ин нишондиҳандаҳои умумӣ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда афзоиши бақияпулиҳои андоз мебошад”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо дарназардошти вазъи зикршуда, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои пурра ва босифати қисми даромади буҷети давлатиро таъмин намуда, барои коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирии афзоиши онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. Инчунин, мақомоти марбутаи кишвар аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки барои маъмурикунонии беҳтари андозу пардохтҳо, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, тавсеаи манбаъҳои андозбандӣ ва дарёфти сарчашмаҳои нави даромад тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд. Вазорати молия вазифадор карда шуд, ки иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти пурраи музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳоро таъмин намуда, маблағгузории соҳаҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки аз руи таҳлилҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ҳанӯз ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест. Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, қафомонӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин баъзе иншооти соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад, ки ин натиҷаи бевоситаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки пеш аз ҳама, татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин намоянд ва иҷрои нақшаҳои молиявиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин, камбудиҳои ҷойдоштаро фавран бартараф намуда, ба ҳолатҳои кашолкорӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд. Дастури дигар вобаста ба тақвият додани ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва истифодаи самараноки онҳо дода шуд. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ворид намудани технологияҳои муосир арзёбӣ гардид. Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин намояд. Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ва муаррифии имкониятҳои иқтисодии кишвар ба таври куллӣ тақвият бахшида, барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешанд.   Зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи ҷалби сармоя Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои сармоягузориро муайян намуда, супориш доданд, ки маблағҳо ба соҳаҳои коркард, технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда равона карда шаванд.   Барои баланд бардоштани мавқеи низоми бонкии кишвар, ба талабот ҷавобгӯ сохтани сохтори қарздиҳӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди ҳунармандӣ ва беҳсозии вазъи пардохтҳои ғайринақдӣ супориш дода шуд, ки Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро таъмин намуда, барои нигоҳ доштани устувории пули миллӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барои паст намудани фоизи қарзҳо, беҳтар кардани дастрасии соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ, дароз намудани муҳлати қарздиҳӣ ва афзоиши маблағгузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус, истеҳсолоти ватанӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои густариши пардохтҳои ғайринақдӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи воситаҳои электронии пардохт ва ҷорӣ кардани низоми ягонаи пардохт дар тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст чораҳои қатъӣ андешанд. Бо назардошти аҳамияти рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ба талаботи замон мутобиқ сохтани он ба сохторҳои масъул супориш дода шуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба рақамикунонии соҳаи буҷет ва молия таъсис дода шуда, аз натиҷаи фаъолияти он ҳар семоҳа ба Ҳукумати кишвар ҳисобот пешниҳод карда шавад. Вазорати рушди иқтисод ва савдо вазифадор гардид, ки платформаи ягонаи рақамии мониторинг ва арзёбии иҷрои ҳуҷҷатҳои стратегиро бо истифода аз зеҳни сунъӣ ҷорӣ намояд. Ҳамзамон, ба вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки хизматрасониҳои давлатиро ба портали ягона ворид намуда, аз низомҳои ҷудогона худдорӣ намоянд, барномаҳои омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳоро тақвият дода, сатҳи омодагии мутахассисонро ба талаботи иқтисоди рақамӣ мутобиқ гардонанд.   Таъкид карда шуд, ки ҳамаи сохторҳои давлатӣ уҳдадоранд, ки эътирофи пурраи ҳуҷҷатҳои электрониро таъмин намуда, расмиёти зиёдатӣ ва такрориро бартараф созанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рақамикунониро талаботи замон ва шарти муҳимми таъмини рушди устувори кишвар номиданд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулон супориш доданд, ки сабабҳои коҳишёбии саноати истихроҷро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои бартараф кардани онҳо пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд, коркарди пурраи маъданҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоиро дар дохили кишвар ба роҳ монда, иқтидорҳои бозистодаро ба кор дароранд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намудани амнияти озуқавориро барои кишвар масъалаи стратегӣ ва ҳаётан муҳим номиданд. Бо дарназардошти муҳимияти ин масъала сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гирифтанд, ки кишти баҳорӣ ва такрориро сари вақт анҷом дода, истифодаи самараноки замин ва гирифтани се - чор ҳосилро таъмин намоянд, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагиро васеъ ба роҳ монанд, барои пешгирии талафоти занбӯри асал, рушди чорводорӣ, зиёд намудани истеҳсоли гӯшт ва дигар маҳсулоти асосии озуқаворӣ, инчунин коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои мушаххас андешанд. Дастурҳо, ҳамчунин, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои об дода шуд.   Дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки барои таъмини соҳа бо нуриҳои минералии ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин талаботи замон, вазифаи давлатӣ ва масъулияти бевоситаи тамоми роҳбарону кишоварзон мебошад. Таъкид гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 гардиши савдои хориҷии кишвар ба 2 миллиарду 676 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, тавозуни савдо манфӣ боқӣ монда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 648 миллион доллар баробар гардидааст. Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии содирот ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда ва дорои арзиши иловашударо таъмин намоянд, вобастагии бозори дохилиро аз воридот коҳиш дода, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватаниро тақвият бахшанд ва диверсификатсияи содирот ва густариши бозорҳои хориҷиро таъмин намоянд. Дар идомаи сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маорифро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар ин бахш, аз ҷумла супориш доданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат тадбирҳои иловагӣ андешанд, якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ ва бахши хусусӣ зиёд намоянд, иҷрои босифати барномаи рушди фанҳои дақиқро таъмин намуда, корҳоро оид ба таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои муосир вусъат бахшанд. Ҳамчунин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки барои бартараф намудани норасоии кадрҳои тиббӣ, махсусан дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст тақсимоти самараноки хатмкунандагонро таъмин намояд, баҳри рушди соҳаи дорусозӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот тадбирҳои амалӣ андешад ва назорати қатъии сифати доруворӣ ва молҳои тиббиро пурзӯр намояд. Бахши дигари суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии истиқлоли давлатӣ буд. Таъкид гардид, ки то ба имрӯз 106,7 фоизи корҳои созандагӣ таъмин гардидааст ва ин нишондиҳанда аз саъю талоши созандаи мардуми кишвар ва фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди дастовардҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда нест.   Бо дарназардошти ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони мақомоти марказӣ қатъиян супориш дода шуд, ки барои бартараф намудани қафомонӣ ва иҷрои пурраи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, ба сифати корҳои сохтмон диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, ҷалби сармояи хусусӣ ва иштироки фаъолонаи аҳолиро дар корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият бахшанд. Дар баррасии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026, ҳамчунин, оид ба иҷрои нақшаҳои даромади буҷет, пардохти маошу нафақа, ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии андоз, Хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул шунида шуд.   Дар идомаи маҷлис, Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии рушди хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯйи гурӯҳҳо, намудҳо ва истифодабарандагони замин ба ҳолати 1 январи соли 2026 баррасӣ гардида, аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар фароварди маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва самарабахши дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати кишвар ҷалб намуданд. Ҳамчунин оид ба вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва таҳияи барномаҳои сазовори фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо дода шуд.

    32

    29.04.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Раиси ҷаласа нахуст ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро таъкид кард. Дар ҷаласа масъалаи рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббароркуниҳои ғайринақдӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм А. Хоҷазода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда маълумот дод. Таъкид гардид, ки густариши ҳисоббароркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои соҳа яке аз омилҳои муҳимми таъмини шаффофият ва самаранокии фаъолияти молиявӣ ба ҳисоб меравад. Сипас, масъалаи китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба раванди таҳия, мутобиқати мазмун ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва аҳаммияти он дар баланд бардоштани савияи донишҳои рақамии хонандагон гузориш дод. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйирот ба «Тартиби гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода доир ба такмили механизми баргузории олимпиадаҳо, таъмини шаффофият ва фарогирии бештари хонандагон маълумот пешниҳод намуд. Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, таъмини иҷрои талаботи фармони мазкур, такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаҳои таълимӣ , инчунин рушди низоми дарёфт, тарбия ва дастгирии хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    53

    29.04.2026
  •  img
    ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ 28 апрели соли 2026 дар дафтари Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари иттилоотӣ барои шарикони рушди лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад, баргузор шуд. Семинар таҳти унвони «Пешбурди ҳалли устувори энергетикӣ ва таҳкими меъёрҳои сохтмонӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва энергетика иштирок намуданд. Дар қисми ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, намояндагони Бонки Осиёии Рушд ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, иштирок намуда, суханронӣ карданд. Семинарро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз ҳалли устувори энергетикӣ ва татбиқи стандартҳои муосири сохтмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар доираи лоиҳа сохтмони биноҳои иловагӣ барои омӯзиши фанҳои дақиқ (блокҳои STEM) бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин меъёрҳо талаботи ҳатмиро дар самтҳои бехатарии сохторӣ, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва самаранокии энергетикӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар доираи такмили меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба ҷанбаҳои калидии татбиқи стандартҳои сохтмонии устувор ба зилзила, обхезӣ ва дигар хатарҳои табиӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, истифодаи инфрасохтори «сабз» ва технологияҳои каммасрафи энергия, аз ҷумла, насби панелҳои офтобӣ ва системаҳои муосири гармидиҳӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаводиҳӣ (HVAC) барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар тамоми фаслҳои сол, таъмини бехатарии сӯхтор, мавҷудияти баромадгоҳҳои изтирорӣ ва фароҳамсозии дастрасии пурра барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, истифодаи маводҳои сохтмонии экологӣ ва камкарбон, ки ба коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошт, аз ҷумла, ташкили иншооти алоҳида барои духтарон ва писарон, инчунин таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки тарҳрезии биноҳо бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида, омилҳои муосири муҳандисӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани қобилияти тобоварӣ ба сарбориҳои иловагӣ, ба назар гирифта мешаванд. Дар баромадҳои намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ аҳаммияти муҳити таълимии бехатар, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ҳамчун омили калидии таъмини таҳсилоти босифат таъкид гардид. Дар қисми муҳокимаи муштарак иштирокдорон табодули таҷриба намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати лоиҳакашӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд. Қобили зикр аст, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 ба имзо расидааст. Лоиҳа дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии интихобшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун марказҳои такягоҳӣ барои рушди инфрасохтор ва такмили ихтисоси омӯзгорон интихоб гардидаанд.

    68

    28.04.2026